КОРХОНАИ МО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЯГОНА АСТ

– мегӯяд сардори корхонаи ҶММ “Наримтекс” Наргиза Аминова

– мегӯяд сардори корхонаи ҶММ “Наримтекс” Наргиза Аминова

Вай ду сол пеш аз шаҳри Тошканд бо як олам таассурот баргашт. Сари синаи ӯро ордени “Меҳнат шуҳрати” зеб медод. Мукофотро ба вай худи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев супурд. Аз рӯи нақли ӯ бармеояд, ки чунин қадршиносии Президент ба вай болу пар бахшид. Ҳамкорони Наргиза мегӯянд, ки баъди ин бозгашт вай омода буд, ки барои чунин қадршиносӣ беҳтару бештар кор кунад ва домани фаъолиятҳояшро тавсеа бахшад.
– Ҳарчи бештар ба кор ҷалб кардани занону духтарон ва ҷавонмардони маҳаллӣ аз вазифаҳои муҳимтарини ман аст, –  мегӯяд ӯ. 
Вай аз зумраи ҳамон соҳибкорзанони марғелонӣ аст, ки кайҳост барои таъсиси корхона ғайрат ва шуҷоат зоҳир менамуд ва ҳеҷ чиз садди роҳаш намешуд. Ҳоло ду корхонаи хусусии ин шаҳри куҳан марбути Наргиза мебошад. Яке аз ин корхонаҳо ба дӯзандагӣ ихтисос дода шудааст ва дар он занону духтарони зиёд кор мекунанд. Корхонаи дувуми ӯ –  “Наримтекс” ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуд мубаддал гардид. 
Онро дувоздаҳ сол муқаддам ташкил намудааст. Вақте ки таъсиси боз як корхонаро дар миён гузошт, ҳокимияти вилоят ӯро дастгирӣ намуд. 
Соли 2008 “Наримтекс” ташкил шуд ва дар қадами аввал занону духтарон тавассути мошинҳои оддии дӯзандагӣ ба кор шурӯъ намуданд. Онҳо либосҳои гуногуни занона медӯхтанд ва муштариён аз анбори корхона онро ба бозорҳои шаҳру навоҳии мамлакат бароварда мефурӯхтанд. 
Соли 2012 ҳамкорони хитоиаш ҷаҳду ҷадали ӯро дида пешниҳод карданд, ки бо вай ҳамкорӣ мекунанд. Маҳз бо иқдоми онҳо ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти корхона комилан модернизатсия карда шуд. Дере нагузашта  аз Хитой ба корхона таҷҳизот ва дастгоҳҳои дӯзандагиву бофандагии замонавӣ оварда насб карда шуд. Соли 2015  коргарон аллакай дар шароити беҳтар ба кори худ идома медоданд. 
Бо назардошти он ки шароит мусоидат намуд, вай номгӯи маҳсулоти дӯзандагии корхонаро афзоиш дод. Дӯзандагон аз дӯхтани либосҳои оддӣ ба дӯхтани палтоҳои гуногун, шиму костюм ва либосҳои шинаму зебои мӯина сар карданд. Ба ин васила ҷойҳои нави кор фароҳам оварда шуд ва як гурӯҳ занону духтарони маҳаллӣ ба кор таъмин гардиданд.
–  Корхонаи “Наримтекс” бо тавлиди маҳсулоти худ дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Дар ин ҷо аз мӯинаи гӯсфанд матоъ  бофта мебарорем. Ин матоъ маҳз барои дӯхтани болопӯшҳои зимистона, шиму костюм хос мебошад. Маҳсулоти моро асосан либосҳои низомии мардонаву занона ташкил медиҳанд, –  гуфт Наргиза Аминова.
Мунтазам вазъи бозори дохилиро мавриди таҳқиқу  омӯзиш қарор медиҳад. Бар асоси натиҷаҳои он доираи фаъолияти корхонаашонро оҳиста васеъ мегардонад. Ӯ мегӯяд, ки дар ояндаи наздик аз матои мӯина шиму костюмҳое дӯхта ба фурӯш мебароранд, ки марду зан онро дар кор  ва маросимҳои шодиву хурсандии худ ба бар хоҳанд кард.
Маҳсулоти “Наримтекс” аллакай шӯҳрат пайдо кардааст. Зеро баъди модернизатсия теъдоди модели маҳсулоти он афзоиш ёфт. Акнун ин сару либосҳо тибқи тақозои давру замон тайёр карда мешаванд ва барои содир намудани он аллакай соли гузашта фурсат даст додааст.
– Соли гузашта ба маблағи 632 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулот содир намудем. Соли равон ин нишондиҳанда ба 800 ҳазор доллар хоҳад расид,– мегӯяд бо эътимоди қавӣ Н. Аминова. – Солона танҳо истеҳсоли палтои занона 45 ҳазор ададро ташкил хоҳад кард. Президент зимни боздид аз корхонаи мо супориш дод, ки дар шаҳри Тошканд маркази дизайн ифтитоҳ намоям. Дар ин марказ  духтарону писарон ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. Сонӣ онҳо ба намоиш додани маҳсулоти корхона мепардозанд ва як гурӯҳи онҳо дар хориҷа ба тарғиб намудани маҳсулотамон машғул хоҳанд шуд.
Дар давоми солҳои 2018-2022 бо татбиқи лоиҳаи маҳалликунонӣ марҳила бар марҳила истеҳсоли маҳсулоти мӯинаро ба роҳ хоҳанд монд. Ин имкон фароҳам меоварад, ки намудҳои маҳсулот ва ҳаҷми содирот афзоиш дода шавад. 
Ногуфта намонад, ки корхонаи мазкур мӯинаи гӯсфандро аз Австралия харида меоварад. Ин маҳсулоти воридотӣ дорои афзалиятҳои зиёд мебошад.
– Магар намешавад, ки барои бофтани матоъе, ки шумо ба он зарурат доред,  мӯинаи гӯсфандҳои худамон корбаст шаванд?
– Ҳаргиз! Ҳар як ҷинсу матоъ хусусияти хоси худро дорад. Ҳоло ба шумо дар ин бора менеҷери корхона Диана Мустафоева тавзеҳи бештар медиҳад, –  гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ин менеҷер матои мӯинаи гӯсфанди австралӣ нисбат ба матои мӯинаи маҳаллӣ ва пахтагин ҳафт баробар бештар ба ҳарорати офтоб ва таъсироти дигари беруна тобовартар мебошанд. 
–  Муҳимтар аз ҳама, ин матоъ барои бадани инсон қобилияти ҳавогузаронии бештар доранд ва баданро аз арақ кардан нигоҳ медоранд. Корхонаи мо дар Осиёи Марказӣ бо ҳамон ҷиҳати худ фарқ мекунад, ки истеҳсоли маҳсулот ба тарзи инноватсионӣ ба роҳ монда шудааст. Мутахассисони мо дар хориҷа таълим гирифтаанд ва нисбати кору вазифа хеле масъулияти зиёд эҳсос мекунанд, –  афзуд Диана Мустафоева.
Дар корхона 300 нафар занону духтарони маҳаллӣ машғули кор мебошанд. Як гурӯҳ ҷавонмардон кори ҷамъи таҷҳизоту дастгоҳҳоро назорат мекунанд. Ба таъкиди Диана теъдоди коргарон  соли оянда ба 700 нафар афзоиш меёбад.  
Овардани таҷҳизоту дастгоҳҳои “Наримтекс”, ки ба истеҳсоли матои мӯина ихтисос ёфтаанд, натиҷаи талошҳои зиёди  онҳо ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ мебошанд. Масалан, барои аз Италия овардани дастгоҳҳо 7 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ тақозо шудааст.
Дар лабораторияи махсуси корхона матои бофташуда чанд карат аз дастгоҳи лабораторӣ мегузарад. Зеро матоъ бояд рақобатпазир бошад, вагарна корхона муштариёни худро аз даст хоҳад дод.
–  Шумо ҳоло мебинед, ки ҳар як пораи матоъ аз санҷиши дақиқ мегузарад. Ин дастгоҳ барои иҷрои ҳамин кор муқаррар шудааст. Агар ягон намуди матоъро ба ҳамон андозаи зарурӣ санҷида набароем, фардо худи мо зарар мебинем. Зеро ҳар матоъ ба меъёри стандарти ҷаҳонӣ бояд мутобиқат намояд. Дар акси ҳол худи корхона зарари калон мебинад, –  гуфт мудири лабораторияи корхона Беҳрӯз Шӯҳратов.     
Бино ба маълумоти мутахассисони корхонаи “Наримтекс” матои мӯинаи истеҳсоли ин корхона дорои моддаи креатин низ мебошад. Моддаи креатин барои дур рондани бактерияҳои ногувор мусоидат мекунад ва ба бадбӯй шудани бадан роҳ намедиҳад.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.       
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: