НАЗАРЕ БА ДЕҲАИ КӮЛ

Деҳаи мо дар домани қаторкӯҳҳои осмонбӯси Ҳисор доман густурдааст.

Дар миёни кӯҳҳои сар ба осмон аст Кӯл,
Хушҳаво, хушманзара, пурфайзу эҳсон аст Кӯл.
Деҳаи мо дар домани қаторкӯҳҳои осмонбӯси Ҳисор доман густурдааст. Табиати зебо, боду ҳавои дилнишину аҷиб, чашмаву ҷӯйборҳои пуроб диққати инсонро ба худ ҷалб карда, ба вай як илҳому рӯҳияи тоза мебахшад. Бесабаб нест, ки ҳар сол садҳо нафар меҳмонон аз ҳар гӯшаи кишвари азизамон барои дидани ин манзараҳои дилфиреб меоянд ва бо як ҷаҳон таассурот бармегарданд. 
Деҳаи Кӯл аз сатҳи баҳр зиёдтар аз ду ҳазор метр баландтар буда, ҳаждаҳ километр дуртар аз баландтарин нуқтаи кӯҳии Ӯзбекистон воқеъ аст. Он тобеи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёст. Аз Шарқ бо Тоҷикистон, аз ҷануби шарқӣ бо вилояти Сурхондарё ва аз шимоли ғарбӣ ба ноҳияи Китоб ҳамҷавор аст. 
Аҳолии деҳа наздик ба якуним ҳазор нафар буда, ҳама аҳли меҳнату коранд. 
Забони тоҷикӣ забони мардуми деҳа буда, шеъру сурудҳои халқӣ, ҳикояву афсонаҳои момоён, зарбулмасалу мақолҳои халқии аҳли деҳа ҳама ба тоҷикиянд. Хуллас, ин сарзамини дорои беш аз  ҳазорсолаи таърих мебошад. Чунон ки устод Шоҳимардони Муҳсин мефармоянд:
Ёдгорӣ дар кӯҳистон 
монда аз тоҷики ман,
Рӯз пурнур, шаб чароғон 
нур борон аст Кӯл. 
Шуғли асосии сокинони ин маскан деҳқонӣ – кишти картошка, гандуму ҷаву ҷавдор мебошад. 
Дар деҳа ба чорводорӣ ҳам эътибори зиёд дода мешавад. Яъне мардум аз чорвои калони шохдор нафъи зиёд мебинанд.
Дар деҳа ҷойҳое мавҷуданд, ки дар онҳо боқимондаи  ёдгориҳои суғдиҳо (кӯзаҳо, ҷавоҳирот, навиштаҳои сангӣ) ва майдонҳои ҷангии марҳилаи арабҳо, қабрҳои шаҳидон аз бостонӣ будани он далолат медиҳанд. Бозёфтҳои таърихӣ бисёртар аз воҳаи Пайбахша, дарёфт шудаанд (дар болои худи ҳамин истилоҳи панҷбахша ё пайбахша истодагарӣ кунем, худ ин калимаи софи суғдии Панҷвикшиштак маънои панҷ қисм, панҷ қабила, панҷ наслро дорад). Ҳангоми шудгор усто Бегмирзо Ҳакимов  ва Юсуф Ҳакимов  кӯзаеро дарёфт намудаанд.
Ин буд, маълумоти мухтасар дар бораи яке аз маконҳои тоҷикнишини ноҳияи Шаҳрисабз. Банда аз фарзанди ин диёри зебоманзар будани хеш фахр мекунам ва ният дорам, ки оянда таърихи деҳаро муфассалтар омӯзам. 

Насим СОДИҚОВ,
донишҷӯйи гурӯҳи тоҷикии 
Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: