Бо ташаббуси Ӯзбекистон соли 2027 чун Соли байналхалқии сайёҳии устувор ва қобили ҳаёт эълон хоҳад гардид

26 феврал дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмон «Соли 2027 – Соли байналхалқии сайёҳии устувор ва қобили ҳаёт» бо як овоз қабул гардид.

Ҳаммуаллифи ин резолютсия, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намуд, беш аз 80 мамлакати узви Созмон гардиданд.

Дар машваратҳо оид ба ҳамоҳанг намудани матни ҳуҷҷат коршиносони чунин давлатҳои пешқадам мисли Русия, ҶМЧ, ИМА, Туркия, Олмон, Британияи Кабир, Ҷопон, Ҷумҳурии Куриё, Миср, Бразилия, Аргентина, инчунин ҳайати ИА фаъолона иштирок намуданд. Намояндагони давлатҳои аъзои СММ саривақтӣ ва аҳамиятнок будани резолютсияи мазкурро таъкид намуданд.

Мақсади асосии ҳуҷҷат пурра бо тезисҳое, ки  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) моҳи октябри соли 2023 дар Самарқанд  бобати устуворӣ ва нармии соҳаи сайёҳӣ ба мушкилот ва ситезаҳои муосир пешниҳод намудааст, асос меёбад.

Дар резолютсия принсипҳои пешниҳоднамудаи роҳбари давлатамон дар бораи аҳамияти муҳими сайёҳӣ дар нигоҳ доштани мероси ғании мадании тамаддунҳои мухталиф, мустаҳкам намудани сулҳ ва таҳаммулпазирӣ, эҳтироми арзишҳои халқӣ ҷой гирифтаанд.

Ба рушди сайёҳии «сабз» барои нигоҳдории экология, гуногунии биологӣ ва коҳиш додани ифлос намудани атмосфера эътибори алоҳида нигаронда шудааст.

Ҳуҷҷат қарор менамояд, ки соли 2027 Соли байналхалқии сайёҳии устувор ва қобили ҳаёт эълон гардад ва аз ЮНВТО якҷоя бо ҳукуматҳо, ниҳодҳои низоми СММ, ташкилотҳои минтақавӣ даъват менамояд, ки оид ба бомуваффақият барпо намудани он чорабиниҳои маҷмӯи андешад.

Дар резолютсия аҳамияти рушди сайёҳии устувор бо шомили экосайёҳӣ, ки барои даст ёфтан ба МРУ, рушди иқтисодӣ, пурра бо шуғл фаро гирифтан ва инчунин рушди минтақаҳои деҳот ва беҳсозии шароити зисти аҳолии деҳот мусоидат намояд, таъкид мегардад.

Резолютсия ба ҳама ҷонибҳои манфиатдор тавсия менамояд, ки фаъолона сайёҳии устувор ва собиқадамро  ба сифати василаи муҳими аз байн бурдани қашшоқӣ, рағбатноксозии иштироки занон, ҷавонон, солхурдагон ва ногироҳо, васеъ намудани имконоти иқтисодӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои муносиби кор ва манбаъҳои даромад пеш барад.

Ҳуҷҷат қарор менамояд, ки ЮНВТО Ассамблеяи генералии СММ-ро дар сессияи 83-юми он (с.2028) дар бораи татбиқ намудани резолютсияи мазкур бо эътибори алоҳида додан ба баҳои баргузор намудани Соли байналхалқӣ маълумот диҳад.

Бинобар фикри мутахассисон, резолютсияи пешниҳоднамудаи Ӯзбекистон таҷассумгари оғози давраи нави рушди саноати сайёҳӣ дар дараҷаи ҷаҳонӣ мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: