МЕТРОИ ТОШКАНД: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Ватани метрополитен шаҳри Лондон мебошад.

 Дар солҳои шастуми асри нуздаҳ ба барпои он шурӯъ карда буданд. Баъдтар дар дигар шаҳрҳои калони Аврупо низ ба ин кор ҷазм карданд ва кушодашавии хатҳои метро ва истифода аз нақлиёти зеризаминии филизӣ воқеаи муҳим дар ҳаёти як қатор кишварҳои пешрафтаи дунё гардид.
Вақте метрои Тошканд кушода шуд, мо донишҷӯ будем. Ба чаҳор тараф паҳн шудани овозаи аввалин метро дар Осиёи Марказӣ як ҳолати табиӣ буд. То он вақт дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград, Киев, Харков, Тбилиси ва Бокуи собиқ иттиҳод поездҳои тезгарди зеризаминӣ мавриди истифода буданду халос.
Кумитаи Марказии ҲК Ӯзбекистон ва Шӯрои Вазирони ҷумҳурии мо дар бораи барпо карда шудани метрополитен дар Тошканд қарор қабул карданд. Тошкандиён баъди заминларзаи шадиди соли 1966 ба нақша дароварда шудани сохтмони метроро шунида, ба истифода супурда шуданашро якчанд сол интизорӣ кашиданд ва ниҳоят моҳи ноябри соли 1977 метро бори аввал дар 9 истгоҳ дарҳои худ боз намуд.
Барпо шудани қасрҳои зеризаминӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ воқеаи фаромӯшнопазир дар ҳаёти халқҳои Ӯзбекистон низ буд. Он қасрҳои бо меъмории замонавию миллӣ ороёфта, ки дар ҳар истгоҳ диққати равуокунандаҳоро ба худ мекашиданд,  дизайни якдигарро такрор намекарданд. Хусусан онҳое, ки кушодашавии нақлиёти зеризаминиро шунида, озими шаҳри азим шуда ва яке аз намунаҳои меъмории асрро дидан мекунанд, фикр мекарданд ба олами афсона афтодаанд. Ба мо низ, ки чанд нафар маҳз барои “тамошо”-и метро аз Хуҷанд омадем, ҳамин ҳолат рӯй дода буд.
 Ба нахустин бор кушодашавии вестибюли метрополитен ба рӯйи аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт 45 сол пур шудааст.
Он асно танҳо як хат – Чилонзор вуҷуд дошт ва дарозии умумии роҳҳои филизӣ аз 11,7 километр иборат буд. Ҳоло бошад, дарози умумии сохтор 58,8 километрро ташкил менамояд. Ҳар рӯз 64 поезд ба ҳисоби миёна бештар аз 550 ҳазор мусофиронро ба манзил мерасонад. Дар 43 истгоҳ ва депои барқӣ бештар аз 5 ҳазор нафар ходимон навбатдорӣ менамоянд. 
Як назар ба саҳифаҳои таърихи барпои метро дар Тошканд. 
Лоиҳаи сохтмонро Институти лоиҳакашии “Метрогипротранс”-и Маскав кашидааст. Мутахассисони ин институт баъдтар низ дар хушсифатии дизайн ва ороишоти метрополитени Тошканд мадад кардаанд. Сохтмон соли 1968 оғоз ёфт, аз соли 1972 ба сафи сохтмонҳои зарбдор дохил шуд, то нимсолаи аввали соли 1977 бо суръат давом намуд. 
Дар арафаи будшавии хати «Чилонзор» аз Маскав 20 адад поезд оварда шуд. Ҳар кадом поезд чаҳортоӣ қатора дошт. Он поездҳо ба электродепои Чилонзор  ҷойгир карда шуданд, ки то ҳол мавриди истифода мебошад. Маҷмӯи хидматрасонии техникӣ ва таъмирии депо дар рӯйи замин ҷой гирифта ва ба роҳи рӯйизаминии филизӣ пайваст мебошад. Ин барои дастрас кунондан ва ё ба самтҳои дигар бурдани поездҳо қулайӣ тавлид месозад.
Барои зинат додани толорҳои зеризаминии хати «Чилонзор» асосан мармари сафед истифода гардид, ки дар худи Ӯзбекистон истеҳсол шудааст. Дарвоқеъ, деворҳо, пилонҳо ва сутунҳо дар як қатор истгоҳҳои метрополитени Маскав низ он солҳо бо мармари сафеди ҷумҳурии мо зинат ёфта буданд.
Метрои онвақтаи Тошканд аз маҳаллаи ҳафтдаҳуми Чилонзор оғоз ёфта, бо пас гузоштани кӯчаи “Дӯстии халқҳо”, Кӯли комсомол (Боғи миллии ҳозира), стадиони “Пахтакор”, Майдони мустақилияти ҳозира (онвақта Майдони сурх), Хиёбони имрӯзаи Амир Темур, ки он асно Хиёбони инқилоб ном дошт, то кӯчаи ба номи Луначарский тӯл мекашид. Масофаи байни истгоҳҳо аз як километр то ду-дуюним километр мебаромад.
Номи баъзе аз истгоҳҳо, ки он вақт гузошта шудаанд (аз қабили “Тинчлик”, “Пахтакор”) ҳануз тағйир наёфтаанд. Номи аксарияташон баъдан тағйир ёфтанд, ки ҳар яке маънои рамзӣ касб намудаанд.
Дар рӯзҳои мо низ барои аз назари техникӣ гузарондан, покиза сохтан, лозим шавад таъмир намудан қисми асосии поездҳо ба истгоҳи «Чилонзор» оварда мешаванд.
Навбати дувуми хати «Чилонзор» соли 1980 ба истифода супурда шуд. Қисми аввали самти дувуми метрополитени Тошканд, ки “Ӯзбекистон” ном гирифт, соли 1984 мавриди баҳрабардорӣ гашт. Сохтмони пурраи он соли 1992 ба итмом расид. Дар солҳои истиқлолият ба тошкандиён боз як хати нави метро бо унвони “Юнусобод” тақдим гашт  (сентябри соли 2001). Дар ин самт боз ду истгоҳи нав барпо («Юнусобод» ва «Туркистон») ва кушодашавии хати пурраи “Юнусобод” иборат аз 6 истгоҳ ба таври мутантан 30 августи соли 2020 таҷлил гашт. Худи ҳамон рӯз хати рӯизаминии филизии ҳалқагард иборат аз 7 истгоҳ низ кушода шуд ва дар равуои аҳолӣ ба мавзеи Қӯйлиқи пойтахт қулайиҳо ба амал омаданд. 26 декабри соли 2020 дар ҷамъ 5 истгоҳи хати метрои рӯйизаминии «Сергели» равуои қатораҳо ибтидо гирифт.
Ҳоло дар метрополитени Тошканд 5 хат («Чилонзор», «Ӯзбекистон», «Юнусобод», «30-солагии истиқлолият», ки ҳалқагард низ ном дорад ва «Сергели») фаъолият мебарад.
Дар Роҳи ҳалқагард сохтмони хатҳои нави метро ҳоло давом дорад. Он рӯз дур нест, ки боз 7 истгоҳи замонавӣ барпо ва барои аҳоливу меҳмонони пойтахт равуо ба тамоми гӯшаву канори шаҳри азим то андозае осон гардад. 
Вақтҳои охир 15 вагони нав оварда шуда бошанд, овардани боз 14 электровагон ба нақша даромадааст. Метро воситаи нақлиётии қулай, арзон, аз нигоҳи экологӣ бехавф мебошад. Аҳолиро зуд ба манзил мерасонад. Баъди рафтани поезд омадани поезди навбатиро тақрибан 5-7 дақиқа интизор шудан лозиму халос. 

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: