ТАШВИҚОТ ҲАМ КОРИ ХУДРО МЕКУНАД

Дар чунин ҳолатҳо саволе қариб ҳамеша дар зеҳн пайдо мешавад: оё фақат бо тоза кардани як адир дунё ободу пок мешавад?

Алҳол, ки дар ҷаҳон ҳамагӣ 10 фоизи партови маҳсулоти пластик аз нав кор карда мешавад ё безарар гардонда мешавад, аз рӯйи мантиқи рақам ин хулоса дар назар дуруст менамояд.
Гап ин ҷо дар бораи ҷамъоварии партове, ки пас аз худ иштирокдорон ва бинандагони фестивали экологиву сайёҳии «Садои Чимён», ё худ онҳое, ки фақат барои истироҳат дар ҳавои кушоди ёнаҳои кӯҳпоя меоянд  ва мегузоранд, меравад.  Дар ин ҷашнвора, ки ҳар сол дар рӯзҳои аввали истироҳатии фасли тобистон аз ҷумҳуриҳои  ҳамсоя ва Русия овозхонони «бард» ва ҳаводорони онҳо ҷамъ меоянд, дар доирааш бисёр дигар чорабиниҳо сурат мегиранд. Яке аз онҳо кори экологҳо, ки нафақат бо ташвиқоти беҳдошти муҳит, машғул мегарданд, балки худашон низ ба даст халта гирифта, ба пуштаҳо мераванд ва партов меғундоранд.
– Ин гуна ташвиқотро ҳамеша ва дар ҳама ҷо бояд кард, – мегӯяд муовини роҳбари Ҳаракати экологии ҷумҳурӣ Саидрасул Сангинов. – Чандин сол аст, ки мо бо ин кор машғул ва ба ин васила ёнаҳои ин кӯҳпоя хеле тоза шуд. Одамоне, ки ин ҷо ҳастанд, аксарияташон аллакай аз хоҳиш ва талаби мо огоҳанд, чунки солҳои пеш низ омадаанд.
Ҳамин тариқ, як пораи ин қисми Тёншони Ғарбӣ аз бегонаашёҳои табиат пок мегардад ва он озод нафас мекашад.
Дар ин масъала хусусан бо хурдсолону кӯдакон кор бурдан ба мақсад мувофиқ аст, ки маҳфили экологии «Родничок» маҳз ҳамин вазифаро солҳост, ки ба ӯҳда дорад.
– Ман қариб дар ҳамаи ин фестивалҳо, ки бори 46-ум барпо мегардад, иштирок кардаам, – мегӯяд роҳбари он Людмила Кошолапова. – Ва ҳамеша эътибори мо асосан ба кӯдакон  аст, ки дар тинаташон дӯстдории табиатро бедор кардан муҳим аст, то ки чун насли бедор ва табиатдӯст ба воя расад.
Он наврасону кӯдаконе, ки дар поксозии пуштаи Чимён фаъол иштирок намуданд, кӯшишашон бе подош намонд – онҳо ба ҳадяҳои Экоҳаракат тақдир гардиданд. 
– Ман аз иштирок дар тоза кардани табиат хеле шодам, – мегӯяд Самияи 10-сола, – дар мактабамон бисёр шунидаам, ки табиатро тозаву обод бояд нигоҳ дорем, аммо ҳоло бори аввал аст, ки бевосита худам дар он ҳисса мегузорам.

Т. МИРҲАЁЕВ.
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: