КАСЕ К-Ӯ ДАР ДУО ОРАД МАРО ЁД

Бо инсони хоксору росткор Ҳоҷӣ Аҳмадҷон Ҳошимов дӯсти ҷонӣ ва ҷавонӣ будем.

Касе к-ӯ дар дуо орад маро ёд,
Ҳама вақте нигаҳдораш Худо бод!
Бо инсони хоксору росткор Ҳоҷӣ Аҳмадҷон Ҳошимов дӯсти ҷонӣ ва ҷавонӣ будем. Аз корҳои ибратбахши ӯ хабар доштам ва ҳар гоҳ рӯ ба рӯ оем, мепурсидам, ки кай дар борааш чизе нависам. «Камтар сабр кунед. Вақташ шавад мегӯям», – бо табассуми ширин баҳона пеш меовард вай. Ва «камтар сабр» ба рӯзу моҳ ва солҳо мепайваст. Ниҳоят аҳд карда будам, ки 20-уми апрели соли 2022 вай 70 сола мешавад ва орзуям ҷомаи амал мепӯшад.
Сад дареғо, ки 6-уми ноябри соли равон ӯ аз бемории сактаи дил чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. 
Аҳтам Ҳамидович пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба собиқ Донишкадаи савдои Самарқанд супурд, вале бахташ натофт. Баъди ду сол ҳам мудир шуду ҳам донишҷӯ. Пас аз ба даст гирифтани дипломи донишкада ӯро сарвари молшиносони «Матлуботсавдо»-и вилоят таъин карданд...
Баъд аз пош хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ бо тадбиркории хусусӣ машғул шуд.
Аҳтам Ҳошимов боғпарвариро дӯст медошт, ки аз минтақаи Янгиариқи ноҳия қариб як гектар замини бекорхобидаро гирифта, ниҳолҳои себ, нок, зардолу, олу ва ғайраро сабзонд. Дасти кушод дошт, ки як қисми ҳосили боғро ҳадя мекард. Шиори ӯ «сафар кардан – ҷаҳон дидан» буд, ки барои боздид ба кишварҳои хориҷа азми сафар кард. Ӯ  барои ободу зебо гардидани зодгоҳаш – деҳаи Мирзо Улуғбек саҳми арзанда гузоштааст. Вай дар гузар ҳамчун раиси собиқадорон барои тарбияи насли наврас ва хубу сарфакорона гузаронидани маъракаҳо маслиҳатгар буд. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсари меҳрубону вафодор Мунира Насимова се нафар фарзандро таълиму тарбияи хуб дод. Комилҷон, Дилафрӯз, Фаррухҷон ва қариб 10 нафар наберагону аберагон сулолаи муносиби Ҳошимовҳо мебошанд.
– Мо солҳои тӯлонӣ ҳамкор будем, – иброз дошт депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд Шоистахон Неъматова. – Аҳтам Ҳамидович инсони дилёбу дарёдил буданд. Ҳамеша дар лабонашон табассум ҳувайдо гашта, муомилаи хуш доштанд. Ба мо, ходимони савдо таъкид мекарданд, ки дар асоси «инсоф дорӣ – барака» корбарӣ кунем. 
Рост мегӯянд, ки аз нек боғ мемонад. Гарчанд имрӯзҳо Аҳтам Ҳошимов аз олами фано ба олами бақо реҳлат намуда, дар қабристони Хоҷа Аҳрори Валӣ, аз шафати қиблагоҳаш – марди шарифу соҳибэҳтироми Самарқанд Ҳамидбобо Ҳошимов ҷой гирифтааст, кори неку номи некаш дар хотири ҳамдиёрону ҳамкасбон, ёру дӯстон ҷовидон хоҳад монд. Чуноне ки шоир мегӯяд:
Оқибат манзили мо 
зери замин хоҳад буд,
То қиёмат ҳамаро ҳол 
ҳамин хоҳад буд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: