Рӯнамоии дастури рушди иҷтимоию иқтисодии ҳокимияти ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он кулли роҳбарони секторҳо ва соҳибкорони муваффақи маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Дар дастури мазкур қайд гардидааст, ки соли равон 32500 нафар аҳолии ноҳия бо корҳои гуногун банд хоҳанд гашт ва ин назар ба соли гузашта 4700 нафар зиёдтар мебошад. Дар идомаи сол дар маҷмӯъ ба маблағи 9,3 триллион сӯм лоиҳаи сохтмони коргоҳҳои хурду бузург дар амал татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, корхонае бунёд хоҳад ёфт, ки навъи олии карбонати калсий истеҳсол мекунад. Интизор меравад, ки бо баробари ба кор оғоз намудани ин коргоҳ 20 миллион доллар сармояи хориҷӣ вориди ноҳия мегардад ва 50 тан аз аҳолии ба кор муҳтоҷ соҳиби шуғли доимӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин ба соҳаи кирмакпарварӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва дар ивази 15 миллион доллари ИМА кластери истеҳсоли абрешим ташкил хоҳад гашт, ки 250 нафарро бо кори доимӣ таъмин месозад. Дар назди заводи «Uzbekiston GTL»-и ноҳия ба кор оғоз намудани як коргоҳи истеҳсоли алкилбензоли хатчадор боиси ғановати буҷаи ҳукумат мешавад. Мақсад аз истеҳсоли ин навъи ашёи хоми кимиёвӣ ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои маишии шустушӯӣ мебошанд, ки дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидорони зиёд доранд. Ҳамчунин, аввалин коргоҳе дар ҳудуди Осиёи Марказӣ шурӯъ ба фаъолият хоҳад кард, ки равғанҳои синтетикӣ истеҳсол мекунад ва барои дар амал татбиқ намудани ин лоиҳа 250 миллион доллари ҳамкорони хориҷӣ ҷалб хоҳанд гашт.
Таъкид гардид, ки дар давоми соли 2024 барои таъмин намудани аҳолӣ бо хонаву ҷой 1200 манзили нав сохтаву ба истифода дода хоҳанд шуд ва ҳамчунин боғи дилкушои истироҳатӣ барпо мегардад, ки барои дар амал татбиқ намудани ин лоиҳа 18 миллиард сӯм масраф хоҳад шуд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.