ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ МАМЛАКАТ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар маҷмӯи варзишии Донишкадаи муҳандисиву сохтмони Намангон аз тарафи Вазорати сайёҳӣ ва варзиш байни духтарони то 19-сола барои ҷоизаи чемпионии Бозиҳои олимпӣ Лариса Павлова чемпионати Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар он волейболбоздухтарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва мизбонон иштирок карданд.
Тими яккачини Ӯзбекистон аз рӯйи волейбол дар баҳсҳо муваффақиятнок иштирок карда, волейболбоздухтарони Қирғизистон ва Қазоқистонро ба ҳисоби 3:0 ва Тоҷикистонро ба ҳисоби 3:1 мағлуб карда ҷойи якумро ба даст оварданд ва ба унвони чемпиони Осиёи Марказӣ сазовор гаштанд.
– Қобили қайд аст, ки қисми асосии тими яккачини мамлакатамонро волейболбоздухтарони вилояти Намангон ташкил мекунанд, – гуфт мураббии тими яккачини Ӯзбекистон Илҳомҷон Турдиев.

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН. 

Суратгир:
 Ҳ.МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: