ТАРАДДУД

Дар боғу киштзорон корҳои кишоварзӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Яке аз тадбирҳои муҳиму нахустини баҳорӣ – тайёрӣ ва ташкилу гузаронидани мавсими кирмакпарварӣ ба шумор меравад.
Дар ноҳияи Косонсой бахшида ба ин маъракаи муҳими агротехникӣ семинар-ҷамъомади мутахассисони соҳа бо иштироки кирмакпарварон баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарони секторони  ноҳия, кормандони саройҳои хурди мошину трактор, роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ, мутахассисони  ташкилоти   «Агропилла»- и  вилоят ва  кирмакпарварони пешқадам иштирок намуданд. Дар ҷамъомад оиди вазифаҳои муҳимтарини дар пеш истодаи  соҳа  ҳокими ноҳия Дилмурод  Қодиров маърӯза кард. Ӯ таъкид кард, ки соли ҷорӣ роҳбарияти ташкилоти «Агропилла»-и ноҳия  бо сарварии 212 хоҷагии фермерӣ ва 860  нафар хонакорон оиди парвариши кирми абрешим шартномаҳо имзо намуданд. Мувофиқи шартнома дар давоми мавсим дар ноҳия 3247 қуттӣ кирмак ба хонадонҳои кирмакпарвар тақсим карда мешавад. Ба ҳар яки ин хонадонҳо маҳсулоти озуқаворӣ,  пул ва дигар маводи зарурӣ дода мешавад. 
Кирмакпарварони ноҳия аҳд кардаанд, ки  соли ҷорӣ 209 тонна хирмани пилла бунёд кунанд. 

Шоҳида ДАМИНОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: