Дар 48 соати охир дар Ғаззо 9 кӯдак аз гуруснагӣ вафот кард

Дар ду рӯзи охир дар Ғазо 9 кӯдак дар бемористонҳо бар асари гуруснагӣ ҷон доданд.

Дар ин бора шабакаи телевизионии Ал-Ҷазираи Қатар бо истинод ба маъмурияти Фаластин хабар додааст.

 Ба иттилои ин шабакаи телевизионӣ, дар бемористони Камол Адвон дар шимоли ин анклав дар ду шабонарӯзи охир 7 кӯдак бар асари камғизоӣ фавтидаанд.  Чанд нафари дигар дар ҳолати вазнин мондааст, дар ғамхорӣ намудан бо онҳо душвориҳо ба миён меоянд, зеро дар беморхона маводи сӯзишворӣ барои генераторҳои барқ ​​тамом шудааст.

 Ба таъкиди вазорати тандурустии ин анклав, ду кӯдаки дигар дар бемористони  "Ал-Шифo" дар шаҳри Ғаззо аз ташнагӣ ва камғизоӣ ҷон додаанд.

 Ба иттилои раёсати дахлдори Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ, беш аз 570 ҳазор нафар (чоряки аҳолии Ғаззо) дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд ва ҳар шашумин кӯдаки то дусола аз камғизоӣ ва хастагӣ дар ин кишвар азият мекашанд, хабар медиҳад tass.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: