ЭҲТИРОМИ БУЗУРГ БА ҶАСОРАТ ВА ХОТИРАИ ГУЗАШТАГОН

Дар мамлакатамон Рӯзи хотира ва қадр, инчунин 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои идона, ки ба муносибати санаи фараҳбахш – 9 май дар пойтахт гузаронда шуд,  иштирок кард.
Сарвари давлатамон ба Боғи Ғалаба, ки дар ноҳияи Олмазор бунёд ёфтааст, ташриф овард.
Халқи Ӯзбекистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон саҳми бузург гузоштааст, аммо дар кишвар ягон маҷмӯаи ёдгорие мавҷуд набуд, ки ин ҷасоратро ба таври васеъ инъикос кунад.
Соли гузашта Президент бо ташаббуси бунёди боғи бузург ва абадӣ гардондани қаҳрамониҳои халқамон баромада буд.
Дар натиҷаи ин консепсияи бадеиву меъмории боғ дар асоси пешниҳодҳои ҷомеаи илмӣ ва эҷодӣ, таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ таҳия шуд. Роҳбари давлат якчанд маротиба бо лоиҳаҳо шинос шуд. Дар натиҷа дар ноҳияи Олмазори Тошканд беш аз 12 гектар замин ҷудо карда шуда,  корҳои васеъмиқёси сохтмонӣ ва бадеиву ороишгарӣ анҷом дода шуданд.
Боғи Ғалаба аз ду қисм иборат буда, ҳар яки он мавзӯи алоҳида дорад. Якум иштироки ӯзбекистониёнро дар набардҳо, дуюм – ҳаёти ҷумҳурӣ дар ақибгоҳро тасвир мекунад.
Роҳбари мамлакатамон ба маҷмӯаи ёдгории “Мадҳияи матонат” гулчанбар гузошт.
Ҳангоми бунёди ин ёдгорӣ на образҳои бадеии мавҳум, балки рӯйдодҳои воқеии таърихӣ асос гирифта шуданд.
Зулфия Зокирова аз деҳаи Хонободи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд ҳамаи панҷ писари худ – Исҳоқҷон, Аҳмадҷон, Маҳамадҷон, Ваҳобҷон, Юсуфҷонро дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз даст додааст. Чаҳор келинаш бева ва панҷ наберааш ятим монданд. Келинҳо ҳам аз Зулфияая ибрат гирифта, ба оилаи худ содиқ монданд ва дигар ҳеҷ гоҳ издивоҷ накарданд.
Соли гузашта, дар Рӯзи хотира ва қадр, роҳбари давлати мо пешниҳод намуд, ки ба ифтихори Зулфия Зокирова, писарони қаҳрамон ва келинҳояш муҷассамаи боҳашамат гузошта, ба он «Мадҳияи матонат» ном гузошта шавад. Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи васеъ дастгирӣ карда шуд. Дар ин мавзӯъ мақолаҳо, шеърҳо чоп шуданд, филми бадеӣ офарида шуд.
Имрӯз ин муҷассамаи боҳашамат дар маркази боғи Ғалаба қад афрохтааст.
— Ин ёдгорӣ барои ҳамаи модарони Ӯзбекистон аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Ёдгорӣ ба макони зиёратгоҳ, рамзи оила, муҳаббат, вафо ва садоқати тамоми мардуми мо табдил меёбад. Ҷавонони ба  ин ҷо омада фазилатҳои дар хуни миллат ниҳонбударо дарк намуда, саъй менамояд ба қадри он расанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият ҷанги хунин ва харобиовартарин буд. Амалиёти ҷангӣ дар хушкӣ, баҳр ва осмони Аврупо, Осиё ва Африка гузаронида шуданд. Бинобар баъзе маълумотҳо, он ҷони то 85 миллион нафарро хазон кардааст. Ҷанг ҳалокати бемисл ва гуруснагӣ овард.
Роҳбари давлати мо дар суханрониҳои пешинаи худ зарурати амиқ омӯхтани саҳми халқи Ӯзбекистонро дар Ғалаба қайд кард. Аз он вақт инҷониб, дар ин мавзӯъ тадқиқоти васеъ гузаронида шуданд. Инчунин, ҳуҷҷатҳои таърихии қаблан пӯшида низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бойгонии хориҷӣ, осорхонаҳо ва олимон дар бораи гузаштагони қаҳрамонамон маълумоти нав ба даст оварда шуданд.
Масалан, қаблан пиндошта мешуд, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон тақрибан 1,5 миллион нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Тибқи маълумоти нав зоҳиршуда, аз ҷумҳурӣ қариб 1 миллиону 951 ҳазор нафар ба ҷанг сафарбар карда шуда буданд. Ҳуҷҷатҳо тасдиқ карданд, ки зиёда аз 200 ҳазор сарбозон ва афсарони мо бо мукофотҳои давлатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Занон, пиронсолон ва кӯдаконе, ки дар Ӯзбекистон мондаанд, низ қаҳрамонии ҳақиқӣ нишон доданд. Аз хурд то калон – ҳама сахт меҳнат мекарданд. Ҷумҳурии мо ба ҷанг самолётҳо ва танкҳо, силоҳҳои дигар, миқдори зиёди озуқаворӣ, либос ва дигар маҳсулот интиқол додааст.
Ҳазорон нафар иштирокдорони ҷанг дар госпиталҳои ҳарбии дар ҷумҳурии мо ҷойгиршуда табобат гирифтанд. Тибқи маълумоти нав, аз минтақаҳои аз ҷанг зарардида ба Ӯзбекистон 1,5 миллион нафар, аз ҷумла беш аз 250 ҳазор бачаҳо кӯчонида шуданд. Мардуми мо ба онҳо сарпаноҳ дода,  нони охиринашонро бо онҳо ба ҳам диданд.
Ҷасорат, меҳрубонӣ ва олиҳимматии халқи ӯзбек чун пештара мактаби мардонагӣ ва манбаи ифтихор ба ҳисоб меравад. Бо мурури замон аҳамияти ин арзишҳои фанонопазир торафт меафзояд.
Дар Музейи Шаъну шараф чунин таърихи шарафманд ифодаи худро ёфтааст. Музейи мазкур, ки аз ду ошёна иборат мебошад, маҷмӯае аст, ки мардонагӣ ва матонат, зуҳури фазилатҳои инсонии мардумамонро дар солҳои ҷанг таҷассум намудааст. Дар ин ҷо факту воқеаҳои таърихӣ аз тариқи технологияву усулҳои интерактиви замонавӣ акс ёфтаанд.
Роҳбари давлатамон бо экспозитсияи осорхона шинос шуд. Вай қайд намуд, ки экспонатҳо барои мадҳи қаҳрамониҳои халқамон, ки ба кори Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон саҳми бузург гузоштаанд, дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас хидмат кунанд.
– Бунёди ин музей ҳадафи барқарор кардани адолатро дорад. Чунин ҷойе набуд, ки рӯйдодҳои ҷанг – як қисми таърихамон – дар як ҷо намоиш дода шаванд. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки саҳми бузурги халқро дар Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон абадӣ гардонем ва онро ба наслҳо гузорем. Ҳатто садсолаҳо гузашта одамон бояд ба ин ҷо биёянд, дар бораи рӯйдодҳо ва оқибатҳои ҷанг донанд,  арзиши сулҳро дарк кунанд, – таъкид намуд роҳбари давлат.
Музей аз шаш шӯъба иборат буда, якумаш дар бораи сафарбар кардани аҳолии ҷумҳурӣ ба фронт, ҷасорати он дар майдони ҷанг ривоят мекунад. Бахши дуввум бо номи «Ӯзбекистон – пояи боэътимоди ҷабҳа» пешниҳод шудааст. Бахши сеюм дар бораи илм, маориф, фарҳанг ва нигаҳдории тандурустии кишварамон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Қисмати чорум «Хотираҳои ҷанг ва Ғалаба, шодмонӣ ва хушнудии халқ» ном дорад ва қисми панҷум ба адабиёти бадеӣ, санъат ва матбуот дар солҳои ҷанг бахшида шудааст. Дар қисми шашум, таҳти шиори “Корномаи қаҳрамонон абадист” китоби 33 ҷилдаи хотира, албоми ба муносибати ҷашн нашршуда, инчунин экспонатҳои дигар ҷой гирифтааст.
Шавкат Мирзиёев зарурати дар Музейи шаъну шараф ташкил кардани бахшҳои алоҳидаи фармондеҳон, таҳқиқотҳои илмӣ гузарондан ва пурра гардондани дебочаро қайд намуд. Оид ба ташаккул додани сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳисси далерӣ дар хизматчиёни ҳарбӣ ва курсантҳо, ҷавонон тавассути ташкили экскурсияҳо ба осорхона барои онҳо тавсияҳо дод.
Музейи шаъну шараф аз ҷиҳати меъморӣ низ дар шакли нодир барпо гаштааст. Аз тариқи экспонатҳои ошёнаҳои якум ва дуюм манзараҳои беамони ҷанг, қаҳрамониҳои бобоёнамон, госпиталҳои дар мамлакатамон ҷойгирнамуда, аз қаҳрамонии гузаштагони мо, меҳнати машаққатноки ҳамватанонамон дар ақибгоҳ нақл мекунанд. Дар баландие, ки рамзи қуллаи ишғолнамудаи майдони ҷанг аст, ёдгории муҳташами «Матонати ҷовид» бахшида ба генерал Собир Раҳимов ва дигар қаҳрамонон, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон қаҳрамонии беназир зуҳур намудаанд, гузошта шудааст, ки ба он аз тариқи зинапояҳо аз ошёнаи дуюми осорхона баромадан мумкин аст. Дар майдоне, ки дар ин ҷо ҷойгир гаштааст, боғ мисле дар кафи даст намоён аст. Ба он аз тариқи роҳрави ҳалқавор фуромадан мумкин аст. Дар ҳошияи ин пайроҳа лавҳаҳо бо сабти номи ҷанговарони Ӯзбекистон ҷойгир шудааст, ки бо орден ва медалҳо мукофотонида шудаанд. Ин номҳо дар насли ҷавон ҳисси муқаддаси хотираро дар бораи падар ва бобоёнамон бедор месозад.
Сарвари давлат инчунин маҷмӯаи «Ашк»-и боғро аз назар гузаронд. Ин композитсияи бадеии дар шакли чашм даҳшати ҷанг, ваҳдати тамоми мардумро, новобаста аз миллат ва мазҳаб инъикос менамояд.
Дар ҳудуди боғ дар якчанд деворҳои мармарин панноҳои композитсионӣ насб карда шудааст. Дар онҳо лавҳаҳо аз таърихи бобоҳои саркарда, муҳимтарин маълумот дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон, инчунин қобилияти ҷангии артиши миллиамон инъикос ёфтаанд. Дар асоси сурудҳои давраи ҷанг ва паёмҳо фазои таърихӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар амфитеатри Боғи Ғалаба бахшида ба 9 май — Рӯзи хотира ва қадр чорабинии идона баргузор гардид. Дар маросим собиқадорони ҷанг ва меҳнат, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, хидматчиёни ҳарбӣ иштирок карданд.
Президент Шавкат Мирзиёев тамоми собиқадорон ва халқи Ӯзбекистонро бо Рӯзи хотира ва қадр ва 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон муборакбод намуд.
Соли равон аз сабаби карантин аксари собиқадорони ҷанг ва меҳнат ин санаро дар хона ҷашн мегиранд. Онҳо маросими имрӯзаро тавассути телевизион мустақиман тамошо карданд.
Роҳбари давлат ҳар як собиқадорони ҷанг ва меҳнатро, ки дар ин чорабинӣ ҳузур доранд, гарм пазироӣ намуда, бо онҳо суҳбат кард. Ба онҳо саломатии бардавом ва умри дароз таманно кард. Собиқадорон дар ибодатҳояшон аз Офаридгор барои кишварамон сулҳу шукуфоӣ хостанд.
Чорабинӣ ба иштирокчиёни ҷашн дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ва марказҳои вилоятҳо, округҳои ҳарбӣ тавассути алоқаи видео намоиш дода шуд.
Шавкат Мирзиёев тавассути алоқаи видеоконфронс бо Раиси Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ сӯҳбат кард.
Президент дар Китоби меҳмонони фахрии Боғи Ғалаба дастхат гузошт.
Дар боғ инсталлятсияи композитсияҳои давраи Ҷанги дуввуми ҷаҳон ташкил карда шуда, аз ҷумла истгоҳи роҳи оҳан, хандақҳо бунёд ёфта, техникаи ҳарбӣ ва аслиҳа гузошта шудаанд. Роҳбари давлат бо намоишгоҳ шинос шуд.
Хуллас, дар боғ то ки мо таърихро донем, гузаштаро ба ёд орем, қаҳрамононро эҳтиром кунем, инчунин барои фароғати пурмазмуни аҳолӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳои эҷодӣ ва шомҳои адабӣ ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Боғи Ғалаба таҷассуми амалии садоқати амиқ ба Ватан, қаҳрамонии ҷовидона ва хотираи дурахшони онҳое, ки ҷони худро барои сулҳ ва озодӣ қурбон кардаанд, хоҳад буд.
      *            *           *
Роҳбари давлат худи ҳамон рӯз ба  Маркази дуввуми перинаталӣ, ки дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд бунёд шудааст, ташриф овард.
Дар мамлакати мо оид ба беҳтар намудани саломатии мардум, ҳифзи модару кӯдак барномаҳои миллӣ  амалӣ карда мешаванд. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 ноябри соли 2019 сифати хизматрасониҳои тиббӣ афзоиш ёфта, фарогирии занони синну соли репродуктивӣ, ҳомиладор ва кӯдакон васеъ мегардад.
Маркази перинатал соҳиби технологияи замонавӣ буда, бо дастгоҳҳои томографии оҳанрабову акси садо, таҷҳизоти рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо, колпоскопия, гистероскопия, электроэнсефалография, электрокардиография, ҷиҳозҳои лабораторӣ ва физиотерапевтӣ таъминанд. Дар ошёнаи якуми бино поликлиникаи бисёрсоҳа мавҷуд аст, дар қабати боло палатаҳо барои мизоҷон ва утоқҳои таҷрибаи умумӣ, аз ҷумла шуъбаи ҷоннокгардонии кӯдакон мавҷуданд. Дар ин ҷо имконияти дар як вақт табобат кардани 140 нафар бемор вуҷуд дорад.
Президент бо шароити дар муассисаи тиббӣ муҳайёгардида шинос шуд, бо духтурон тавассути барномаи онлайн-поликлиникаи askdoctor.uz суҳбат орост.
— Пандемияи коронавирус чашми моро кушод. Нишон дод, ки технологияи иттилоотӣ дар тиб чӣ қадар муҳим аст. Аммо, на шароит ва на ихтисоси кормандон кофианд. Аз ин рӯ, бояд дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта барнома таҳия кард ва рушди телетиббиётро тезонд. Ин ба сарфаи вақт ва пул кӯмак карда, амнияти эпидемиологиро таъмин менамояд. Мо бояд ҳушёр ва пурра мусаллаҳ бошем, то минбаъд ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ роҳ надиҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Бинобар татбиқи марҳилавии технологияҳои фосилавӣ дар беморхонаҳои ноҳиявӣ ва дармонгоҳҳои деҳот, омӯзиши кормандони тиббӣ ва аҳолӣ ба истифодаи он супоришот дода шуданд.
Дар толори конфронс дорои 100 ҷойи маркази перинаталӣ имконияти гузарондани видеоконфронс бо иштироки мутахассисони ватанию хориҷӣ ҳаст.
Сарвари давлат толорро аз назар гузаронда, таъкид кард, ки ҳар як клиника дар хориҷа шарики худро дошта бошад.
Бинои марказ дар асоси маводи инноватсионии сохтмонӣ бо сифати баланд ва сарфаи энергия сохта шудааст. Барои ёрии таъҷилии тиббӣ тамоми шароит муҳайё карда шудаанд.
Ҳамаи ин инъикоси ғамхории беҳад ба аҳолӣ дар дараҷаи давлат мебошад.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: