(Ба муносибати 85-солагии Алӣ Ҳамроев)
Чеҳраи намоёни ҳунар дар санъати кино Алӣ Ҳамроев 85-ро пур кард. Вай соли 1937 дар Тошканд ба дунё омадааст. Вале иқрор аст дар асл аз тоҷикони Фарғона буда, қарибонаш дар Риштон умр ба сар мебаранд.
Падари ӯ Эргаш Ҳамроев солҳои зиёди ҳаёти худро дар Тошканд гузаронд ва тоҷики Риштон будани худро ҳамеша зикр мекард. Яке аз ҳамсафони Ҳамза Ҳакимзода ҳисоб меёфт, ибтидои қарни бистум дар барпои нахустин театрҳои халқӣ саҳм гирифт, солҳои сиюм бошад ҳамчун сенариянавис ва актёр дар бунёду равнақи аввалин филмҳои миллӣ саҳм гирифт. Ният аст оянда дар бораи ӯ алоҳида истода гузарем. Ҳоло сухан дар бораи фарзанди арзандаи вай Алӣ Ҳамроев, ки бе офаридаҳои ӯ синамои ӯзбекро тасаввур кардан душвор.
Яке аз беҳтарин филмҳояш «Куҷоӣ, Зулфияи ман?» (ё худ «Ёр-ёр») буда, соли 1964 ба экран баромадааст. Имрӯз низ онро бо завқ тамошо мекунем. Бадеияти асар, ки хеле баланд, дар Фонди тиллоии киностудия аз хазинаҳои бебаҳост.
Аввали соли 1964 роҳбарияти «Ӯзбекфилм» ба коргардони ҷавон А.Ҳамроев (хатмкардаи ВГИК дар соли 1961) супориш дод дар жанри мазҳака филме таҳия созад. Картина бояд феълу атвори ба халқи таҳҷоӣ хосро таҷассум намояд, манзараҳои зебои диёрамон дар он акс ёбад, мазҳакаи мусиқӣ аз хандаву юмор саршор бошад. Аммо ҷавоне, ки чанде пеш Институти кинематография дар Маскавро хатм карда, дар пайроҳаи санъат аввалин қадамҳои худро мегузошт, мехост картинае офарад дар талқини драмавӣ. Аз ӯҳдаи эҷоди киномазҳака мебарояд ё не?
Он солҳо «Аҳмад дар куҷост?» ном кинокомедияи озарбойҷониҳо нав ба экран баромада, эътибори умумро ба худ мекашид. А.Ҳамроевро таскин бахшиданд вазифаро ӯҳда карданат мумкин, ба шарте, ки симоҳои намоёни адабиёт ва ҳунар дастгирӣ намоянд.
Алӣ Ҳамроев нависанда Раҳмат Файзиро ба кумак хост. Якҷо ба навиштани сенария шурӯъ сохтанд. Бо даъвати Р.Файзӣ филмноманависи ҷавон Одилшо Агишев низ ба кор ҷалб гардид. Раҳматака ба ҷавонон супоришҳои даркориро медоду аз паи ба сомон расондани корҳои дигар мешуд. Алӣ ва Одилшо шабҳои дароз дар бораи тарҳи сенария майна об мекарданд. Субҳ, ки дамид, чизҳои навиштаашонро аз назари Р.Файзӣ мегузаронданд. Адиби барӯманд ба сенария сайқал мебахшид, ба мароми худ мерасонд. Дар давоми ду ҳафта сенария тайёр гардид. Моҷарои хонадор сохтани фарзанд мавзӯи асосӣ қарор гирифт. Муборизаи «кӯҳна» ва «нав», ба ҷои хонаҳои куҳансохт барпо шудани иморатҳои бисёрошёнаи замонавӣ – кӯчбандӣ ба манзилҳои нав бояд дар картина инъикос меёфт. Саҳнаи духтари сурудхонро дар телевизион дида, ошиқ шудани ҷавон, эпизоди ба ҷои «сарпӯшак»-и носкаду истифода шудани пораи лифофае, ки дар он манзили духтар сабт ёфта буд, бофтаи хаёли Одилшост. Ба филм Р.Файзӣ ном гузошт.
Он вақтҳо дар театри драмавӣ-мусиқавии ба номи Муқимӣ спектакли «Тошболта ошиқ» аншлаг гардида ва нақши асосиро Сойиб Хӯҷаев мебозид. А.Ҳамроев актёри маъруфро ба «Ёр-ёр» даъват намуд. Ба нақши писар Бахтиёр Ихтиёровро муносиб шумурданд, ки вай баъди нақш бозидан дар «Вохӯрӣ» ном филми Элёр Эшмуҳаммедов хеле машҳур гардида буд. Коргардон саъй кард ансамбли актёрҳои номвар, аз қабили Раззоқ Ҳамроев, Ҳамза Умаров, Шукур Бурҳонов, Турсуной Ҷаъфарова, Ғанӣ Аъзамов, Олим Хӯҷаев, Раҳим Пирмуҳаммедов ва дигаронро низ ҷалб намояд. Ҳар кадоме аз ин чеҳраҳои ҳунар имкониятҳои эҷодӣ, маҳорати касбии худро ба тарзи хос намоиш доданд. Вале ҳар як образ, ҳар талқин асосан аз халқ гирифта мешуд, сайқал меёфт, ба экран мекӯчид. Вақте ба яке аз эпизодҳо Ш.Бурҳоновро таклиф карданд, гуфт ки бемор аст, наметавонад.
Алӣ Ҳамроев қарор дод «сёмка»-ро дар ҷое, ки ба манзили ӯ наздик аст, кӯчонад. Актёр бо либоси хонагӣ, дар пой шиппак ба кӯча баромаду ба ҳолу ҷонаш нагузошта ба вай формаи полковники милитсияро пӯшонданд, мӯйлаб часпонданд.
О.Хӯҷаев бо ихтиёри худ ба майдончаи навор омад. Бо табассум пурсид, ки ба ман ҳам ягон нақш ҳаст? А.Ҳамроев гуфт, ягон «роли калон» намонд. Эпизоди хурд ҳам шудан мегирад, гуфт О.Хӯҷаев. Худи ҳамон рӯз ҳунарвари мардумиро ба аэропорт гирифта бурданд. Вай нақши роҳбари парашутчиҳоро бозид.
Шинокунон бо азобе дарёро убурсозии падару писар, якбора ба роҳ даромадани мошине, ки истода буд, эпизоди афсонагии С.Хӯҷаев ба хурдакакон ҳарчанд дар сенария ҷой доштанд, дар ҷараёни навор сайқал ёфтанд, рангину ҷилодор шуданд. Дар кино импровизатсия як ҳолати табиист.
Сенария дар фасли баҳор навишта шуд, тобистон «сёмка» давом намуд, тирамоҳ нахустнамоиш баргузор гардид. Премера ба иди ҳақиқии кино табдил ёфт. Филм дар давоми 40 рӯз дар 10 сеанс намоиш ёфта бошад ҳам, барои моҳҳои оянда билетҳо аллакай фурӯхта шуда буданд. Ягон филм ба ин дараҷа ба «шав-шув» сабаб нашуда буд. Қисми асосии актёрҳое, ки дар «Ёр-ёр» нақш бозидаанд, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Чанде пеш санъаткори дӯстдоштаамон Бахтиёр Ихтиёров низ зиндагиро падруд гуфт.
Саҳнаи дар болои бом ҳунарнамоии раққоса (Гулнора Маваева) дар хотиратон? Дар кунҷи бом мӯйсафеди нуроние духтарчаи сесоларо болои зону нигоҳ дошта нишастааст. Ба духтарча мегӯянд, ки бо табассум рақсро тамошо кунад. Вале вай дар ҳарос, ба гиря карда фиристоданаш саҳл мондааст. Он духтарча фарзанди кинооператор Турдӣ Нодирови зиндаёд Фирӯза мебошад, ки ҳоло киношинос аст. Фирӯза Нодироваро аз рӯи мақолаҳояш дар бораи ситорагони санъат низ хуб мешиносем.
Филмҳои дигари коргардон А.Ҳамроев низ барорнок баромада, дар синамои миллӣ ҷойгоҳи муносиб доранд. Қисме аз картинаҳояш оиди мубориза алайҳи босмачигарӣ («Комиссари фавқулодда», 1970). «Тири ҳафтум», 1972). Филми таърихии ӯ «Одам аз паси паррандагон меравад» (1975) дар чанде аз киноҷашнвораҳои байналхалқӣ соҳиби мукофот шудааст. «Лаклакҳои сафед», «Тобистони гарми Кобул», «Арӯс аз Водил», «Ту дар хотирам», «Боғи орзу», «Бо Ба Бу» барин картинаҳояш, ки дар мавзӯъҳои гуногунанд, дар байни бинандагони хориҷӣ низ маҳбубият пайдо кардаанд.
Муаллифи сенарияи 8 филм аст ва чун филмноманавис низ ном баровардааст. Бо филмофарони итолиёвӣ ва маскавӣ аз наздик ҳамкорӣ кардааст. Чун коргардони беҳтарин дар фестивалҳое, ки дар Ҳиндустон ва Италия баргузор шудаанд, эътироф шудааст. А.Ҳамроев ҳанӯз соли 1971 лауреати Мукофоти давлатии ба номи Ҳамза гардида буд. Ходими хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон аст. Дар Маскав зиндагӣ кунад ҳам бо «Ӯзбекфилм» аз наздик ҳамкорӣ менамояд.
М. ШОДИЕВ.