Шутурмурғ сердаромад аст

Ҳар як ҷонвар хусусиятҳои ба худ хосе дорад.

 Аз ҷумла шутурмурғ ҳам. Шутурмурғпарварӣ дар кишварамон яке аз навтарин соҳаҳо буда, дар чанде аз ҳудудҳо ба роҳ монда шудааст. Он соҳаи сердаромад мебошад. Ба гӯшт, тухм, равған, нохун ва болу параш дар бозори ҷаҳон талабот зиёд аст.

Шавкатҷон Ғойибназаров дар ноҳияи Чуст аввалин шуда ба шутурмурғпарварӣ шурӯъ кард. Чандест дар корхонаи муштараки Ӯзбекистон ва Британияи Кабир «Страус фарм»-и ноҳияи Риштони вилояти Фарғона парвариши шутурмурғҳои ба шароити ба иқлими кишварамон тобовар ба роҳ монда мешавад. Шавкатҷон ба ноҳияи Риштон рафта бо мутахассисони соҳибихтисос машварат кард ва роҳҳои ба худ хоси шутурмурғпарвариро омӯхт.
Барои сар кардани фаъолияташ моҳи ноябри соли 2018, аз Агробанки ноҳия 4 миллион сӯм кредити имтиёзнок гирифта, 36-то чӯҷаҳоро овард. Бо номи «Чуст страус фарм» фаъолияташро ба роҳ монд. Дар манзили истиқоматиаш барои парвариши чӯҷаҳо ҷой ҳозир намуд. Сонитар дар 5 сотих барои парвариши чӯҷаҳо хонаҳои алоҳида ҷудо сохт. Дар чормоҳагӣ чӯҷаҳоро ба 60 миллион сӯм фурӯхт. Аз ин даромад рӯҳбаланд гашта, боз 100-то чӯҷа оварда, парваришашро ба роҳ монд. Имрӯзҳо дар ин ҷо 21 то модаршутурмурғ, 200-то чӯҷаҳо парвариш меёбанд. Шутурмурғи африқоӣ ба шароити мо тобовар аст. Дар зарфи се сол ба воя расида, то 70 сол зиндагӣ мекунад.
Барои ривоҷёбии фаъолияти Шавкатҷон аз тарафи ҳокимияти ноҳия 2 гектар замин ҷудо карда шуд. Солҳои наздик дар ноҳия ин соҳа ривоҷ ёфта, дар бозори дохилӣ ва берунӣ ба масолеҳи шутурмурғ талабот меафзояд. Дар фаъолияти минбаъдаи шутурмурғпарвари чустӣ Шавкатҷон Ғойибназаров бурдбориҳо орзу менамоем.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: