БА СӮЙИ РЕШАҲОИ МУШТАРАК ВА РУШДИ УМУМӢ

Ислоҳоте, ки солҳои охир бо пайдарпайии мантиқӣ татбиқ мешаванд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишвари мо барои ҷаҳон ва ҷаҳон барои мо торафт бештар боз мешавад.

Ҳамкориҳои мо на танҳо бо ҳамсоягони наздикамон, балки бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон инкишоф ёфта, Ӯзбекистон ҳамчун шарики боэътимод ба майдон мебарояд.
Мулоқоти сарони давлатҳои Созмони кишварҳои туркӣ дар мавзӯи «Давраи нави тамаддуни турк: ба сӯйи пешрафти умумӣ ва шукуфоӣ», ки чанд рӯз қабл дар Самарқанд баргузор гардид, далели равшани ин гуфтаҳҳо аст.
Маълум аст, ки дар нишасти Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркӣ, ки 12 ноябри соли 2021 дар шаҳри  Истанбул баргузор гардид, номи Шӯрои туркӣ ба Созмони кишварҳои туркӣ тағйир дода шуда буд.  Нишасти нахустини Созмони кишварҳои туркӣ дар Самарқанд дар таърихи ҳамкории давлатҳои туркӣ саҳифаи нав боз намуд. 
Ин нишаст, ки таваҷҷуҳи тамоми аҳли ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб кард, аз як ҷиҳат далели рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо бошад, аз тарафи дигар, ба яке аз марказҳои муҳими муколамаи ҷаҳониён табдил ёфтани кишвари мо ва сеюм, самарабахш ба амал баровардани сиёсати сулҳдӯстона ва ҳамкории тарафайн мебошад.
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки таҳкими пояҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ  мувофиқи мақсад мебошад. Ҳамагӣ 4 фоизи ҳаҷми умумии савдои хориҷии моро ташкил додани савдои мутақобилаи кишварҳои мо, ба ҳиссаи кишварҳои сеюм рост омадани қисми боқимондаи он, барои ба куллӣ тағйир додани вазъ дар ин самти стратегӣ, таъмини ҳаракати озоди тиҷорат, сармоягузорӣ ва хидматрасонӣ аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби созмон таъсиси «Минтақаи имкониятҳои нави иқтисодӣ» ба миён гузошта шуд.
Барои расидан ба ин мақсад Сарвари давлатамон пешниҳод намуд, ки ҳар сол Форуми байналмилалии иқтисодии туркӣ гузаронда шавад. Баргузории чорабиниҳои муштарак, вохӯриву «мизҳои мудаввар»-и соҳибкорон, муаррифии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва намоишгоҳҳо дар шакли «давлат ва соҳибкорӣ» дар доираи ҳамоиш натиҷаҳои бузурги амалӣ хоҳад дод. Қабули “харитаҳои роҳ”-и ҳамасола, ки ба татбиқи муштараки барномаву лоиҳаҳои муштарак дар асоси натиҷаҳои ин чорабиниҳо нигаронида шудааст, аҳамияти муҳим хоҳад дошт.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки корҳои хайре, ки бо мақсади ҳамаҷониба ҳавасманд гардондани насли наврас, ба рӯи об баровардани истеъдод ва қобилиятҳои онҳо оғоз гардидаанд, пайваста идома хоҳанд ёфт.
Пешниҳод карда шуд, ки соли оянда дар кишварамон Конгресси байналмилалии илм ва навовариҳои ҷавонони ҷаҳони турк баргузор шавад. Дар доираи он мулоқоти ҳамаҷонибаи вазирони инноватсия ва маориф, ректорони донишгоҳҳо ва пешвоёни ҷавон, писарону духтарони боистеъдод ва пирони Созмон дар назар аст. Ин, дар навбати худ, барои муттаҳид сохтани ҷавононе, ки нерӯи пешбарандаи ҳама гуна ислоҳот маҳсуб мешаванд, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалӣ байни онҳо ва муҳимтар аз ҳама, рушди илм, ки имрӯз дар ҳар як соҳа ниёзмандии зиёд ба ҳисоб меравад, такони бузург медиҳад. 
Дар ин ҳамоиш раҳбарӣ ба  созмон аз Туркия ба Ӯзбекистон гузашт. Ин бошад, барои тарғиби ғояҳои хуб имконият дода, масъулияти калон ба миён мегузорад. Дар ин ҳамоиш сарвари давлатамон доир ба нақшаҳои кишварамон истода гузашта, таъкид намуд, ки дар давраи раёсати худ Ӯзбекистон консепсияи «Нигоҳи ҷаҳони турк – 2040» ва стратегияи панҷсолаи қабулшудаи Созмони кишварҳои туркиро самаранок амалӣ хоҳад кард, минбаъд нуфузи ин созмонро, ки минтақаи азимбуда беш аз 170 миллион нафар аҳолӣ дорад, мустаҳкам хоҳад намуд, аз ҳама муҳимаш,  ҳамкориҳои байни халқҳои бародар ва кишварҳои дорои таъриху забон ва фарҳанги муштаракро ба зинаи баландтар бароварданист.
Дар охир бояд гуфт, ки имрӯз бисёриҳо умедворанд, ки созмони давлатҳои туркӣ ба манфиати муштарак ва шукуфоии миллатҳои бародар хидмат мекунад. Дар рафти нишаст як қатор ҳуҷҷатҳо оид ба  баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ ва таҳкими шарикии бисёрҷониба дар як қатор самтҳои афзалиятнок қабул гардида, ба хотири густариши минбаъдаи муносибатҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод, технологияҳои рақамӣ, нақлиёт ва коммуникатсияҳо, мубодилаи маданию гуманитарӣ вохӯриву муколамаҳои мустақим ташкил карда шуданд, ки бешубҳа, натиҷа хоҳанд бахшид.
 
Абира ҲУСЕЙНОВА,
узви Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
доктори илми фалсафа, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: