ИСТИРОҲАТГОҲ ДАР ЯНГИҲАЁТ

Солҳои охир ба рушди пойгоҳи моддиву техникии марказҳои маданият ва истироҳати шаҳри Тошканд, таъмир ва ҷиҳозонидани онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.

Ин марказҳо ба истироҳати пурмазмуни аҳолӣ, барои ба сатҳи баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, зиёд гардондани дониш, истеъдод ва тафаккури онҳо хидмат мекунанд.
Маълум аст, ҳоло хонандагони мактаб дар таътили тобистона ҳастанд. Барои пурмазмун ва шавқовар гузаронидани таътил дар ноҳияи Янгиҳаёт боғи маданият ва истироҳати «Creen park» амал мекунад, ки дар он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Қимати лоиҳаи аз нав бунёд намудани он беш аз 2 миллиард сӯм буда, масоҳати боғ 14 гектарро ташкил мекунад.
Дар боғ аттраксионҳои аҷоиб, кӯлҳои сунъӣ, кортҳои теннис, амфитеатр ва фаввораҳои мусиқӣ, растаҳои ҳунармандиву заргарӣ, нуқтаҳои ширинивору яхмосфурӯшӣ ва китобхонаҳо барои истироҳаткунандагони наврас хидмат мерасонанд. Барои бозии волейбол, баскетбол, футболи хурд, шоҳмот ва шашка майдончаҳои бозӣ мавҷуданд. Боғҳои сарсабз, гулҳои рангоранг табъи истироҳаткунандагонро хуш мегардонанд. Ин бобати хуб ба воя расидани ҷавонон, ҷисмонан ва маънан солиму комил ба воя расидани онҳо аҳамияти махсус дорад.
Ногуфта намонад, ки меҳмонони истироҳатгоҳ аз хидмати қаҳвахона, ошхона, дуконҳои савдо ва салони аккосӣ низ баҳраманд шуда метавонанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: