Ҳар як ташрифи сарвари давлат ба вилоятамон дар ҳама соҳаҳои он боиси пешрафт ва инкишоф мегардад, ки ба ободӣ ва фаровонҳолии аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Ҳар як ташрифи сарвари давлат ба вилоятамон дар ҳама соҳаҳои он боиси пешрафт ва инкишоф мегардад, ки ба ободӣ ва фаровонҳолии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Дар сафари навбатии Президенти мамлакат баробари дигар шаҳру ноҳияҳо ба ноҳияи мо низ эътибор дода шуд. Дар Чодак барои зиёд кардани миқдори сайёҳони дохиливу хориҷӣ, беҳтар намудани инфрасохтори деҳа вазифаҳо гузошта шуданд.
Чодак аз деҳоти дурдасту зебоманзар ва дилфиреби ноҳияи Поп ба шумор меравад. Он аз маркази вилоят 100 километр дур буда, аз сатҳи баҳр дар беш аз ҳазор метр баландӣ ҷойгир шудааст. Аз байни деҳа рӯди Чодак ҷорӣ мешавад.
Дар деҳа бо номҳои Шайхон, Чодакбоши, Қӯшминор, Боён, Истиқлол, Юқори Чодак, Боғишамол, Майдон, Гулистон 9 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо мавҷуд буда, дар онҳо 7259 оила ва умуман 28696 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Ҳудуди умумии деҳа 16765 гектар аст. Дар 2378 гектари он сокинон бо кишоварзӣ, чорвопарварӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд. Дар деҳа зиёратгоҳҳои Шоҳ Сулаймон, Оқмазор бува, Исмоил отойӣ, Бобойи Сомосӣ, Бӯсмат ота, Шодмон бобо, Лангарбува, Мавлонобува ҳастанд. Дар Эрмитажи Санкт-Петербург ва дар осорхонаҳои Самарқанду Қӯқанд доир ба Чодак манбаъҳо маҳфузанд, ки аз таърихи қадимӣ ва ғании деҳа дарак медиҳанд.
Олами растаниҳои Чодак низ рангоранг ва ғанист. Дар деҳа хоҷагии ба растаниҳои дорувор ихтисосонидашудаи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият дорад. Ҷамъ 251 субъектҳои соҳибкорӣ амал мекунанд. Аз ин 12-то дӯзандагӣ, 7 ададашон ҳунармандӣ, боқимонда оҳангарӣ, кандакории чӯб, тоқидӯзӣ, савдо ва хидматрасонӣ мебошанд. Дар Чодак 10 мактаби таълими ҳамагонӣ, 2 муассисаи давлатии таълими томактабӣ, 13 ташкилоти нодавлатӣ, 5 шифохонаи оилавӣ, маркази маданият ва маҷмӯи варзишӣ фаъолият доранд.
Дар соҳили Чодаксой аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 430 истироҳатгоҳҳо бунёд шудаанд, ки дар фасли тобистон истироҳаткунандагони нафақат вилояти мову водии Фарғона, балки сар то сари ҷумҳурӣ ва хориҷиро ба оғӯш мегиранд. Дар ин ҷо ҳамчунин истироҳатгоҳҳои тобистонаи ташкилоти роҳи оҳани Қӯқанд – «Темирйӯлчӣ», ноҳияи Данғараи вилояти Фарғона – «Нилуфар», садорати таълими халқи вилояти Намангон – «Офтобча» фаъолият доранд.
Барои қонеъ гардонидани талаботи истироҳаткунандагон, аз тарафи ҳокимияти ноҳия ҳамаҷониба кор бурда мешавад. Дар 2,5 километр соҳили Чодаксой бо риоя ба талаботи санитарию гигиенӣ гузоштани катҳо ба нақша гирифта шудааст. Инчунин 363 адад катҳои мавҷуда аз нав ҷиҳозонида мешаванд, дар хонадонҳои канори Чодаксой 700 адад катҳои нави ҳозиразамон гузошта хоҳанд шуд. Дар ин бобат барои соҳибони ҳар як хонадон аз ҷониби Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Асакабанк» то 20 миллион сӯмина вомҳои имтиёзнок бо тарзи лизинг ҷудо мегардад.
Дар натиҷа мувофиқи ҳисобу китобҳои пешакии мо соли ҷорӣ шумораи сайёҳон ба 350 ҳазор нафар мерасад. Дар 400 хонадони деҳа зиёда аз 1000 нафар сокинон бо кори мавсимӣ фаро гирифта мешаванд. Барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ низ якчанд лоиҳаҳо тадбиқ мегарданд. Аз ҳисоби маблағҳои соҳибкории хусусӣ ба масофаи 7 километр гузоштани нақли дохилии об пешбинӣ шудааст. Пас аз амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур 20 ҳазор нафар сокини деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.
Бинобар он ки Чодак дар бағали кӯҳҳо ҷойгир аст, роҳҳои дохилиаш бештар таъмирталабанд. Тӯли умумии роҳҳои мавриди истифодаи деҳа 25 километр буда, 7 километри он таъмирталаб аст.
Пас аз таъмир гардидани роҳҳо шумораи сайёҳоне, ки барои истироҳат ба деҳа меоянд, чандин бор меафзояд.
Барои ба аҳолӣ ва сайёҳон фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди инфрасохтори деҳа низ эътибори ҳамаҷониба дода мешавад. Барои рушди саноат дар ин ҷо таъминоти доимии энергияи барқ нақши муҳим дорад. Бинобар ин 340 адад сутунҳои чӯбӣ ба сутунҳои бетонӣ, 3 трансформатори кӯҳна ба наваш иваз карда шуданд. Корҳои ободониву навсозӣ дар деҳаи Чодак давом доранд.
Равшан ОНОРБОЕВ,
ҷонишини ҳокими ноҳияи Попи
вилояти Намангон.