Ӯзбекистон бо "Газпром" масъалаи интиқоли дарозмуддати газро баррасӣ мекунад

Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон ва ширкати «Газпром» ба музокирот оид ба шартномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддат оид ба интиқоли газ шурӯъ карданд.

Ба гуфтаи вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, интиқоли "сӯзишвории кабуд"-и Русия дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дарозмуддат барои пӯшонидани як қисми камбуди газ дар мавсими тирамоҳу зимистон бо назардошти афзоиши ҳаҷми иктисодиёт, шумораи аҳолӣ ва талабот ба захираҳои энергетикии Ӯзбекистон мусоидат мекунад.

«Дар доираи сафари расмии Президенти кишварамон ба Русия «Газпром» ва мо гуфтушунидҳоро оид ба шартномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати интиқоли газ оғоз кардем», - гуфт Ҷ.Мирзамаҳмудов.

Моҳи июн ҳукумати Ӯзбекистон ва «Газпром» ба созишнома дар бораи интиқоли гази Русия ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва инчунин "харитаи роҳ" оид ба омода кардани системаи интиқоли газ барои қабул ва интиқоли сӯзишворӣ ба имзо расониданд. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон баъдан эълом кард, ки созишнома барои ду сол баста шуда, ҳаҷми интиқоли он дар як шабонарӯз 9 миллион метри мукааб ва ҳаҷми солона ҳудуди 2,8 миллиард метри мукаабро ташкил хоҳад дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: