Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов бо сафари корӣ ба Бишкек омад

Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулла Арипов бо сафари корӣ ба Қирғизистон омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" меҳмони олиқадрро раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров истиқбол гирифт, хабар медиҳад хабаргузории миллии иттилоотии "Кабар"-и Қирғизистон.

Дар доираи сафари корӣ Абдулла Арипов дар ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукумати Қирғизистон ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок намуда, бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот мекунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: