«Поезди саломатӣ» барои гузаронидани муоинаи тиббии сокинони Қароқалпоқистон ба роҳ баромад

Вазорати тандурустӣ якҷоя бо ҶС "Ӯзбекистон темир йӯллари" ва Фонди байналмилалии хайроти «Соғлом авлод учун» ба иқдоми навбатии солимгардонӣ шурӯъ намуданд.

11 июн бо ташаббуси ташкилотҳои зикршуда ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон "Поезди саломатӣ" ба роҳ баромад.  

Ҳадаф аз баргузории ин иқдом аз муоинаи тиббии сокинони манотиқи дурдасти ноҳияи Арал, ки дар он ҷо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва шароити ҳаракати мошинҳо вуҷуд надорад, бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ таъмин кардани онҳост.

Ба «Поезди саломатӣ» ба маблағи 1,5 миллиард сӯм зиёда аз 5 тонна дорувор ва лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла витаминҳо барои профилактика, микроэлементҳо, доруҳои кардиологӣ, эндокринологӣ, инчунин воситаҳои гигиенаи шахсӣ бор карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии вазорати тандурустӣ, беш аз 200 нафар мутахассисони варзидаи марказҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, ки тавассути ин қатораҳо ба минтақаҳо сафар кардаанд, аҳолиро аз муоинаи амиқи пизишкӣ мегузаронанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: