ЗАНИ СОҲИБМАЪРИФАТ — СУТУНИ ОИЛА ВА ҶОМЕА

Муносибат ба занон дар мамлакати мо решахои таърихии худро дорад.

 Ин беҳуда нест. Сабаб дар он аст, ки зан сутуни оила ва ҷомеа, файзу  шукӯҳи зиндагии мост. Ҳам зиндагии имрӯзаи фаровони мо ва ҳам ояндаи дурахшони мо аз занон вобаста аст. 


Дар ҷомеа, оила, муҳити иҷтимоӣ, ки зан ҳаст, оромӣ, осоиштагӣ, хайрхоҳӣ, соҳибкорӣ, саранҷомиву сариштагӣ, сабру қаноат, меҳру оқибат ва саховатмандии моддию маънавии хоси инсон ҷой хоҳад дошт. 
Аз ин ҷост, ки солҳои охир ба баланд бардоштани нақш ва неруи занон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоию сиёсии мамлакат, баланд бардоштани обруву эътибор ва нуфузи онҳо дар ҳаёти маънавию фарҳангии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Натиҷаи ин талошҳост, ки дар 5 соли охир теъдоди занони корчаллон дар Ӯзбекистон ду баробар афзуда, шумораи занони соҳибкоре, ки  тиҷорати худро ба роҳ мондаанд, аз 205 ҳазор нафар гузашт. Танҳо дар соли 2023 ба беш аз 279 ҳазор лоиҳаҳои соҳибкорӣ зиёда аз 13 триллион сӯм қарз, ба қариб 57 ҳазор занону духтарон 300 миллиард субсид ҷудо карда шуд.  
Қариб 200 ҳазор нафар занон касбу ҳунар ва соҳибкориро азхуд карда бошанд, зиёда аз 400 ҳазор нафар хоҳарони мо бо кор таъмин гардиданд. Зиёда аз 25 ҳазор оила аз ҳисоби 6 триллион сӯм кредити ипотекӣ, ки ба занону духтарон ҷудо карда шудааст, соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд. Чунин мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст. 
Суханронии Президент Шавкат Мирзиёевро дар маросими бахшида ба Рӯзи байналхалқии занон бо диққат гӯш намуда, боварӣ ҳосил кардам, ки дар оянда низ дар кишварамон баҳри таҳсилгирӣ ва бо соҳибкорӣ шуғл варзидани бонувон дар оянда пайваста корҳо анҷом дода мешаванд.
Чаро гӯед, ки ба 8000 зане, ки ба «Дафтари ҷавонон» дохил шудаанд, барои таъсиси тиҷорати худ ва харидани асбобҳои корӣ субсид ва 10 000 зан қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Лоиҳаи «Марафони тиҷорӣ» барои 50 000 ҷавондухтарон бо иштироки мутахассисони соҳибихтисос ташкил карда мешавад. 
Дар маросими тантанавӣ барномаи махсус барои ҷалби васеи занон ба соҳибкорӣ қабул гардида, барои татбиқи лоиҳаҳо 15 триллион сӯм, аз ҷумла 6 триллион сӯм барои лоиҳаҳои тиҷорати оилавӣ ҷудо карда мешавад. 
Хулоса, имрӯз ислоҳот бобати баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсии занон дар кишварамон ба зинаи нав баромад. Дар кишваре, ки занро эҳтиром мекунанд, зиндагӣ кардан хушбахтист. Хушбахтии занони мо хушбахтии миллат ва ҷомеаи мост.

Муқаддас  ТИРКАШЕВА,
Депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: