ВОПАСИН ЛАҲЗАҲОИ ҲАЁТИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ

Лев Толстой дар хотироти худ навиштааст, ки сарф кардани пулро бисёр дӯст медорад.

Ин хотира  ба замоне, ки ӯ дар Қафқоз хидмат мекард ва ёддоштҳои хешро сабт менамуд, марбут буда, соли 1851 дар дафтар қайд шудааст. Вай чунин навишта буд: «Ҷамъ кардани пулро на, балки сарф намудани онро дӯст медорам». Ин ҳамон давраи ҷавонию бепарвоияшро инъикос карда, тамоюли ӯро ба қиморбозӣ ва дигар бозиҳои беҳуда нишон медиҳад. Хушбахтона, бо гузашти айём муносибати Толстой ба пул тағйир ёфт. Ӯ ба ҳайси соҳиби амлоки худ, ки дар ҳудуди он ҳазорон барзгару кишоварз истиқомат ва кору зиндагӣ мекарданд, ба як шахси масъулиятпазир ва эҳтиёткор мубаддал гардид. Бар замми ин, вай ҳамчун як адиби машҳур шуҳрат пайдо карда, барои асарҳои худ хазинаҳои ҳангуфт мегирифт. Мустақиман худ ба пул ниёзе надошт, вале маблағи зиёдро барои хароҷоти оилаи бузурги хеш, корҳои хайрия ва татбиқи нақшаҳои иҷтимоияш сарф мекард.
Дар ниҳояти умри хеш Лев Толстой аз ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт, ки дар соли 1906 ба ӯ пешниҳод гардида буд, даст кашид. Ӯ чунин меҳисобид, ки пул сарчашмаи разолат аст ва ҳеч гоҳ хушбахтӣ намеорад. Ҳамчунин намехост тавассути маъмурияти расмии илмӣ, ки мувофиқи андешаи вай ин ниҳод аз мардум ва ниёзҳои оммаи халқ дур буд, шинохта шавад. Толстой чунин навишта буд: «Аввалан, ин вазъ маро аз заҳмати вазнини муроқибат аз ин пулҳо, ки чун пулҳои дигар, ба андешаи ман, оқибати ногувор фароҳам меоранд, озод мекунад. Сониян, ин сарчашмаи ифтихору саодати бузурги ман аст, ки як тоифа афроди бароям ношинос, вале хеле мавриди эҳтиром,  бароям изҳори ҳамдардӣ намуданд».
Инак, чанд нуктаи қавлро аз Лев Толстой бароятон пешкаш мекунем:
«Пул завлонаи нави ғуломӣ аст, ки натанҳо дасту пойҳои инсон, балки ақлу қалби ӯро низ мебандад». 
«Сарват як чизи ғайриодиест, ки инсон наметавонад аз он зиёд дошта бошад, зеро сарвати зиёд инсонро бадбахт месозад». 
«Нодорӣ на, балки ҳарисӣ ва иштиёқ ба сарват қабоҳат аст».
«Азимтарин тасаввури нодуруст ва сарчашмаи ҳама бадбахтиҳо дар олам ин аст, ки ҳама мардумон пулро василаи таъмини осоиштагии худ медонанд».
Дар интиҳои умри хеш Лев Толстой ба як ҳолати равонӣ (катарсис) дучор гашта, ҳамчун як оворагард хонаю манзили худро барои ҳамеша тарк гуфт. Дар шаби 27 ва 28-уми моҳи октябри соли 1910 ин воқеа иттифоқ афтод, ки ӯ ҳамроҳ бо табиби хос ва дӯсташ Душан Маковитский ба таври пинҳонӣ амлоки худро, ки бо унвони Ясная Поляна машҳур аст, тарк намуд. Вай мехост аз ҳамсараш София Андреевна, ки бо ӯ дар мавриди дидгоҳҳои маънавӣ, меросхат ва муносибаташ ба пул ихтилофи назар дошт, дар макону мавқеи дуртар қарор дошта бошад.
Лев Толстой мухолифи моликияти хусусӣ ва сарват буд. Ӯ чунин меҳисобид, ки пул ҳеч гоҳ хушбахтӣ намеорад ва фақат ранҷу ноадолатӣ эҷод мекунад. Вай мехост аз ҳуқуқи худ ба осораш даст кашида, онро пурра ба мардум бубахшад. Ҳамчунин хоҳиш дошт, ки ҳама амволи хешро ба фақирон ва ниёзмандон бидиҳад.Толстой дар ин бора дар дафтари хотироти хеш чунин сабт кардааст: «Намехоҳам сарватманд бимонам, мехоҳам фақир бошам».
Ин ихтилофоти назар дар оилаи Толстой даргириҳо ва ҷанҷолҳои зиёдеро ба бор оварданд. София Андреевна аз ҳасодату бадгумонӣ ва фурӯпошии аъсоб ранҷ мебурд. Ӯ Толстойро дар хиёнату беақлӣ муттаҳам мекард. Ҳатто якчанд бор кӯшиш карда буд, ки худкушӣ кунад. Лев Толстой ин ҳама фишорро таҳаммул карда натавонист ва ба қароре омад, ки ҳамсарашро тарк намояд. Ӯ ба ҳамсараш вопасин номаро навишта, дар он қарори ниҳоии худро зикр кард: «Ман он амалеро анҷом медиҳам, ки одамон дар даврони пиронсолӣ анҷом медиҳанд, яъне ман гӯшаи танҳоӣ — узлатро ихтиёр мекунам. Рафтани ман на ба ин далел аст, ки аз ту хушам намеояд, балки ба ин далел аст, ки туро дӯст медорам». Дар идома чунин сабт шудааст: «Дар боби пул наяндеш, ки он модари бадбахтиҳост».
Лев Толстой дақиқан намедонист, ки ба куҷо биравад. Ҳангоми сафар дар мавзеъҳои мухталифе қарор гирифт, ки дар он ҷойҳо мухлисон ва ҳаводорони адиб ӯро бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Ҳамсар ва пайвандони адиб кӯшиш ба харҷ доданд, ки ӯро пайдо ва мутақоид намоянд, то ба хона баргардад. Дар ниҳоят, ӯ ба истгоҳи Астапово расид, ки дар он ҷо ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дучор гашт. Дар ҳамин мавзеъ, дар ҳуҷраи сардори истгоҳ 7 ноябри соли 1910 дар иҳотаи дӯстон, фарзандон ва ҳамсари худ, ки дар вопасин лаҳзаи ҳаёт ба наздаш расида буданд, ҷаҳони фониро падруд гуфт. Тарки манзил намудани ӯро, натанҳо иқдом аз ноумедӣ шуморид, балки василаи эътироз алайҳи кизбу хушунати дар ҷомеа ҳукмфармо низ донист. Вай мехост исбот намояд, ки пул ҳеҷ гоҳ муҳаббат ва маънавиятро иваз намекунад.

Тарҷумаи Ҷ. МАРДОНЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: