ДУ САТРИ ЯК БАЙТ

Рамз БОБОҶОН, Шоири халқии Ӯзбекистон

Хонандаи азиз, боре фарзанди Зулфия Амонҷон занг зада гуфт:
– Устод, ният дорам, ки аз хотираҳои дӯстони қаламкаши модарам китобе барои чоп омода созам. 
Ман ба ӯ чунин ҷавоб додам:
– Офарин! Модоме ки дӯст дар хотираи дӯстон зиндааст, шоир дар сатрҳои шеъраш ҳамеша зинда мемонад, ҳамин тавр нест?
Бихонад рӯди ҷорӣ алла 
бар шаб,
Ҳама хобанду ман бедор 
ин шом.
Давад хома ба рӯйи 
дафтари дил,
Пазад дар деги ҳис 
андешаи хом...   
Ин мисраъҳо аз қалами Шоири халқии Ӯзбекистон Зулфия таровидаанд. 
Инак, субҳе дамид, ки ӯ интизораш буд. Роҳҳо чароғон, шаҳрҳо пурфайзу роҳатбахш, маҳаллаҳо обод, дар кӯчаву хиёбонҳо парчами истиқлол парафшон, аз шоҳминбарҳо садои Зулфия танинандоз:
Омадӣ, аз ростӣ, 
эй ҳуррият?!
Чашм дар роҳи ту будам 
солҳо.
Дар Ватан, дар қисмати 
халқи азиз,
Ҷовидон мон, 
эй ба қимат бебаҳо!
Дар шеърҳои муассир ва аз самимият саршори Зулфия дарди дили худ, зарбаҳои тақдир ва воқеоти аз сар гузаронидааш таҷассум ёфтаанд. 
Вақте Зулфия мегӯем, симои як бонуи донишманд, қавиирода,  вазнин ва сарвқомат пеши назар меояд. Зеро ӯ чун инсон, зан ва шоира оламу одамро мешиносад, ғаму ташвиши дигаронро азони худ меҳисобад, ки ин фазилати ба худ хоси шоира маҳсуб мешуд.
Моҳи октябри соли 1958 дар Тошканд анҷумани якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо баргузор шуд. Дар он аҳд ибораи  «Рӯҳи Тошканд» пайдо шуда буд. Ин ифодаи ҳамфикрӣ, ҳамҷиҳатӣ, якдилӣ ва ҳамдигарро дастгирӣ намудани халқҳо баҳри сулҳу осоиштагӣ ва равнақи халқу диёр буд. Сафарҳои сулҳҷӯёнаи тарафҳо боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои ду қитъа гардид. Мукотибаи байни қаламкашони ӯзбеку хориҷиён ҷоннок шуд. Нависандагон ба якдигар китобҳои худро тақдим намуда, доир ба эҷодиёти якдигар фикру мулоҳиза меронданд. Асарҳои беҳтарини нависандагони ду қитъа ба ҷоизаҳо сазовор дониста мешуд.  
Шоири халқии Ӯзбекистон, арбоби ҷамъиятӣ Зулфия барои  фидокориҳояш дар ҷодаи эҷод сазовори мукофоти байналхалқии «Нилуфар» дониста шуд. Аммо шодиву ғам пайи ҳам меояд, гуфтаанд. Ба дӯши Зулфияи ҷавон мусибат афтид. Аз ҳамсафари ҳаёташ хеле барвақт ҷудо шуд, боли пари илҳомаш ногаҳон шикаст: 
Омад яке пирӣ ба дил,
Сурхии рӯйи ман 
парид.
Сӯят равам бо роҳи ёд,
Бо сад хаёлу 
сад умед...
«Даҳ соли ҳамнафасию ҳамқадамӣ бо Ҳамид Олимҷон барои ман бахти бузург буд, – менависад Зулфия дар яке аз хотираҳояш, – инсони меҳнаткаш, шоири бузург, соҳиби интизоми қавӣ, меҳрубони дӯстон Ҳамид Олимҷон дар баробари рафиқи ҳаёт ва падари фарзандон будан, дӯсти ҳамдил ва маслиҳатгари ҳассос низ буд. Ман аз ӯ фикр, меҳнат кардан ва шеър навиштанро омӯхтам. Дар мактаби эҷодаш таълим гирифтам».
Дарҳақиқат, Ҳамид Олимҷон устоди шоирон буд. Мактабу шогирдони худро дошт. Заҳматкашони шеъри муосири ӯзбек – аз Зулфия то Асқад Мухтор, Туроб Тӯла, Шуҳрат, Ҳамид Ғулом, Мирмуҳсин, Шукрулло, Абдулло Орифов, Эркин Воҳидов ва дигарон аз мактаби ӯ сабақи аввалинро гирифтаем. Бо Ҳамид Олимҷон дар бисёр суҳбату вохӯриҳо бо ҳам будем, аз эҷодиёташ баҳраманд шудаам. Ба китоби нахустинам роҳи сафед талабида буд. Бинобар ин, агар аз рақами аввал, қалами якум, китоби якум, хитоби якум сухан равад, ҳамеша Ҳамид Олимҷонро ба ёд меорам. 
Фикр мекунам, Зулфияро бе Ҳамид Олимҷон, Ҳамид Олимҷонро бе Зулфия тасаввур кардан душвор. Гӯё онҳо ду сатри як байт, ҳамоҳанг, ҳамфикр, ҳамдард буданд.
Ман дар назди рӯҳи ҷовидонзиндаи онҳо сари таъзим фуруд меоварам.
Аз китоби «Зулфия дар хотираи ҳамзамонон».

Тарҷумаи 
С. БЕКНАЗАРОВА.     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: