МАСЪАЛАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ МАВРИДИ МУҲОКИМА ҚАРОР ГИРИФТАНД

13-15 марти соли равон толори меҳмонхонаи боҳашами «Ҳилтон»-и шаҳри Тошканд ҳаштумин Конгресс ва намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетика.

Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар»-ро мизбонӣ кард. Дар он аз 20 кишвари ҷаҳон, мисли Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Эрон, Арманистон, Русия, Гурҷистон, Туркия ва  мамолики дигар 200 нафар ширкат намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин конгресси байналмилалии бонуфуз дар кишвари мо бори дуюм баргузор мешавад. Ӯзбекистон моҳи феврали соли 2021 низ мизбонии онро бар дӯш дошт. Баъд он дар шаҳрҳои Душанбе ва Остона баргузор гардид.
Тавре ки дар доираи баҳсу баррасиҳои конгресс зикр шуд,  он як платформаи касбӣ буда, барои муколамаи доманфарох, мубодилаи таҷрибаҳо, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда ва муттаҳид намудани саъю кӯшишҳо барои татбиқи самарабахши як қатор лоиҳаҳои сохтмонӣ, инчунин бозсозии неругоҳҳои барқи обӣ ва муайян кардани мушкилоти ояндаи ин соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.
Инчунин бояд гуфт, ки конгресс бо мақсади омӯзиши корҳои густурда дар соҳаи гидроэнергетика, фаъол ҷорӣ намудани технологияҳои нави инноватсионӣ ва сармоягузорони хориҷӣ (муассисаҳои молиявӣ, бонкҳо) ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкории мутақобилан судманд бо институт ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ташкил карда шудааст.
Табдил додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар шароити норасоии энергия дар минтақаҳо,  таҷриба дар сохтмони неругоҳҳои барқи обии бузург ва миёна, кори амалӣ оид ба бозсозии неругоҳҳои барқи обии мавҷуда, бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ,  таҷрибаи хориҷӣ дар самти сарфаи энергия ва табдилдиҳии сабз,  навовариҳои пешқадам дар саноат,  лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ,  таҷрибаи рақамикунонӣ ва автоматикунонии неругоҳҳои барқи обӣ,  масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ ва амсоли он аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари баррасии он қарор гирифтанд.
Ин чорабинӣ ва намоишгоҳи бузург дар ҳамкорӣ бо намояндагони минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои калидии гидроэнергетикӣ баррасӣ ва табодули таҷриба бо иштироки коршиносони варзида низ сурат гирифт. Маърӯзаҳои асосии конгресс ба ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи гидроэнергетика, дурнамои имрӯза ва ояндаи кишвари мо бахшида шуданд.
Дар он муовини сардори раёсати рушди дарозмуддат ва татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳои хусусии  «Ӯзбекгидроэнерго» Нодирбек Ақчабоев дар мавзӯи «Стратегияи рушди гидроэнергетикаи Ӯзбекистон то соли 2030» маърӯза кард. Ба гуфтаи ӯ дар вилоятҳои Ҷиззах, Тошканд ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон чаҳор неругоҳи гидроаккумуляторӣ сохта мешаванд, ки дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи беназир муаррифӣ хоҳанд шуд. Иқтидори умумии ҳамаи он 1 ҳазору 600 МВт ва тавлид 2,8 ГВт/соатро ташкил хоҳад кард.  
– Ғайр аз ин дар Ӯзбекистон 18 неругоҳи нави барқи обӣ бо иқтидори 1 ҳазору 630 МВт сохта мешаванд. Ҳамчунин ба сохтмони 28 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 28 МВт шурӯъ карда хоҳад шуд. Дар 15 неругоҳи барқи обии мавҷудаи мо корҳои бозсозӣ пиёда мегарданд, – изҳор намуд Нодирбек Ақчабоев, – амалисозии ин тарҳҳо дар чаҳорчӯби Стратегияи рушди Ӯзбекистон сурат мегирад ва имкон медиҳад, ки то соли 2030 иқтидори умумии неругоҳҳои барқи обии кишварамон тақрибан 6 ҳазор МВт-ро ташкил намояд. Ин назар ба нишондиҳандаи ҳозира 3,7 баробар зиёд мебошад. Ғайр аз ин, дар вилояти Андиҷон бо шарикони чинӣ боз як неругоҳи барқи обӣ бунёд карда мешавад, ки ба манбаъи иловагии барқ табдил хоҳад ёфт. Дар маҷмӯъ неругоҳҳои барқи обии мамлакатамон тайи соли равон 7,4 миллиард кВт неруи барқ истеҳсол хоҳанд кард.
Дар ҷараёни конгресси ҳаштуми байналмилалии «Гидроэнергетика. Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар» яке аз ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ширкати Abu Dhabi Future Energy Company – Masdar (Аморати Муттаҳидаи Араб) бо ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» шартнома имзо кард. Ин созишнома аввалин вуруди Масдар ба бозори гидроэнергетикаи Ӯзбекистон муаррифӣ  гардид. Дар чаҳорчӯби ин созишнома имкони бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар саросари Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ба таври илова метавон зикр намуд, дар моҳи декабри соли 2023 лоиҳаҳои энергияи офтобӣ ва шамолӣ бо иқтидори умумии 1,4 ГВт аз ҷониби ширкати Масдар таҳия карда шуданд, ки таҳти татбиқ қарор гирифтаанд. Лоиҳа-ҳое, ки ба ин шабака пайвастанд, аз неругоҳи шамолии Зарафшон бо иқтидори 500 МВт ва се лоиҳаи офтобӣ иборатанд. Ин тавлидкунандагони неруи барқ дар вилоятҳои Ҷиззаху Самарқанд ва ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё ҷойгиранд, ки бузургтарин барномаи рушди энергияи офтобиро дар минтақа муаррифӣ мекунанд. 
Масдар инчунин оид ба таҳияи лоиҳаи иловагии неруи шамолии 2 ГВтӣ ва ҷойгир кардани 1 ҳазору 150 мегаватт соат (МВт) системаҳои нигоҳдории аккумуляторӣ дар кишвари мо аз тариқи панҷ лоиҳаи мавҷуда созишнома ба имзо расонд.
Ба гуфтаи муовини якуми Раиси Раёсати ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» Фозил Маҳмудов мо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорем ва ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, неругоҳҳои барқи аккумуляторӣ, модернизатсияи неругоҳҳои мавҷудаи барқи обӣ фаъолона шурӯъ карда истодаем. Ин воқеа дар рушди гидроэнергетикаи ҷумҳурии мо саҳифаи нав мекушояд.
Ба шарофати натиҷаҳои бадастомада ва пешравиҳо Ӯзбекистон мунтазам иқтидори гидроэнергетикиашро фаъолона рушд дода, саъй менамояд, ки эҳтиёҷоти афзояндаи энергетикиро бо роҳҳои бунёди неругоҳҳои барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза беш аз пеш таъмин кунад. Дар заминаи он иҷрои стратегияи дарозмуддати рушд то соли 2030 ба таври қобили мулоҳиза таъмин мегардад ва ҳиссаи гидроэнергетика дар тавозуни умумии энергетикии кишвар зиёд шуда меравад.
Дар воқеъ, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ ҳамкориҳояшонро дар самти гидроэнергетика беш аз пеш тавсеа мебахшанд. Якуним сол муқаддам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба сохтмони 2 неругоҳи барқии обӣ дар дарёи Зарафшон ҳусни оғоз бахшиданд. Онро мутахассисони ҳарду кишвар бо иқтидори умумии 320 МВт барпо хоҳанд кард.
Дар поёни конгресси  байналмилалии «Гидроэнергетика. Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар» як гурӯҳ иштирокчиёни он аз Неругоҳи барқи обии Фарҳод, воқеъ дар наздикии шаҳри Ширини вилояти Сирдарё боздид намуданд, ки иқтидори он пас аз таҷдид то 128 МВт афзоиш ёфтааст.

Ҳулкар ҶӮРАЕВА,
сармутахассиси дафтари 
матбуоти ҶС «Ӯзбекгидроэнерго».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: