Вазири корҳои хориҷӣ бо ҳайати вакилони Амрико вохӯрд

7 ноябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо ҳайати Амрико таҳти сарварии ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу мулоқот анҷом дод.

Зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо рӯзномаи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, самтҳои афзалиятнокро, бахусус ба шукуфоии иқтисодии минтақавӣ равонашударо муайян карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: