«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД...»

Ба муносибати Рӯзи сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Боғи истироҳати ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд ҳамоиши адабию фарҳангӣ гузаронида шуд.

Ба муносибати Рӯзи сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Боғи истироҳати ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд ҳамоиши адабию фарҳангӣ гузаронида шуд.
Тадбир дар ҳамкории Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази миллӣ — фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва рӯзномаи «Овози Самарқанд» таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...» ташкил гардида, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, шоиру нависандагон, устодон ва донишҷӯён, дӯстдорони каломи бадеъ ва ҳунарпешагон иштирокдорони ҳамоиш буданд.
Чорабиниро доктори фанҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроев ифтитоҳ бахшид. Дар идомаи тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Х.Очилов, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сенатор Ф.Тошев, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, адабиётшинос, профессор С.Саъдиев, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят А.Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Б.Раҳмонов, эҷодкорон А.Қамарзода, Н.Каримзода, А.Шукуров баромад карданд ва дар бораи рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир, забони равон ва дилнишини шеърҳо, мавқеи Рӯдакӣ дар рушди адабиёти форсу тоҷик ва нуфузи ҷаҳонии устоди сухан ҳарф заданд.
– Дар бақову пойдории забони модарии мо саҳми Сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят калон аст, – гуфт устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд С. Саъдиев. – Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷику форс мақоми сарвариро дорад, бинобар ин ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «Одамушшуаро», «Устоди сухан», «Устоди шоирон», «Устоди Аҷам» бо муҳаббату ихлос ва эҳтиром сухан гуфтаанд.
Дар идомаи тадбир доир ба омӯхтани осори шоир дар замони муосир, корҳои илмие, ки дар ин самт анҷом дода мешаванд, сухан рафт. Зикр гашт, ки имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, биниши тоза, ватандӯстию худшиносӣ, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Баромади санъаткорон ва қироати шеъру ғазалҳои шоир аз ҷониби донишҷӯён тадбирро шукӯҳи идона бахшид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: