«НОН БОШАД СУРУД ҲАМ МЕШАВАД»

Имрӯзҳо дар саҳроҳои ширкатҳои ноҳияи Сӯх дарави ғалла босуръат давом дорад.

Имрӯзҳо дар саҳроҳои ширкатҳои ноҳияи Сӯх дарави ғалла босуръат давом дорад. Ҳокимияти ноҳия бо мақсади тезу тоза ва хушсифат ғундошта гирифтани ғалла гурӯҳҳои махсуси зарбдор ташкил кардааст, ки онҳо алҳол дар ғаллазорҳои хоҷагии ширкати «Озод» фаъолона меҳнат карда истодаанд.
– Имсол ба 174 гектар замин гандум коштем. Деҳқонони хоҷагиамон дар асоси   талаботи қоидаҳои агротехникӣ ба павариши он камар бастанд ва ҳосили фаровон рӯёниданд. Дар ҳафт қитъаи майдонҳои хоҷагӣ ҳосили ғалла аз нақшаи пешбинишуда хеле зиёд аст. Аз ҳар гектар 65 - 70 сентнерӣ гандуми аълосифат гирифта истодаем, – мегӯяд сарвари ширкати «Озод» Мӯсоҷон Сотиволдиев. 
Ғалла ризқу рӯзии мардуми мост. Дар ин мавсими басо душвор, ки инсоният бар зидди касалии коронавирус муборизаи беамон мебарад, парваришу рӯёнидани ҳосили фаровони ғалла кори саҳл нест. Аммо ғаллакорон ҳамаи ин монеаҳоро бурдборона паси сар менамоянд.
– Дар бунёди хирмани бобаракоти ғаллаи хоҷагиамон ҳиссаи деҳқонони деҳаҳои Ғазноб, Қалъача ва Тӯл хеле калон аст. Масалан, ғаллакорони қалъачагӣ бо сардории Ҷамолиддин Низомиддинов аз 27 гектар замин 70 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, – гуфт зимни суҳбат сараграноми хоҷагӣ Эркинҷон Алибоев. – Аз иҷоракорон Акмалҷон Аҳмадҷонов, Манзурахон Тӯхтаева, Полвонҷон Бобоев, Ҳаётҷон Тӯхтаев ва дигарон ҳосили фаровон ва хушсифат рӯёниданд.
Алҳол дар саҳроҳои қитъаҳои гандуми деҳаҳои Ленбур ва Девайрон низ гандум пухта расидааст ва навбати дарави худро интизор мебошад.
Дар хоҷагии «Озод» ҳоло 4 комбайни ғалладарав, 4 отряди мошинҳои боркашон баҳри зуд ва беталаф  ғундоштани ризқу рӯзии мардум шабу рӯз мардонавор меҳнат мекунанд. 
Комбайнчиён Эргашалӣ Оламов, Рӯзибой Холматов, Сӯҳбатҷон Тӯйчиев ва Дилшодҷон Шарипов, ронандагон Зиёвиддин Камолов ва Садиёр Эргашев дар ин мавсим саҳми босазои худро мегузоранд.
Дарави ғалла дар ширкати “Озод”-и ноҳияи Сӯх босуръат идома дорад.

Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ,
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: