ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН АЗ ЗАХИРАҲОИ ОБ МУШТАРАК ИСТИФОДА МЕБАРАНД

Охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд гурӯҳҳои кории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ дар шакли густарда ҷаласаи 6-уми худро баргузор намуданд.

Дар он натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди дидбонгоҳҳои «Патар» ва «Сарват» дар каналҳои байнидавлатии канали Калони Фарғона ва канали Шимолии Фарғона баррасӣ карда шуд, ки онро дафтари Созмони рушд ва ҳамкории Швейтсария маблағгузорӣ мекунад. Дар ин бора  дафтари матбуоти Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон хабар дод.

 

Бино ба ин манбаъ дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби  Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вакили Дафтари рушд ва ҳамкории Шветсария ширкат намуданд. Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур талошҳои минбаъдаи ҳарду ҷониб ҷиҳати истифодаи дидбонгоҳҳои автоматикунонидаи «Патар» ва «Сарват» ва имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави байнидавлатӣ дар соҳаи захираҳои об ва дигар масъалаҳои марбута дар меҳвари баррасӣ қарор дода шуданд.
Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ҷаласаи 6-уми гурӯҳҳои кории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои автоматикунонидаи «Патар» ва «Сарват» ба вуқӯъ пайваст. Ин дидбонгоҳҳо  аз роҳи автоматикунонидашуда сабт ва интиқоли маълумот дар бораи ҷараёни об ва роҳҳои идоракунии самараноки захираҳои об дар каналҳои байнидавлатиро пурра таъмин менамояд.
Маълум шуд, ки раиси  вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аъзои ин ҳайатҳоро ба ҳузур пазируфта, оид ба вазъи хоҷагии об дар минтақа ва аҳамияти канали Калони Фарғона ва каналҳои Фарғонаи Шимолӣ дар мавриди бо об таъмин намудани як қатор ноҳияҳои вилоят арзи сипос намудааст.
Ба гуфтаи Аҳмадзода ба воситаи канали Калони Фарғона 13 ҳазор гектар замини ноҳияи Конибодом, ба воситаи канали Фарғонаи Шимолӣ 5 ҳазор гектар заминҳои ноҳияи Ашти ин вилоят обёрӣ карда мешаванд.
Дар навбати худ Шавкат Ҳамроев барои истиқболи гарму самимӣ ибрози сипос карда, дар пайи он аҳамияти истифодаи оқилонаи захираҳои оби «Баҳри тоҷик»-ро, ки дар вилояти Суғд воқеъ аст, хеле муҳим арзёбӣ намудааст. Ба таъкиди ӯ озодии кафолатноки об барои Ӯзбекистон дар мавсими кишт аҳамияти калонро касб менамояд. Вай афзудааст, ки дар баробари ин иншооти хоҷагии оби дорои аҳамияти байналхалқӣ (гидропостҳо) аз роҳи ҷорӣ намудани дастгоҳҳои автоматкунонидашуда ва баҳисобгирии дақиқии об назорати ин равандро хеле осон мегардонанд.
Пас ҳайатҳои ду кишвар дар қасри конфронсҳои Бонки миллии Тоҷикистон тибқи рӯзнома ба баргузории чорабинии асосӣ шурӯъ карданд. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти намояндагиҳои Созмони рушд ва ҳамкории Швейтсария дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, созмони «Ҳелветас» ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат намудаанд. Қобил ба ёдоварист, ки “Ҳелветас” як ташкилоти мустақили Швейтсария буда, расонидани кумак ба кишварҳои тараққӣ кардаистодаро ҳадаф қарор додааст ва  дар айни замон барои беҳтар кардани зиндагии мардум дар 32 кишвари ҷаҳон лоиҳаҳои худро амалӣ менамояд
Дар чорабинӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди ду гидропост дар канали Калони Фарғонаи байнидавлатӣ ва канали Фарғонаи Шимолӣ ва корҳои анҷомдодашуда маълумот ироа гардидааст. Ҳамзамон дурнамои кори гидропостҳои автоматикунонидашудаи «Патар» ва «Сарват» мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки маҳз дар каналҳои байнидавлатӣ воқеъ гардидаанд.
Дар ҷараёни ин дидору мулоқотҳо шиносоӣ бо параметрҳои техникӣ ва имкониятҳои таҷҳизоти мониторинги захираҳои обии ширкати «Рубикон» низ сурат гирифтааст. Ҳайатҳо роҷеъ ба фаъолияти минбаъдаи таҷҳизоти насбшуда дар гидропостҳои “Патар» ва «Сарват» табодули назар кардаанд.
Бино ба дафтари матбуоти Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҷиҳати азнавсозии гидропостҳои «Танги-Ворух» дар дарёи Исфара, гидропостҳои «Оқҷар» ва «Қизилқишлоқ» дар рӯдхонаи Сирдарё пешниҳодҳои худро дар миён гузоштанд. Зимнан дар масъалаҳои омӯзиши имкониятҳои ҷорӣ намудани таҷҳизоти онлайнӣ, автоматикунонии корҳои ҳисобу китоб, интиқоли маълумот аз “Гидроузели Фарҳод» ва дар ҳудуди ҳар ду кишвар ҷорӣ кардани технологияи сарфаи об ҳарду ҷониб ба як қатор дастовардҳо ноил шудаанд.
– Бо афзоиши талаботи рӯзмарра ба об ва кам шудани дастрасӣ ба он, ҳамкориҳои фаромарзӣ аз ҳарвақта ҳам бештар муҳим ва дорои аҳамият мебошанд, – гуфтааст хонум Раҳел Боеш, роҳбари бахши ҳамкорӣ ва маркази оби минтақавии сафорати Швейтсария дар Ӯзбекистон. – Ин шабакаҳои ченкунии умумӣ дар раванди мазкур хеле муҳиманд, зеро чизе, ки андоза карда намешавад, назорат кардани он низ хеле душвор хоҳад буд,– афзудааст мавсуф.
Вазири энергетика ва хоҷагии оби Тоҷикистон ва Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон дар қад-қади канали Калони Фарғонаи фаромарзӣ ва канали Фарғонаи Шимолӣ ду стансияи ченкунии гидропостӣ кушоданд. Гуфта мешавад, ки ин ба шарофати ташаббуси ҳукумати Швейтсария дар Осиёи Марказӣ имконпазир гардидааст.
Идоракунии захираҳои оби фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ барои Швейтсария яке аз авлавиятҳои муҳим ба шумор меравад. Мавҷудияти захираҳои об дар Осиёи Марказӣ барои некуаҳволӣ ва рушди иқтисодии тақрибан 75 миллион нафар, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, хеле муҳим аст. Аксарияти ин захираҳои об ба ду ё зиёда кишварҳо тааллуқ доранд. Швейтсария ташаббуси «Сулҳи кабуди Осиёи Марказӣ»-ро дар соли 2017 дар посух ба зарурати равиши фаромарзӣ дар идоракунии об дар ин минтақа оғоз кардааст.
Дарвоқеъ, тақрибан ду даҳсолаи охир Швейтсария Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар раванди ислоҳоти об бо истифода аз равиши ҳамгирошудаи идоракунии захираҳои об дар сатҳҳои миллӣ аз наздик дастгирӣ мекунад.  Илова бар ин, барномаи “Blue Peace – Осиёи Марказӣ» ба таҳкими эътимод ва муқаррар кардани стандартҳои ҳамкории минтақавӣ барои таъмини амнияти оби тамоми мардуми Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
– Ба шарофати комёбиҳои бадастомада кишварҳои мо – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои рушди минбаъда ва таҳкими манфиатҳои муштарак дар идоракунии захираи обҳои фаромарзӣ имкониятҳои калонро соҳиб мебошанд,– гуфтааст Шавкат Ҳамроев.
Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа автоматикунонии дидбонгоҳҳои «Патар» ва «Сарват» дар раванди рақамикунонии соҳаи об яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ин ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: