ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ДАР МУҲОКИМАИ КОРШИНОСОН

Муносибатҳои байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯз ба шумор меравад.

 Воқеаҳои иҷтимоиву сиёсии имрӯза собит месозад, ки бо суръати баланд афзоиш ёфтани иқтисодиёти  баъзе  мамлакатҳо ва дар осудаҳолӣ умр ба сар бурдани аҳолии онҳо  бевосита аз ба чунин тамоюлҳо таваҷҷуҳ додани ин мамлакатҳо вобаста аст.

Дар пойтахт бо ташаббуси Маркази бозомӯзии журналистон ва шуъбаи идораи «Search for Common Ground» дар Ӯзбекистон  таҳти мавзӯи «Нақши ВАО дар инъикоси масъалаҳои таҳаммулпазирии динӣ ва мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ» анҷумани байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад намояндагони институтҳои ҷамъияти шаҳрвандиву мақомоти манфиатдори давлатӣ, рӯзноманигорон, блогерҳо, коршиносон аз мамлакатҳои ҳамсояи Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Дар  он директори Бунёди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди васоити ахбори оммавии миллӣ Акрамҷон Фозилҷонов, намояндаи идораи USAID дар Ӯзбекистон Фэй Хаселкорн, роҳбари шуъбаи Ассотсиатсияи байналмилалии ғайритиҷоратӣ «Search  for Common Ground» Кенешбек Сайназаров, муаллими калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Виркани Музаффар ва дигарон ширкат варзиданд.
Иштирокдорон доир ба «Масъалаҳои таҳаммулпазирии байнидинӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», «Нақши дин, муколамаи ҷамъиятӣ ва байнимазҳабӣ дар ҷомеаи бисёрфарҳангӣ», «Равишҳои амалӣ ҷиҳати инъикоси масъалаҳои озодии дин ва таҳаммулпазирӣ», «Меъёрҳои ахлоқиву байналхалқии инъикоси мавзӯъҳои динӣ дар ВАО», «Канорагирӣ аз забони сохтаву адоват ҳангоми инъикоси мавзӯи дин» фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: