САМАРҚАНД – ШАҲРИ САНЪАТ ВА ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ

Дар Самарқанд аз 1 то 4 ноябр “Ҳафтаи байналмилалии туризми зиёратӣ” баргузор шуд. Ин чорабиниро Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Самарқанд роҳандозӣ кард.

Ноиби Нахуствазир, вазири туризм ва мероси фарҳангӣ Азиз Абдуҳакимов изҳор намуд, ки муҳимтарин бахши иқтисоди Ӯзбекистонро туризм ташкил мекунад. Ӯ ёдовар шуд, ки дар фарози ислоҳоти доманфарохи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев шароит фароҳам оварда шудааст ва он натиҷаҳои хуб ба бор меоварад.
Ба таъкиди ӯ  дар давраи пандемия андак мушкилоту муаммоҳо рӯйи кор омаданд, вале пас аз пандемия ин соҳа боз рӯ ба рушду нумӯъ овардааст. Абдуҳакимов тазаккур дод, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон беш аз 3 миллиону 600 ҳазор сайёҳ омадааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 се маротиба бештар мебошад.
– Имрӯз ҳукумат барои рушди сайёҳӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ, вокзалҳо ва меҳмонхонаҳо барои сайёҳони мусалмон таҳоратхонаҳо, намозгоҳҳо ва ҷойҳои истироҳат ташкил менамояд. Ҳоло дар Ӯзбекистон инфрасохтори сайёҳии зиёрат ривоҷ ёфтааст, меъёрҳои ҳалол барои сайёҳон ҷорӣ шудааст ва имрӯз ин тадбирҳо куллан натиҷаи мусбат медиҳанд. Кишвари мо дар гузориши ҷаҳонии сайёҳии исломӣ (GMTI) мавқеъи худро мустаҳкам кардаву дар радифи 9 кишвар қарор дорад, – қайд намуд вазир.
Маълум шуд, ки соли равон дар нишасти ҷаҳонии “Halal in Travel Awards” ба эҳё ва рушди бозори сайёҳии ҷаҳони ислом, ки дар Сингапур баргузор шудааст, Самарқанд дар бахши “Беҳтарин шаҳри рушдкунанда” ғолиб баромада, Шаҳри исломии сол эътироф гардидааст. Дар ҷаласаи 11-уми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Боку шаҳри Хива Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 эълон гардид. 
– Дар ин замина давлат ва ширкатҳои хусусӣ дар шаҳри Хива барои рушди сайёҳӣ маблағгузорӣ карданд, меҳмонхонаҳои боҳашам сохта шуд, роҳҳои равон барпо гардид, ёдгориҳои таърихӣ барқарор карда шуданд. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тойиб Эрдуғон ба ин шаҳри куҳан ташриф оварданд. Ба ин роҳбарони се давлат ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва фарҳангии Хива таассуроти хуб гузоштанд, – ёдовар шуд А. Абдуҳакимов.
Барномарезӣ шудааст, ки соли 2023 дар шаҳри Самарқанд Маҷмаъи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҷаласаи навбатии худро баргузор мекунад. 
Дар доираи “Ҳафтаи байналмилалии туризми зиёратӣ” дар Маркази илмӣ-пажӯҳишии Имом Бухорӣ зери унвони “Осиёи Марказӣ – маркази фарҳанги исломӣ” форум баргузор шуд, ки ду рӯз идома кард. Баъд конфронси илмӣ–амалӣ доир гардид, ки ба масъалаи “Такмили сохтори ҳифз ва пажӯҳиши дастхатҳо” бахшида шуд. Дар ин конфронс Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок кард.
Қарор аст чунин мавзӯъ ва масъалаҳои муҳим ва барои пешрафти илму фан зарур, ки инкишофи илму фарҳанг ва табодули таҷрибаро дар меҳвари худ қарор хоҳад дод, минбаъд низ бо иштироки олимону пажӯҳишгарони варзидаи кишварҳои минтақа роҳандозӣ шавад.
Ҷашнвораи “Сурудҳои дил” ба “Ҳафтаи байналмилалии туризми зиёратӣ” шукӯҳи тоза бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: