ТОШКАНД СИНАМОГАРОНРО ГИРДИ ҲАМ МЕОРАД

Аз 29 сентябр то 2 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд таҳти унвони «Марвориди Роҳи абрешим» Ҷашнвораи XV байналмилалии синамо баргузор мешавад.

Ҷойҳои асосии намоиши филмҳои ҷашнвора дар Тошканд ва Самарқанд муқаррар шудааст. Гуфта мешавад, аз 64 филме, ки ба кумитаи тадорукоти ҷашнвора пешниҳод шудааст, 44-тоаш барои намоиш тавсия гардидааст.
Дар ин ҷашнвора синамогарони беш аз 30 кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Исроил, Хорватия, Ҷопон, Лаҳистон, Фаронса, Латвия, Чили, Куриё, Эстония, Олмон, Португалия, Сингапур ва Украина ширкат хоҳанд кард. 
Ба ҷуз баррасии дастовардҳои синамо ва ҳамкории байни синамогарон, дарсҳои маҳорати чеҳраҳои варзидаи синамои ҷаҳонӣ, намоишҳои вижа ва озмуни анъанавии «Синамо дар 5 рӯз» ташкил карда мешавад. Дар ин озмун имсол 14 коргардони ҷавон аз 7 донишгоҳи кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Филмбардорони озмуни мазкур аллакай ба ҷойҳои муҳими фарҳангӣ ва таърихии кишварамон рафта, филмҳои худро дар мавзӯи «Ӯзбекистон – орзуи ман!» ба навор мегиранд. Коргардони Арманистон дар Самарқанд мақбараи Гӯри Амир, фиристодагони Озарбойҷон дар Шаҳрисабз Қасри Оқ-Саройро наворбардорӣ мекунанд. Инчунин Қазоқистон дар Арки Бухоро, Қирғизистон дар шаҳраки Ахсикенти Намангон, Молдавия дар Қасри Ситораи Моҳи хосаи Бухоро, Русия дар комбинати шоҳибофии Марғелон ва Тоҷикистон дар маҷмааи Ҳазрати-Имом, воқеъ дар Тошканд, машғул ба кори наворбардорӣ мешаванд.
Дарвоқеъ, тибқи муқаррарот, ба ҳар як дастаи дунафарӣ як гурӯҳи наворбардорӣ аз ҳафт нафар мутахассисони ҷавони синамои ватанӣ вобаста карда шудаанд. Дар маҷмӯъ, ширкаткунандагони озмуни «Синамо дар панҷ рӯз»  барои омода кардани филми худ се рӯзро барои раванди наворбардорӣ, як рӯзро барои монтаж ва рӯзи панҷумро барои дубляж сарф хоҳанд кард.
 Маҳсули офаридаи довталабонро устодони ҳа-қиқии синамои ҷаҳон арзёбӣ мекунанд. Раиси ҳакамон яке аз коргардонҳои маъруф ва маҳбуби ӯзбек Алӣ Ҳамроев мебошад. Ба ҳайати ҳакамон инчунин яке аз маъруфтарин коргардонҳои рус, ғолиби ҷашнвораҳои Венетсия ва Канн Александр Сокуров, коргардон ва продюсери синамои афғон, барандаи ҷоизаҳои «Глобуси тиллоӣ» ва ҷашнвораи синамои Канн Сиддиқ Бармак, коргардони маъруфи ӯзбек Шуҳрат Маҳмудов, коргардони машҳури туркман Хоҷақулӣ Нарлиев шомил шудаанд.
30 сентябр дар толори конфронси Хонаи кинематографистони Тошканд бахшида ба анҷоми кор дар лоиҳаҳои озмуни «Синамо дар панҷ рӯз» нишасти матбуот ва 1 октябр дар амфитеатри Хонаи синамогарон маросими супоридани туҳфаҳои қиматбаҳо ба ғолибони ин озмун баргузор мегарданд.
Озмуни «Синамо дар панҷ рӯз» дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии синамои Тошканд бори севум роҳандозӣ мегардад. Дар соли 2021 намояндагони беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Булғористон, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Испания, Қазоқистон, Кения, Қирғизистон, Марокаш, Мексика, Русия, Тоҷикистон, Украина, Филиппин, Фаронса, Швейтсария, Эстония, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар ин озмун ширкат доштанд. Дар соли 2022 барои дарёфти ҷоизаҳои озмун ширкаткунандагони Озарбойҷон, Белорус, Молдова, Русия, Ҳиндустон, Исроил, Куриёи Ҷанубӣ, Руминия, Тоҷикистон ва Туркманистон мубориза бурданд. Коргардонҳои Ӯзбекистон ду сол пайиҳам ғолиби ин озмунҳо шуданд. Имсол дар ин озмун филмсозони ӯзбек ширкат намекунанд, балки байни худ вориди рақобат мешаванд.
 Қобили қайд аст, ки созмондиҳандагон ҳадафи аслии барномаи «Синамо дар панҷ рӯз»-ро ташвиқи филмсозони ҷавон ба эҷоди филмҳои нав ва ошноии ҳамкасбони хо-риҷӣ бо анъана ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон унвон кардаанд.
 Интизор меравад, ки коргардони афсонавии серб Эмир Кузтуритса ба шаҳри Тошканд меояд ва ба ҳайси меҳмон дар Ҷашнвораи байналмилалии синамо ширкат мекунад. Вай ҷоизаҳои зиёд, аз ҷумла «Нахли тиллоӣ», «Шери тиллоӣ», «Хирси нуқрагин» ва ҷоизаи Сезарро ба даст овардааст. Асарҳои барҷастаи Эмир Кузтуритса «Падар дар сафари корӣ», «Орзуи Аризона», «Гурбаи сиёҳ, гурбаи сафед», «Зиндагӣ мисли мӯъҷиза аст» ва «Марадона» мебошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: