“ШУЪЛАИ ОФТОБ” БА ДУНЁ МЕБАРОЯД

Дар Чуст парвариши дарахти хурмо тахминан аз солҳои 80-ум оғоз ёфтааст.

Аз соли 1990 бошад, ба таври умумӣ авҷ гирифтааст. Хурмо ба монанди дигар дарахтони меванок меҳнати бисёрро талаб намекунад. Кӯчати он баъди 2-3 сол ба мева медарояд. Хурмо серҳосил буда, онро қариб дар ҳамаи хонадонҳо парвариш мекунанд ва даромади хуб мегиранд. Солҳои охир талабгорони он дар давлатҳои хориҷӣ, хусусан Русия хеле зиёд гаштааст. Хурмо меваи хушхӯр буда, ба саломатии инсон муфид аст. Онро барои пешгирии пиршавӣ, хуруҷи дил, саратон ва дигар бемориҳо истифода мебаранд, ки инро дар тибб низ исбот намудаанд. 

Назар ба маълумотҳо Туркия аз ҷиҳати азнавкоркарди хурмо дар бозори ҷаҳон яке аз мамлакатҳои салоҳияташ бузург ба ҳисоб меравад. Инчунин, дар Хитой ва Корея аз дарахти хурмо тайёр намудани мебел ва ҷиҳозҳои варзиш хеле рушд ёфтааст. 
Касби асосии Акмалҷон Суюнови каркидонӣ омӯзгорист. Ӯ барои дидани кишварҳои хориҷ забони корейсиро хуб омӯхт, барои таҳсил ба Кореяи Ҷанубӣ рафт. 
– Вақте дар Корея мехондам, ин ғоя дар ман пайдо шуд. Дар растаи дуконҳои он ҷо қоқии хурморо хеле гарон мефурӯхтанд. Ҳол он ки дар мо баъзе намуди онро “талх” гуфта намехӯранд ва баъзеашро “атола барин” гуфта, ҳатто мепартоянд. Ба худ мақсад гузоштам, ки чунин таҷрибаро дар ватанам ба амал мебарорам. Ба ниятам расидам, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо. 
Акмалҷон дар асоси маълумотҳо технологияи тайёр намудани қоқии хурморо омӯхт. Се соли аввал бо кумаки оилааш хурмои боғашро чинда, аз пӯсташ ҷудо карда, чун шаддаи марҷон овехта монд. Дар зери шуълаи офтоби тирамоҳӣ муддати 30-40 рӯз қоқиҳои хурмо тайёр шуданд. Аммо аз пӯсташ ҷудо кардани чанд тонна хурмо вақт ва меҳнати бисёрро талаб мекард. Ҳалли ин мушкилӣ низ ёфт шуд. Додари Акмал – Озодбек, ки дар синфи 8-уми мактаби рақами 75-уми ноҳия мехонд, ба ихтироъкорӣ ҳаваси калон дошт. Ихтироъкори ҷавон дастгоҳе офарид, ки хурморо аз пӯсташ ҷудо мекард. Лоиҳаи технологияи хушк кардани хурморо тайёр намуда, ба озмуни “Ихтироъкори ғояҳои инноватсионӣ”, ки аз тарафи Академияи ҷавонон эълон гардида буд, тақдим намуд. 
– Ранг ва шакли хурмо ба офтоб монанд аст ва аҳамияти офтоб аз гул то пухта хушк шудани он хеле калон аст. Бинобар ин онро чунин ном гузоштам,– мегӯяд ихтироъкор. 
Озодбек Суюнов дар озмун бомуваффақият иштирок намуда, ба миқдори 335 миллион сӯм грант ба даст даровард. Дертар бо ин дастгоҳ рӯзе то як тонна хурморо аз пӯсташ ҷудо карданд. Бародарони чашмикордон фаъолияти худро васеъ намуда, ҶММ “Шуълаи офтоб”-ро барпо намуданд. Акмалбек роҳбари корхона таъин гардид. Ин машғулият ба бизнеси асосии оила табдил ёфт. Ҳоло дар сех 7-то чунин дастгоҳ мавҷуд аст, 20 нафар кор мекунанд. 
– Қоқиҳои хурмо дар шуълаи офтоб медурахшанд, таъмаш дар даҳон мемонад. Соли гузашта 18 тонна хурмои хушкро ба Русия экспорт намудем. Даромади соф 70 миллион сӯмро ташкил дод. Ният дорем, ки бо маҳсулотамон ба бозори ҷаҳон бароем, – мегӯяд Акмалҷон. – Нақшаҳоямон калон аст. Замини рӯйи ҳавлиамон аз 16 сотих иборат аст. Аз намудҳои дарахтони меванок қариб ҳамааш мавҷуд. Дар 3 сотих майдон дар асоси технологияи Корея гармхона сохта, дар он сирпиёз, помидор, бодиринг ва қулуфной шинондем. Аз адири Сулаймонободи ҳудуди деҳа 4,5 гектар замин гирифта, плантатсияи кавракро барпо намудем, чунки ин растанӣ дар ҷойҳои санглох ва беоб низ хуб мерӯяд. Каврак дар тибби ҳинд ба сифати гиёҳи шифобахш ашёи хоми гаронбаҳо маҳсуб меёбад.
Орзуву ниятҳои ихтироъкорони ҷавон бисёр. Албатта, аз чунин ҷавонони шуҷоъ ва чашмикордон ғоя ва бунёдкориҳои нави замонавиро интизорем.

Шоҳида ДАМИНОВА.   
Вилояти НАМАНГОН.                     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: