КОРХОНАИ НАВИ МУШТАРАК ИФТИТОҲ ЁФТ

Тӯли панҷ соли охир баробари рушду инкишоф ёфтани иқтисодиёти кишвар дар қаламрави вилояти Ҷиззах ҳам навъҳои гуногуни саноат босуръат пеш мераванд.

 Ин пешрафт ва рушду инкишоф алалхусус, дар соҳаи мошинсозӣ, чарму пойафзор, хӯрокворӣ, технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ, сайёҳӣ бештар ба мушоҳида мерасад.
Ҳамкорӣ бо як қатор кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Русия хуб ба роҳ монда шудааст. Мубодилаи моли вилоят бо ин давлат ба 200 миллион доллари Амрико расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба 55 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах» даҳҳо корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони русиягӣ фаъолият доранд.
Ба наздикӣ бо ҳамкории сармоягузорону соҳибкорони русиягиву маҳаллӣ дар ин минтақа боз як корхонаи муштарак созмон ёфт. Роҳбарони Ҷамъияти саҳҳомии «Химград»-и Тотористони Русия ба Маркази технополиси «Ҷиззах» асос гузоштанд. Дар маросими кушодашавии корхона роҳбари Тотористон Рустам Миннихонов низ ширкат варзид. Ба истиқболу дурнамои ҳамкориҳои тарафайн баҳои баланд дод.
Назар ба гуфти роҳбари корхонаи «Химград» Айрат Гиззатуллин ин дуюмин корхонаи кимё дар Ӯзбекистон аст, ки барои созмон ёфтанаш саҳм доранд. Ба туфайли фаъолияти доимии корхона то ҳазор нафар ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд хоҳанд омад, – гуфт ӯ. 
– Ин корхона бо қарори Сарвари давлат ба вуҷуд омад, – гуфт роҳбари Техномаркази «Ҷиззах» Ҷаҳонгир Абдураҳмонов. – Роҳбари кишвар соли сипаригардида зимни ба вилояти Ҷиззах ташриф овардан оид ба омода намудани шароити мусоид ба сармоягузорони хориҷӣ, додани биноҳои тайёре, ки бекор аст, дастуру супоришҳо дода буданд. Ҳоло мо рӯйи 30 лоиҳаи нав кор мебарем ва истеҳсоли қариб 60 намуди маҳсулоти навро ба нақша гирифтаем.
Президенти Тотористон ҳангоми ташрифи худ ба вилояти Ҷиззах аз Донишгоҳи федералии Қазон низ дидан кард. Маркази навтаъсиси стимулятсионии факултаи тиббии донишгоҳро аз назар гузаронд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: