Ганҷи ороста

Ҷалолуддин БАЛХИИ РУМӢ

ҒАЗАЛ

Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, 
ханда шудам,
Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.
Дидаи сер аст маро, ҷони далер аст маро,
Заҳраи шер аст маро, Зӯҳраи тобанда шудам.
Гуфт, ки девона наӣ, лоиқи ин хона наӣ,
Рафтаму девона шудам, силсила банданда шудам.
Гуфт: ки сармаст наӣ, рав, ки аз ин даст наӣ,
Рафтаму сармаст шудам в-аз тараб оганда шудам.
Гуфт, ки ту кушта наӣ, дар тараб оғушта наӣ,
Пеши рухи зиндакунаш куштаву афканда шудам.
Гуфт, ки ту зиракакӣ, масти хаёливу шакӣ,
Гӯл шудам, ҳӯл шудам в-аз ҳама 
барканда шудам.
Гуфт, ки ту шамъ шудӣ, қиблаи ин ҷамъ шудӣ,
Ҷамъ наям, шамъ наям, дуди пароканда шудам.
Гуфт, ки шайхиву сарӣ, пешраву роҳбарӣ,
Шайх наям, пеш наям, амри туро банда шудам.
Гуфт, ки бо болу парӣ, ман пару болат надиҳам,
Дар ҳаваси болу параш бе пару парканда шудам.
Гуфт маро давлати нав: роҳ марав, ранҷа машав,
3-он ки ман аз лутфу карам сӯйи ту оянда шудам.
Гуфт маро ишқи куҳан аз бари мо нақл макун,
Гуфтам: оре, накунам, сокину бошанда шудам.
Чашмаи хуршед туӣ, соягаҳи бед манам,
Чун-к задӣ бар сари ман, пасту гудозанда шудам.
Тобиши ҷон ёфт дилам, во шуду бишкофт дилам,
Атласи навбофт дилам, душмани ин жанда шудам.
Сурати ҷон вақти саҳар лоф ҳаме зад зи батар,
Бандаву харбанда будам, шоҳу худованда шудам...
Шукр кунад хоки дижам аз фалаку чархи бахам,
К-аз назари гардиши ӯ нурпазиранда шудам.
Шукр кунад чархи фалак аз малику мулку малак,
К-аз караму бахшиши ӯ равшану бахшанда шудам.
Шукр кунад орифи Ҳақ, к-аз ҳама бурдем сабақ,
Бар забари ҳафт табақ ахтари рахшанда шудам.
Аз туам, эй шуҳра қамар, дар ману дар худ 
бинигар,
К-аз асари хандаи ту гулшани ханданда шудам.
Бош чу шатранҷ равон хомушу худ ҷумла забон,
К-аз рухи он шоҳи ҷаҳон фарруху фархунда 
шудам.

 

 


МАЙЗАДА

(Ҳикоя)

Майзадае аз зинаҳои даромадгоҳи бозори Сиёб базӯр фаромада, дар дами дарвоза аранг қомат рост кард. Як ба гирду атроф нигоҳ карду тобхӯрон ба роҳаш идома дод. Дар даст шишаи арақ дошт. Роҳгузарон худро аз ӯ ба канор гирифта, вориди бозор мешуданд. Кӯча пури одам буду мусофирбарҳо камчин. Пойҳои майзада итоат намекарданд: меларзиданд. Мӯйи ҷӯлида, рӯйи офтобзада, либосҳои кӯҳнаву чиркин дошт. Чашмонаш аз ғояти майхорагӣ бошад, ё камхобӣ варамида буданд. 
Мард ба тарафи рост, ҷонибе, ки автобусҳо вориди истгоҳ мешуданд, роҳ пеш гирифт. Пайроҳаи пиёдагардон тангу аз роҳи ҳаракати автобус қади даҳ ангушт баланд буд. Болои сӯхта намакоб, дар канори пайроҳаи камбар фурӯшандагон савдо мекарданд. Роҳгузарон ба якдигар роҳ додаву гоҳо китф ба китф зада, аранг равуо мекарданд. Майзада калавида-калавида бо сари хам, бепарво ба пеш мерафт. Одамоне, ки аз рӯ ба рӯ меомаданд, бо нафрат нигоҳ карда, худро дур мегирифтанд: бо роҳи автобус мегузаштанд. Майзада даҳ қадам намонда, ногоҳ як пояш аз гӯшаи пайроҳа лағжиду мувозинатро гум кард. Як калавида, шишаи арақ афтод ва ба пайроҳа расиду аз байн ду тақсим гардид. Майзада дубора қомати худро рост кард ва бо таассуф ҷониби шиша нигоҳ карду зери лаб «бало ба ҳамин занад» гуфт. Боз ба пайроҳа баромада пеш рафт. 
Майзада чанд қадам рафту магар чизе ба сараш зад, ки қафо баргашт. Аранг по мебардошт. Алвонҷхӯрон роҳ мегашт, ки ногоҳ бо роҳгузаре бархӯрд. Хост худро рост гирад, аммо нашуд. Сараш гирд гашту ба замин афтод ва дар як дам дар роҳи автобус хуни сиёҳ паҳн шуд. Роҳгузарон барои кӯмак шитофтанд ва вақте сарашро бардоштанд, диданд, ки теғаи тагқисми шишаи шикаста шоҳраги гарданро буридааст...

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: