ЧӢ ТАВР МУВАФФАҚ ШАВЕМ?

Ин байти пурмаъно ба қалами Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мутааллиқ буда, дар маҷмӯъ моҳияти Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёевро ба Олий Маҷлис ва мардуми ҷумҳурӣ ифода мекунад.

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан  натавонӣ ту ба боли дигарон.
Ин байти пурмаъно ба қалами Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мутааллиқ буда, дар маҷмӯъ моҳияти Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёевро ба Олий Маҷлис ва мардуми ҷумҳурӣ ифода мекунад. Имрӯз Ӯзбекистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар ҷаҳон бо болу пари худ ба парвоз ояд ва дар байни мамлакатҳои пешрафта мавқеи худро пайдо бикунад. Барои парвози баланд ду боли мустаҳкам лозим. Ҳар давлате, ки иқтисодиёти пешрафта ва илму маънавияти пешқадам дорад, ба парвоз омадаву куллаҳои баландро фатҳ менамояд. Иқтисодиёт ва илм, бешак ду боли ҷомеа аст, ки вайро ба манзили мурод мерасонад. Барои ин фидокориҳои фарзандони барӯманди Ватан дар ҳамаи ҷабҳаҳо, хоса дар соҳаи илму маориф аз омилҳои ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Муроҷиатномаи Президент  дар дасти мо машъалаи шӯълаварест ва дастури муҳимест, ки роҳи минбаъдаи ҷомеаро дар даҳ соли охир равшан месозад. Ҳар сатри он дар дилҳо ифтихор меангезад, мардумро ба ояндаи дурахшони кишвар дилгарм менамояд. Дар он барҳақ таъкид шудааст: “Тараққиёт танҳо ва танҳо ба туфайли меҳнати фидокорона ба даст меояд.” Аммо ба таъкиди Президент, ки такрор ба такрор садо дод, илму ирфон аст, маҳаки ҳама гуна пешравиҳо. Ҳатто иқтисодиёти пешрафтаро бидуни тараққиёти илм тасаввур кардан муҳол аст. Пас, кори мактабу маорифро, ки ислоҳоташ кайҳо оғоз гардида, натиҷа ҳам медиҳад, чунон бояд ба роҳ монд, ки сифати таълим ба таври бесобиқа баланд равад. Чандин сол аст эътибори ҳукумат ба соҳаи таълим беш аз пеш афзудааст. Дар натиҷа обрӯи аҳли маориф ба таври ҳисшаванда боло рафт.  
Хуб аст, ки ҳоло шумори донишомӯзони мо сол аз сол меафзоянд. Ҷавонон бештар ба илму маърифат рӯ оварда, мехоҳанд ҳар навъ мактаби олиро хатм намудаву соҳиби тахассусе гарданд. Давлат ба ин шароит фароҳам овардааст. Падару модарон низ барои таҳсили фарзандони худ шавқманд буда, то ҷигаргӯшаашон соҳиби маълумоти олӣ гардад, мардонавор ва фидокорона  дороии худро дареғ намедоранд. Ҳанӯз аз синфҳои поён фарзандонашонро ба дасти муаллимони алоҳида супоридаву ба сифати таълими онҳо эътибори алоҳида медиҳанд. Аз ин ҷаҳди волидон метавон хулоса кард, ки мардуми мо шавқи илмомӯзиро аз даст надодааст. Акнун мутахассисони соҳаро зарур аст, ки ба сифати кадрҳо эътибор диҳанд. Маҳз сифатан тағйир додани таълим метавонад намои ҷомеаи моро куллан дигар карда, кишвари азизамонро дар арсаи байналхалқӣ иззатманд гардонад.
Дар паёми Президент таъкид гардидааст, ки дар таълим бояд гардиши сифатан наве ба амал овард. 
Мо – омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ аз ин раванд набояд дар канор монем. Ба сифати таълиму тадрис эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар қатори миллатҳои дигар, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ ва кор мекунанд, ба ҳифзи фарҳангу тамаддун ва пешрафти мактабу маориф ба забони модарии худ ҷаҳд намоем.

Шуҳрат СОРИЕВ,
директори мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 
10-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: