ДАСТОВАРДҲОИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад

Имрӯз, 11 март дар шаҳри Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавадДар ин хусус сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев иттилоъ дод.

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои матбуоти тоҷик дар даврони истиқлолият» конференсия баргузор мегардад.

Сипас соати 16:00 дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.

Зимни баргузории маросими Рӯзи матбуот ба рӯзноманигорон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои Аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо аз вазорату идораҳо тақдим мегарданд. Ҳамзамон барномаи фарҳангӣ доир мешавад.

Устод Садриддин Айнӣ дар робита ба аввалин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» иброз доштааст, ки ««Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».

Ҳамчунин ин рӯзнома ба вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Вале, ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард ва баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд.

«Бухорои Шариф» чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш ба сиёсату иҷтимоиёти замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум таъсиру такони бузург бахшид.

Ҳамчунин он сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифи миллат буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу давлатҳо нақши муҳим мебозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро сипари давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки «манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».

Дар ҳақиқат имрӯз таъмини амнияти иттилоотӣ аз масъалаҳои ҷиддие маҳсуб мешавад, ки нақши расонаҳо дар он хеле муҳим аст. Манфиатҳои миллии мо тақозо менамоянд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили мардум ва ба ин васила дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз вазифаҳои дигаре аст, ки воситаҳои ахбори омма дар асри ҷаҳонишавӣ бар дӯш доранд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: