ФАЗОИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА РАФОҚАТ ҲАМЕША ҲУКМФАРМОСТ

– Ин беҳуда нест, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Риштон Баҳодир Холиқов ва баъди сукути кӯтоҳ меафзояд: – Дар ноҳияи мо бештар аз 215 ҳазор аҳолӣ мавҷуд аст.

Онҳоро ӯзбекон, тоҷикҳо, қирғизҳо, русҳо, тоторҳо, корейсҳо ва дигар миллатҳои дигар ташкил медиҳанд. Аммо аз рӯи нуфус дар ноҳияи мо баъди ӯзбекон намояндагони миллати тоҷик дар ҷойи дувум қарор доранд. Хушбахтона, ҳамаи миллатҳои маскуни он машғули зиндагии тинҷу осуда мебошанд ва дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ вакилони онҳо кор мекунанд. 
 Ба гуфтаи Баҳодир Холиқов дар баъзе ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо аксарияти бошандагонашро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Даҳбед, Қалъаи нав, Чинигарон, Алишери Навоӣ, Доруламон, Номгар, Абдуллобоён, Хуррамобод, Марказ, Маҳмадалӣ Топиволдиев, Мискин, Ар-Рошидонӣ, Деҳқонобод, Навбаҳор, Қошқарён, Сӯхобод, Тошоғолиқ, Минор, Соҳибкор, Хӯҷа Илғор, Қозӣ Аҳрор, Зарариқ аз ҳамин шумор мебошанд. 
– Ана ҳамин маълумотҳо шаҳодат медиҳанд, ки намояндагони ҳамаи миллатҳои ноҳияи мо бо ҳамдигар дар фазои дӯстиву рафоқат ба сар мебаранд ва дар гул-гулшукуфии мамлакати азизамон пурсамар меҳнат кардаву дар болоравии иқтисодиёташ саҳми арзандаи хешро мегузоранд, – мегӯяд ҳоким.
Қаламрави ноҳия аз рӯйи табиати худ асосан аз ҳамвориҳо иборат аст. Дар он баъзе намудҳои захираҳои маъдани фоиданок, нафту газ мавҷуд мебошад ва солҳост, ки ин захираҳо истихроҷ карда мешаванд. 
Мӯйсафедони риштонӣ мегӯянд, хоку гили он дар ягон минтақаи дигари вилояти Фарғона мавҷуд нест. Барои ҳамин мардуми шаҳристони Риштон аз замонҳои пеш ба ин сӯ ба ҳунари кулолгарӣ машғуланд. Хусусан, дар солҳои касби истиқлолияти Ватани азиз риштониён бо ҷаҳду талоши беш аз пеш ба истеҳсоли маҳсулоти сафолин пардохтанд. Ҳоло ин маҳсулот дар дӯкону фурӯшгоҳҳои як қатор мамлакатҳои дунё ба маърази харидорон гузошта шудааст ва маҳз аз ҳамин ҳисоб кулолгарони Риштон соҳиби даромади бештар мешаванд.
– Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Даҳбед 2 ҳазору 25 нафар аҳолӣ дорад. Аксарияти онҳо дар хонаҳои бисёрошёнаи 2-3-4 қабатӣ ва қисме аз онҳо дар ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд. Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи мо танҳо як муассисаи таълими томактабӣ фаъолият мекунад, ки барои 210 кӯдак муқаррар шудааст. Ин муассиса тайи фаъолияти худ дар таълиму тарбияи кӯдакони то 5-6-солаи ҷамоати маҳалла нақши муассир мебозад. Як ташкилоти «Тозаҳудуд» низ дар хидмати мардуми мо қарор дорад,– мегӯяд раиси ин ҷамоат Музаффар Турсунов.
Тавре ки ҳамсуҳбати мо боз илова намуд, нозири минтақавии корҳои дохилӣ Авазҷон Мақсудов, масъули кор бо ҷавонон Билолиддин Ғаффоров ва сенздаҳ нафар аъзои фаъоли ҷамоати маҳаллаи Даҳбед ҳамеша барои орому осоиши мардум, каммасраф баргузор кардани маросимҳо, ба роҳи дуруст ҳидоят намудан ва ба кор таъмин кардани ҷавонон, роҳандозии чорабиниҳои маънавию маърифатӣ ва амсоли он талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. 
– Ман дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қошқариён» ба дунё омадаам. Мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-уми шаҳрро хатм намудаам. Вақти таҳсил дар Донишкадаи тиббии педиатрияи Осиёи Миёна (ҳоло ДТП шаҳри Тошканд) бо ҳамкурсам – Гулнорахон дил бастам. Вай аз вилояти Хоразм барои таҳсил ба Тошканд омада буд. Баъд ҳарду аҳду паймон намудем, ки дар шоҳроҳи ҳаёт низ ҳамроҳ қадам хоҳем зад. Ба издивоҷи ману ӯ падару модаронамон ҳамовозӣ карданд. Мо соҳиби наберву абераҳо шудаем, ки яке аз дигаре ширину дӯстдоштанӣ аст, – мегӯяд пизишки шифохонаи марказии ноҳияи Риштон Ийбатуллоҳ Саидов.
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ар-Рошидонӣ» 2 ҳазору 501 нафар зиндагӣ мекунанд. Аксарияти онҳоро тоҷикону ӯзбекон ва қисми хеле ками онро намояндагони миллатҳои дигар ташкил менамоянд. Раиси ҷамоати шаҳрвандон Абдуҳаёт Ғуломов мегӯяд, нисбат ба солҳои пеш мардум ба қадри ҳаёти оромиву осуда бештар мерасанд, зеро ҳаводиси ногуворе, ки дар баъзе кишварҳо ба вуқӯъ мепайванданд, садҳо ва ҳазорҳо одамонро аз хонаву ҷой маҳрум намудааст, наздиконашон қурбони ин ҷангу низоъҳо мешаванд. 
– Хеле хуб аст, ки инро худи мардум дарк мекунанд ва талош менамоянд, ки дар маҳаллашон тинҷиву субот ҳукмрон бошад. Ҳамту не? 
– Бечуну чаро. Агар одамон ба дарки чунин нараванд, аз эҳтимол дур нест, ки барои масъалаи ночиз бо ҳақу ҳамсоя ё шахсони дигар вориди низоъ шаванд. Шукр, ки дар мо ҳама дар фазои аҳливу тифоқӣ ба сар мебаранд.
– Дар робита бо баргузории маросимҳо чиҳо метавон гуфт?
– Дар байни мардуми мо мақоле ҳаст, ки «Харҷи зиёдатӣ миён мешиканад». Барои ҳамин аксари одамон маросимҳои худро хеле камхарҷу масраф баргузор мекунанд. Агар дар бораи маросимҳои хурсандӣ гуфтанӣ бошам, бештари маросимҳо дар тарабхонаҳо бо ширкати маҳдуди одамон барпо мегарданд. Қисмати аъзами меҳмонон хешу таборони соҳиби кола мебошад.
– Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ар-Рошидонӣ» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» анҷоми кадом корҳои наҷиб мадди назаранд?
– Мо пеш аз ҳама барӯйхатгирии ҷавонони маҳаллаамонро шурӯъ намудем ва он дар арафаи ба охир расидан мебошад. Тавассути рӯйхатгирӣ дақиқ хоҳем кард, ки чи теъдоди ҷавонон ба кор банд ҳастанд ва киҳо ба кумаки мо эҳтиёҷ доранд, ба киҳо барои пайдо кардани ҷойи кор маслиҳату машварат лозим аст,– мегӯяд Абдуҳаёт Ғуломов. Ба таъкиди ӯ Исмоилҷон Бобоев аз афроде ба шумор меравад, ки номи ӯро тамоми мардуми Риштон ба хубӣ ба забон меоранд. Вай солҳои дароз дар соҳаи тиҷорат фаъолият намудааст. Маҳз дар соли дастгирии ҷавонону бизнес Исмоилҷон Бобоеви нафақахӯр ва рӯзгордида бо машваратҳои худ ба мо кумак хоҳад кард, – изҳор намуд раиси «Ар-Рошидонӣ» Абдуҳаёт Ғуломов. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: