САРҲИСОБ ВА НАҚШАҲО

Воқеан, мардуми вилояти Самарқанд сарбаландона ва бо ифтихор соли 2021-умро ҷамъбаст мекунанд.

Воқеан, мардуми вилояти Самарқанд сарбаландона ва бо ифтихор соли 2021-умро ҷамъбаст мекунанд.
Соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии вилоят ба 51 триллион сӯм, яъне ба 8,4 фоиз расид.
Дар Самарқанд бо ғояи “Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб, аз низоми таълиму тарбия оғоз мешавад” ислоҳоти бузург амалӣ мешаванд. Дар натиҷа дар заминаи рушди таълими томактабӣ соли ҷорӣ 1121 кӯдакистон, аз ҷумла 9-давлатӣ, 8-хусусӣ, 1089-то оилавӣ ва 15 адад бо шарикии хусусиву давлатӣ таъсис ёфтанд.
– Хатмкунандагони мактаби мо дар ноҳияи Самарқанд пешқадам гардиданд, – иброз дошт сарвари таълимгоҳи рақами 18-уми соф тоҷикӣ Ашӯрбой Шоҳмақсудов, – зеро мо соҳиби бинои нави замонавӣ шудем. 
Шоёни зикр аст, ки соли ҷорӣ дар вилояти Самарқанд аз ҳисоби 446 миллиард сӯм маблағи давлатӣ дар 902 мактаб корҳои навсозӣ анҷом ёфтанд. 
Дар панҷ соли оянда ба маркази таълимӣ табдил додани Самарқанд ҳадафи асосии кормандони соҳаи вилоят аст.
Имрӯзҳо дар шаҳри мо ба таълими олӣ низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад ва донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар ин ҷо шуъбаҳои худро ташкил мекунанд. 
Саломатӣ барои ҳаёти инсон муҳимтарин неъмат аст. Аз ҳамин сабаб Президент ба ин масъала эътибори ҷиддӣ медиҳаду дар вилоят марказҳои тиббӣ бунёд мешаванд.
Чанде пеш дар рӯзномаи “Овози тоҷик” мусоҳиба бо сартабиби маркази онкологии шаҳри Самарқанд Фирдавс Ӯлмасов дарҷ ёфта буд. Вай тавассути телефон иттилоъ дод, ки дар арафаи Соли нав барои маркази онкологӣ бо харҷи 2 миллион евро дастгоҳҳои замонавӣ харид шуданд ва шуъбаҳои нав таъсис ёфтанд.
Маркази кардиологӣ низ ба ивази  30 миллиард сӯм соҳиби таҷҳизоти замонавии тиббӣ гардид.
Соли нав бо бурёкӯбӣ боз бештар хурсандӣ меоварад. Дар вилоят тӯли ёздаҳ моҳ 8 ҳазору 557 хонаи истиқоматӣ ба истифода супурда шуд. Дар асоси барномаи “Реноватсия” барои беш аз 100 ҳазор нафар аҳолӣ сохтмони биноҳои бисёрқабата идома дорад.
Чанд рӯз пеш бо ташаббуси ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов саёҳати матбуотӣ (пресс-тур) баргузор гардид ва журналистону блогерҳои маҳаллӣ бо корҳои ободонии Самарқанд аз наздик шинос шуданд. Вакилони расонаҳои ахбор шоҳид гардиданд, ки дар доираи рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар майдони 212 гектар “Маркази тиҷоратӣ ва сайёҳии Самарқанд” бунёд мешавад. Дар ин ҷо маркази байналмилалии конгресс, маҷмуаи корвонсаройи “Шаҳри абадӣ”, 8 меҳмонхона, иншооти истироҳатӣ, маркази ҳунармандӣ ва ҳавзи сунъӣ бунёд меёбанд. Соли оянда сохтмон ба фарҷом расида, дар ин ҷо анҷумани бонуфуз хоҳад гузашт. 
Дар ноҳияи Пайариқ маҷмӯи ёдгории ҳадисшинос Имом Бухорӣ аз нав ба таври замонавӣ сохта мешавад.
Мо дар мақолаи худ танҳо хулосаҳоеро аз сарҳисоби ҳокими вилоят ва боздиди хеш аз шаҳру ноҳияҳои Самарқанд овардем, ки муште аз хирворе аст.
Шубҳае нест, ки муштариёни “Овози тоҷик” аз навидҳои вилояти Самарқанд мунтазам огоҳ карда хоҳанд шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: