10.ХУРШЕД ЗИ ПУШТИ ПАНҶАРА ТОБОН АСТ...

Агар ба шарҳи ҳоли маорифпарварони машҳури Мовароуннаҳр (Давлати Бухоро. – Ҳ. Ҷ.) Абдуқодир Шакурӣ ва Исматулло Раҳматуллозода назар афканем, мебинем, ки онҳо дар нимаи дуюми асри XIX баҳри маърифати мардум корҳои бузургро ба ҷо овардаанд.

Вадуд Маҳмудӣ низ соли 1897 дар оилаи мударриси босавод дар деҳаи Раҷабамини ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст. Муҳити оила сабаб шуд, ки аз хурдсолӣ ба тиловати Қуръон таваҷҷуҳ кунад. Ӯ соли 1905 дар мактаби навусули деҳа, ки Шакурӣ созмон дода буд, илмҳои дунявиро омӯхт. 
Солҳо пуртаҳлука буданд. Ҳар рӯз падараш аз шаҳр хабарҳои нав ба нав меовард. Мақсади истилогарон, мегуфт ӯ, маданияту таърихи мо, дини мубини исломро нест кардан аст. Вадуди ҷавон нисбат ба ҷамъияти онвақта назари бад дошт. Чунки ба мардуми меҳнаткаш ҳам амири Бухоро ва навкоронаш ҷабру зулм мекарданд, ҳам Русияи подшоҳӣ истисмор менамуд. Аммо ӯ тарафдори мактаби ҷадиди Шакурӣ буд. Чунки ин мактаб ба шогирдон баробари фанҳои динӣ аз фанҳои иҷтимоии замонавӣ таълим медод.
Вадуд дар 15-16 солагӣ аллакай саводи мукаммал дошт. Бинобар ин, барои такмил додани илм чанд муддат дар мадрасаи олии Уфа таълим мегирад. Дар он ҷо бо маорифпарварон Гаспаринский ва Ҷалил Мамадқулизода ошноӣ пайдо карда, аз воқеаҳои дунё бисёртар хабардор мегардад. Ӯ баъди ба Самарқанд баргаштан, ҳамроҳи Шакурӣ бо касби муаллимӣ машғул мешавад. Баробари ин шеър машқ мекард. Хусусан жанри рубоиро хеле дӯст медошт. Навиштаҳояш дар маҷмӯаи «Шӯълаи инқилоб» чоп мешуданд. Ин аст, ки чанд муддат дар Вазорати маорифи Самарқанд ифои вазифа кард. Аммо аз дини ислом даст накашид. Намозро тарк накард. Аз ин сабаб, коммунистҳо аз пайи ӯ шуда, ҳамчун аксулинқилобчӣ ӯро маҳкум карданд. Ӯ тӯли солҳои 1929-36 дар маҳбасхонаҳои дурдасти Русия азобу машаққатҳои зиёдеро аз сар гузаронд. Он рӯзҳои мудҳишу тоқатфарсоро ӯ  баъдтар дар рубоиҳо тасвир кардааст:
Хуршед зи пушти панҷара 
тобон аст,
Сар то сари офоқ ҳама 
рахшон аст.
Ман дар бандам, макони 
ман таҳхона.
Торик бувад, ҳар тарафам 
зиндон аст.
Аз чӣ сабаб бошад, ки Вадуд Маҳмудӣ баъди аз маҳбас халос шудан каме дар Самарқанд зиндагӣ карда, зуд-зуд ба Тошканд равуо мекунад. Шояд ӯ ҳамкорӣ карданро бо маърифатчиёни Туркистон беҳтар медонист. Дар матбуоти даврӣ баробари тоҷикӣ бо забони туркӣ низ шеъру мақола менавишт. Дар онҳо насли наврасро ба саводомӯзӣ, маърифатнокӣ даъват мекард. Аммо ин фаъолияташ дер давом накард. 19-уми августи соли 1937 ӯро намояндагони КГБ дастгир карда, ба муддати тӯлонӣ ба ҳабсхонаи Тошканд фиристоданд. Ин ҳолат ба ҳаёти Садриддин Айнӣ низ хавфу хатар овард. Зеро Вадуд Маҳмудӣ додарарӯси устод буд. Оиди ин воқеа Айнӣ дар мактуби худ, ки 7-уми октябри соли 1937 ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба Маскав фиристода буд (мактуб дар бойгонии муаллифи ин навиштаҳо маҳфуз аст), чунин навиштааст:
«Аз Самарқанд ба Маскав 7-уми октябр, соли 1937. Рафиқи муҳтарам Лоҳутӣ. Шумо медонед, ки Вадуд ба ман додарарӯс аст. Ва инро ҳам медонед, ки миёни ман ва ӯ ҳеч алоқаи маънавӣ ва маслакӣ нест. Баъди аз ҳабс халос шудан (1936) асосан дар Тошканд меистад. Аммо ҳар вақт, ки ба Самарқанд ояд, азбаски модараш мурдааст, пеши ҳамширааш меистод. Ман 7-уми июни соли 1937 ба саёҳат рафтам. Ӯ дар Тошканд буд. Ӯ 16-уми июл ба Самарқанд омадааст, бачагон дар боғ буданд ва як қисми ин боғ ҳам аз они ӯст. Табиӣ, ки дар ҳамин боғ (ҳозира ҳавлии шуъбаи самарқандии А Ф.Тӯрон. – Ҳ.Ҷ.) ба пеши ҳамширааш мондааст ва 19-уми август дастгир шудааст ва ман 28-уми август ба Самарқанд дохил шудам. Аз ин душманон як дараҷа муваффақ шуданд, ки маро беобрӯ кунанд ва ҳар рӯз ҳабс шудани маро ба кӯчаҳо овоза карда гаштаанд.
Бо саломи самимӣ С. Айнӣ.
Адрес. Самарқанд, Ленинский район, квортоли Қӯрғонча, дом 10. Айнӣ».
Бале, ҳамин тариқ устод Айнӣ бо кумаки Лоҳутӣ аз туҳматҳои душманон халос шуд.
Инак, дар рӯзҳои тирамоҳи соли 1937 Вадуд Маҳмудиро аз нав бо туҳмат ба ҳабс гирифта, ба муддати 25 сол зиндонӣ карданд. Маърифатпарвари замони худ Вадуд Маҳмудӣ дар ҳабсхонаи Тошканд бо Носирхон Тӯра ном марди намангонӣ шинос мешавад. Ӯ баъдтар мефаҳмад, ки ин шахс олими намоёни илмҳои дақиқ будааст. Вадуд Маҳмудӣ аз Носирхон Тӯра илми сиёсатшиносиро меомӯзад ва ҷаҳонбиниаш васеътар мешавад. Роҳбарони ҳабсхона барои аз ватан дур кардан ӯро аввал ба Алмаато ва сипас ба ҳабсхонаи Арганченскии Русия бадарға мекунанд. Вадуд Маҳмудӣ қариб 20 сол дар шароити вазнин ва тазйиқҳои пай дар пай азоби рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мекашад. 
Ниҳоят соли 1954 офтоби саодат, ки солиёни зиёд дидани онро орзу мекард, ба сари Вадуд Маҳмудӣ ҳам нурҳои гарми худро пош дод. 
Чун Вадуд Маҳмудӣ бо сад азобу машаққат ба зодгоҳаш омад, модараш аз олам гузашта буд. Боғ ва ҳавлиҳои аз падар монда мусодира шуда буданд. Аз ин рӯ, дар ҳавлии бесоҳибмондаи Устод (ҳоло Хона-музейи Айнӣ. – Ҳ.Ҷ.) истиқомат карданро раво дид. Аммо замон ҳамон ноором буд. Кормандони ҳукумати маҳаллӣ ба табъидшудагон бо назари бад менигаристанд ва дар ташкилоту муассисаҳо барои кор кардан роҳ намедоданд. Аҳволи нависандаи номӣ Раҳим Ҳошими Самарқандӣ ва олими номдори илми тасаввуф Қутбиддинхон Муҳиддинов, ки онҳо низ ба ҳамин наздикиҳо аз маҳбасхонаҳо баромада, рӯйи озодиро дида буданд, мисли Вадуд Маҳмудӣ ночору вазнин буд. Аз ин боис онҳо зуд-зуд бо ҳам маслиҳат карда, дар ҷустуҷӯйи кор мешуданд. Ниҳоят қарор доданд, ки дуртар аз Самарқанд ба Тоҷикистон бираванду аз пайи кори илмӣ шаванд. 
Олимони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти назди Академияи илмҳои Тоҷикистон он солҳо аз пайи тартиб додани «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) заҳмат мекашиданд. Директори ҳамонвақтаи он Носирҷон Маъсумӣ ҳар сеи онҳоро бо мамнуният ба кори тартиб додани «Фарҳанг» қабул кард. Вадуд Маҳмудӣ ва ҳамроҳонаш бо шавқу ҳаваси баланд аз пайи кор шуданд. Дар ин мобайн Вадуд Маҳмудӣ ба Самарқанд рафту омад карда, бо Баҳия ном духтараки оҳаликӣ ҳамхона шуд, онҳо соҳиби як духтару се писар гардиданд. Ӯ хурсанд буд, ки акнун осоишта зиндагӣ мекунад. Аммо ин фароғат дер давом накард. Моҳи январи соли 1962 вақте бо ходими хурди илмии донишкада Амон Воҳидов аз пайи кор буданд, аз номи Носирҷон Маъсумӣ ба Амон Воҳидов ба Самарқанд хабари телефонӣ омад: 
«Шумо ҳамаи картатекаҳоро гирифта, зуд ба Душанбе баргардед. Устодатон Вадуд Маҳмудӣ аз кор озод карда шуданд». Амон Воҳидов ба Душанбе бармегардаду мефаҳмад, ки Қутбиддин Муҳиддиновро ҳам аз кори «Фарҳанг» озод кардаанд. Аз  ташкилоти бехатарӣ фармоиш шуда будааст. 
Оре, тақдири аксар равшанфикрони солҳои сиюми асри гузашта, ки бисёриашон  ба таъқиб дучор шуда буданд, ҳамин хел сахту фоҷиавӣ буд. Қисми зиёди онҳо дар маҳбасхонаҳо ҷон дода бошанд, зиндамондаҳо то сафед шудан сарсону овора буданд. Ниҳоят солҳои сонӣ ҳақиқат барқарор ва номи Вадуд Маҳмудиву  шарикони ӯ аз рӯйхати сиёҳ бароварда шуд. Дар натиҷа, Вадуд Маҳмудиву Раҳим Ҳошим то дами вопасин дар Душанбе, Қутбиддин Муҳиддинов бошад, дар Донишкадаи забон ва адабиёти Тошканд фаъолияти пурмаҳсул нишон додаанд.
Вадуд Маҳмудӣ соли 1975 вафот мекунад. Аз ӯ шеъру ғазал, рубоӣ, ҳамчунин қиссаҳои ҳуҷҷатии «Муаллим Абдуқодири Шакурӣ» ва «Девбанд» мерос мондаанд. Қисми зиёди мероси адабии ин шоири маърифатпарвар ва олими таърихнигор дар бойгонии писари ӯ Наҷот маҳфуз мебошанд.

Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: