ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ «НАФАСИ ТОЗА» МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саросари кишвар марафони оммавии давидани «Нафаси тоза» гузаронида шуд.

 Мусобиқа дар шаҳри Самарқанд низ хубу хотирмон баргузор гардид.

Дар мусобиқа, ки дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим» таҳти шиори «Дар як Ватан, дар як вақт, ба як масофа, бо як мақсад, якҷоя медавем!» гузаронида шуд, қариб 8000 нафар иштирок карданд.
Иштирокдорон 3 километр масофаро тай карданд.
Дар баҳси миёни мардон варзишгари ҳаваскори иштихонӣ Сироҷ Равшанов пирӯзиро ба даст овард. Ҷойи дуюм ба варзишгари оқдарёӣ Учқун Аҳтамов ва ҷойи сеюм ба Шербек Ҳайитови пастдарғомӣ насиб кард.
Дар баҳсҳо миёни духтарон варзишгарони пастдарғомӣ Зӯҳро Қурбонова, Фарангис Алимова ва Элноза Маҳмараимова ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: