Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон 3 март ба ин мамлакат бо боздиди давлатӣ рафт.
Дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ дар моҳи июли соли 2021 дар Тошканд муносибатҳои Ӯзбекистону Покистон ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд. Дар ҷараёни боздиди оянда масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ, рушди ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, нақлиёт, логистика, инфрасохтор ва сайёҳӣ, инчунин тавсеаи барномаи табодули фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Инчунин оид ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.
Қабули эъломияи муштарак ва як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудааст.