6. САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ

(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор

6. САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ
(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)

(Эссе)
(Охираш. 
Аввалаш дар шумораҳои 
№ 68, 69, 71, 72, 73).
ПУРСИШ ВА ПОСУХ АЗ ҲАКИМ УМАРИ ХАЙЁМ
(1048 - 1131)

Ҳакими бузург! Шумо бо эҷодиёти серпаҳлӯи хеш машҳури ҷаҳон гардидаед. Кашфиётҳоятон дар соҳаи математика, тақвими дақиқтарин, асари таърихии «Наврӯзнома», фалсафаи одаму олам, ситорашиносии Шумо то кунун мавриди истифодаи оламиён мебошад. Рубоиёти Шумо дар Ғарбу Шарқ маъруф буда, пояи баланди ақлу хиради инсонӣ шумурда мешаванд. Бесабаб нест, ки дар як қатор мамолики дунё ба поси хотири Шумо муҷассамаҳои бузург гузоштаанд. Хулоса, зеҳни фарогири Шумо то кунун дастнорас аст.
Аммо мо аз рӯҳи абадзиндаи Шумо дар ҳалли масъалаи одамият, ки онро гуманизм мегӯем, пурсиданием. Чаро инсонро, ки Шумо аз ҳамаи мавҷудоти олам болотар гузошта, ӯро «нигин»-и ҳастӣ ба қалам додаед, дар асрҳои ХХ-ХХI худро дар марзи хатари экологӣ, нобудкунӣ расонид? Оё ақли инсон бо созандагии худ, бо техникаю технология, тамаддуни рақамӣ ва иттилоотӣ, мушаксозӣ, бунёдӣ, бурҷу хонаҳои  осмонхарош, роҳҳои васеъ ва ғайра, ки олами набототу ҳайвонотро ба нобудшавӣ маҳкум мекунад, бадбахтӣ намеоварад? Оё тақдири Бурҷи Бобул такрор намешавад? Шумо тасаллӣ медиҳед, ки:
– Азизон, тарсу набошед! Дар ин хусус набояд ташвиш кашиду ошуфта шуд. Зеро қобилияти тафаккури инсон карон надорад. Ман инсонро ба он сабаб «нигини олам» гуфтам, ки  адён ва мазоҳиби замони ман инсонро паст ва ночиз шумурданд. Дар натиҷа ӯро на танҳо ба бандаи Худо, балки ба бандаи хеш табдил доданд. Инсон аз созандагӣ, тафаккури ақлонӣ бозмонд. Эҷодкорӣ ва созандагӣ муқтазои аввалини Павардигор нисбати одамист ва ҳамбастагии табиат ва инсонро муқаррар кардааст. Чархи фалак бо вуҷуди дуруштиҳо ба хушбахтиҳо низ майл дорад.
Дар масъалаи одамият, ки онро гуманизм мегӯед, гуфтаниям, ки он аз замони дарки гардиши гардун дар мадди назари мутафаккирони бузурги башарӣ қарор доштааст. Дар Аврупо, махсусун, дар Русияи шӯравӣ ва алъон низ, гуманизмро танҳо нисбат ба ҷомеа, инсон истифода мекунанд. Дар фарҳанги мардуми Шарқ, махсусан, ҳиндувон, эрониён одамиятро дар нисбати наботот ва ҳайвонот ҳам истифода кардаанд.
 ***
Ҳакими бузург! Мо дар тамаддуни рақамию технологӣ ва иттилоотӣ зиндагӣ мекунем. Ин тамаддун тақрибан тамоми фаъолияти зеҳнӣ ва эҳсосотии моро фаро гирифтааст. Дар натиҷа авзои камшавии меҳнати ҷисмонӣ, куллан дигар шудани низоми тарбия ва омӯзиш, заиф гардидани фаъолияти иҷтимоӣ, маҳдуд шудани ихтисосҳои анъанавӣ чун пизишкӣ, муаллимӣ, китобдорӣ, корҳои маъмурӣ ва ғайра ба миён омаданд. Китобҳои электронӣ ҷойи китобро гирифтанд, дастгоҳҳои техникӣ табибонро иваз карданд, технологияи иттилоотӣ корҳои маъмуриву давлатиро иҷро мекунанд... Хулоса, одамон муҳтоҷи «дастгоҳҳои боҳуш» ва «мошинҳои боақл» шудаанд. Технологияи рақамӣ, аз як тараф кору бори одамонро сабук кунад, аз сӯйи дигар, онҳоро беғайрат, беташаббус ва беҷасорат мегардонанд, ки нисбати он Шумо фармудаед: 
– Азизон! Ҳар як навгонии илмӣ, техникӣ ва технологӣ ду ҷониб дорад: мусбат ва манфӣ. Инсон бояд ин ду тарафро ҳамаҷониба омӯхта, пасон хулоса бароварад. 

ОХИРСУХАН

Мо бадбахтии худро аз адами ҳампазироии якдигар, ҳамдилу ҳаммазҳаб набудани хеш намедонем, балки дар бисёр маврид барои ин вомондагиҳо дигаронро айбдор мекунем, ҳарчанд ин ҳақиқати таърихӣ дорад, вале ҳақиқати ягона ва асл нест. Фахриддини Розӣ (1149-1209) гуфта буд: «Эй бародарон! ... ба ҳам оед ва бардоред пардаҳоро аз рӯйи уқули хеш, то баъзе аз Шумо мар баъзеро мутолиат кунад ва баъзе аз Шумо аз баъзе камол ёбад», фаромӯш мекунем. 
Дар байни мутафаккирону шоирон, файласуфони кулли олам, аз Ғарб то Шарқ, аз Шимол то Ҷануб,  шоиру мутафаккире чун Сайидои Насафӣ (1637-1711) пайдо наметавон кард, ки гуфта бошад: «Оҳи ғами ман... то ба Сурайё ҳамерасад». То ба кай? Илова мекунем мо...

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: