КИШТИ НАМУНАВИИ РУСТАНИИ НОДИР

Майдони заминҳои заъфаронро торафт васеъ мегардонанд

Заъфарон – номи ин рустании нодир дар адабиёти классикӣ ба таври фаровон ба кор бурда шудааст. Шоирони классик бештар ранги коҳидаи зардро ба заъфарон ташбеҳ додаанд. Аз ин рӯ, аз  қадим заъфарон ҳамчун рустании нодиру доругӣ ба ҳамагон маълум аст. Ва онро дар тиббиёту барои атриёт ба таври фаровон истифода мебаранду  «тиллои сурх» низ мегӯянд. Зеро он ранги тағирёбанда дошта, аввал зард, сипас ранги сурхро мегирад. Назар ба маълумотҳо нархи як килограмм заъфарон дар бозори дунё қариб 9 ҳазор евро мебошад. 
Се сол муқаддам бо ҳамкории сармоядорони итолиёвӣ дар ҳудуди ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах ба кишт ва парвариши заъфарон  шурӯъ намуда буданд. Дар ин замина ширкати «ВMB trade group» таъсис ёфт.Соли аввал ҳамагӣ ба 50 гектар замин тухмӣ кориданд. Ба туфайли меҳнати ҳалоли одамон ҳосил бад нашуд. Порсол барои кишт аз шаҳри Брешиаи Италия 20 миллион дона сарпиёз оварда буданд. Имсол бошад, 16 миллион дона тухмӣ аз худашон ҳам баромад.
Ба муносибати кишти намунавии заъфарон дар маҳаллаи Узунбулоқ чорабинӣ ба амал омад. Дар он журналистон, блогнависон, сафири Италия дар Ӯзбекистон  Агустино Пинна, роҳбарони идораву муассисаҳо ширкат варзиданд. Нахуст дар бошишгоҳи саҳроӣ, ки қариб ҳамагуна шароит муҳайёст, барои журналистон анҷумани матбуот доир гардид.
Раиси Шӯрои Нозирии ширкати «ВMB trade group» Беҳзод Маматқулов аз пешомаду истиқболи неки ширкат чанд ҳарф зад. Назар ба гуфти ӯ, ҳоло маҳсулот дар  бозорҳои олам мавқеъ пайдо кардааст. Барои фурӯши он аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон  сертификати сифатро ба даст овардаанд.  Ва ба осонӣ ба бозорҳои Аврупо ва ҳатто ИМА низ роҳ ёфта тавонистаанд. Дар назар аст, ки майдонҳои замини киштро васеъ намуда, ба ҳазор гектар расонданианд. 
Дар дунё аз нигоҳи кишту  парвариш ва истеҳсоли  маҳсулоти ин рустании дорувор Эрон пешсаф аст. Қариб навад фоизи заъфаронро истеҳсол  мекунад. Қисми боқимонда  саҳми давлатҳои дигар мебошад. 
Мӯйсафедон ба муносибати оғози кишти заъфарон даст ба дуо бардоштанд. Ояе аз Қуръон тиловат карда шуд. Гӯсфандеро сар буриданд. Барои ҳозирин хони зиёфат оростанд.
Дар заминҳои маҳаллаи «Узунбулоқ»-и ноҳияи Бахмал садҳо нафар (бештар бонувон) дар кори коридани рустании нодир иштирок мекунанд. Аз гуфтаҳои бархе аз бонувони меҳнатӣ маълум гардид, ки асосан  аҳолии маҳаллӣ дар ин қабил маъракаҳо саҳм мегузоранд. Пардохти музди меҳнат хуб аст ва нисфирӯзӣ як маҳал хӯроки гарм медиҳанд.
Ҳамин тавр ширкати италиёвии Fin opera s.r.l  лоиҳаи худро бо BMB trade group ва ширкати тоҷикистонии «Аvas group» амалӣ мегардонад. Майдони заминҳои заъфарон торафт васеъ мегардад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: