ӮЗБЕКИСТОН БА КИШВАРИ БАРОИ САРМОЯГУЗОРӢ МУСОИД ТАБДИЛ МЕЁБАД

Коршиносони хориҷӣ ва иштирокдорон дар бораи Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Тошканд 27 апрел дар пойтахти Ӯзбекистон Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба кори худ оғоз намуд, ки дар он беш аз 2,5 ҳазор намояндагони доираҳои корчаллонӣ ва сиёсӣ, аз чунин мамлакатҳо ба мисли ИМА, ИА, Бритониёи Кабир, ИДМ, Туркия, Чин, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Ҳиндустон, Миср, кишварҳои Шарқи Наздик иштирок карданд.

Дар ҳошияи форум тамоюлҳои ҷаҳони  сармоягузорӣ, дурнамои рушди энергетикаи «сабз», тиҷорати электронӣ ва бисёр дигар масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шуданд. 
Иштирокдорони форумро Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хайрамақдам гуфт. Дар суханронии худ дар бораи ислоҳот ва дигаргуниҳое, ки тайи чанд соли охир дар кишвар анҷом дода шудаанд, ҳарф зада, самтҳои рушди минбадаи онро муайян намуд. 
Натиҷаҳои рӯзи аввал нишон дод, ки чорабиниҳо бешубҳа ба мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалии кишвари мо ва инкишофи ҳамкории иқтисодӣ бо дигар давлатҳо мусоидат мекунад.
Сиёсатмадори Қирғизистон Денис Бердаков:
– Баргузории Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Тошканд ин қадами навбатӣ барои иқтисодиёти Ӯзбекистон мебошад, ки сол аз сол инноватсионӣ шуда, беҳтарин кадрҳоро, аз ҷумла дар соҳаи технологияҳои IT хеле фаъолона ҷалб мекунад. 
Ӯзбекистон омода аст сармояро аз тамоми кишварҳои ҷаҳон ҷалб кунад ва сармояҳо аксар вақт якҷоя бо технологияҳо ворид мешаванд. Сиёсате, ки ҳоло Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пеш мебарад, хеле дақиқ ва дуруст буда, аз бисёр ҷиҳат он роҳеро ба хотир меорад, ки ба истилоҳ «Бабрҳои осиёӣ» 50-70 сол пеш тай кардаанд. Албатта, барои Ӯзбекистон дар соҳаи логистика мушкилоти калон ба миён меояд, зеро ҷумҳурӣ ба баҳр роҳи мустақим надорад. Ба ин муносибат Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд барои баррасии рушди роҳҳои нақлиётиву логистикӣ на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ майдончаи хуб ба ҳисоб меравад. 
Президент Шавкат Мирзиёев дар форум нутқ эрод намуда, ба комёбиҳои Ӯзбекистон дар соҳаи рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории кишвар дахл намуд. Аз ҷумла, дар солҳои охир беш аз 40 ҳазор корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, ҳаҷми ҷалби сармояи хориҷӣ ба 10 миллиард доллар расида, қариб 1 миллион нафар аз камбизоатӣ раҳо карда, сатҳи камбизоатӣ дар байни аҳолӣ аз 17 то 14 фоиз коҳиш ёфт. 

Ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо вуҷуди бесуботии сиёсӣ ва иқтисодии шарикони асосии тиҷоратӣ, Ӯзбекистон кӯшиш мекунад, ки сиёсати худро босаводона роҳандозӣ кунад ва бозиҳои геосиёсиро нодида гирад. Бо итминон метавон гуфт, ки дар солҳои охир Ӯзбекистон ба яке аз кишварҳои барои сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ҷолибтарин табдил ёфтааст. 
Директори генералии Алянси тиҷоратии Авруосиёи «ACIR SouthernEurope» Эдуард Гулян (Испания):
– Ҳамаи масъалаҳое, ки дар суханронии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба миён гузошта шуданд ва дастовардҳои кишвари шумо моро водор намуд, дарк созем, ки Ӯзбекистон ба кишвари барои сармоягузорӣ мусоидтар табдил меёбад. 
Ман дар соли 2022 ба аввалин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ташриф оварда, аз сатҳи баланди он хеле мутаассир шуда будам. Дар доираи конфронс мо муваффақ шудем оид ба як қатор самтҳо бо шарикони ӯзбекистонӣ бо ҷалби ширкатҳои бонуфузи испанӣ лоиҳаҳои муштарак таҳия созем ва ҳоло аз рӯйи онҳо корҳои амалӣ пеш мебарем. 
Намояндагони ширкати мо дар конфронси имсола ба сифати маърӯзачиён дар суҳбатҳои «мизи мудаввар» фаъолона иштирок мекунанд. 
Президенти Ӯзбекистон дар суханронии худ таъкид кард, ки ислоҳоти пайваста, ки ба озодгардонии минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, боз намудани роҳҳои васеъ барои тиҷорат, мустаҳкам намудани қонуният ва кафолатҳои ҳуқуқӣ нигаронда шудааст, босуръат идома дорад. 
Дар баробари ин барои ман аз ҳама муҳим он буд, ки Президент Шавкат Мирзиёев борҳо таъкид кард, ки ӯ шахсан ба ширкатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон тамоми ташаббусҳои сармоягузорӣ ва пеш бурдани тиҷорат бо шариконро кафолат медиҳад. Агар гӯям, ки пас аз чунин суханони сарвари кишвар майли ман ба тиҷорат дар Ӯзбекистон боз ҳам бештар шуд, муболиға намешавад.
Ба фикрам, ин гуна ислоҳот дар ояндаи наздик Ӯзбекистонро барои ҷалби сармоя на танҳо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳон кишвари мусоид ва ҷолибтарин хоҳад кард. 
Директори иҷроияи Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва иқтисодии Малайзия Зохри Идрис:
– Иштироки намояндагони ширкатҳои бузург, доираҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои молиявии байналхалқӣ дар кори ФБСТ-2023 аз эътибори баланди ин чорабинӣ гувоҳӣ медиҳад. 
Тавре ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар суханронии  худ дар маросими ифтитоҳи анҷуман қайд кард, имрӯз иқтисоди ҷаҳон дар робита ба равандҳои мураккабу хатарнок ва дигаргуниҳо дар арсаи байналмилалӣ аз имтиҳони ҷиддӣ мегузарад.
Аз ин рӯ, форум ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳо ва боз кардани имкониятҳои нави тиҷорат мусоидат мекунад. 
ФБСТ ҳамчун як платформаи муҳим барои ошно кардани иштирокчиёни форум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки ҳукумати Ӯзбекистон дар солҳои охир татбиқ менамояд, озодгардонии иқтисодиёти миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва чорабиниҳое, ки кишвар барои ворид шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо меандешад, хидмат хоҳад кард. 
Чӣ хеле, ки Президенти Ӯзбекистон таъкид кард, саъю кӯшиши кишвар бобати ворид шудан ба СҶС ва дар таърихи кишвар бори аввал таъсис додани Суди байналмилалии тиҷоратӣ барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ на танҳо ба иқтисодиёти кишвар, балки барои иқтисодиёти давлатҳои минтақа рағбати мусбат хоҳад гардид. 
Хеле муҳим ва шоёни таҳсин аст, ки Президент Шавкат Мирзиёев шахсан ба сармоягузорони хориҷӣ фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузориро дар Ӯзбекистон кафолат медиҳад. 
Боварӣ дорам, ки анҷумани имрӯза барои иштирокдорон ва шарикони хориҷӣ имкониятҳои беҳамтоеро барои пешбурди тиҷорат дар Ӯзбекистони Нав мекушояд. 
Муовини якуми раиси Палатаи савдою саноати Тотористон Артур Николаев:
– Ин сафари аввалини ман ба Ӯзбекистон намебошад. Қайд кардан мехоҳам, ки Ӯзбекистон сол то сол ба таври  назаррас тағйир меёбад, дигаргуниҳои рӯзафзуни мусбат ба назар мерасанд. Ба қарибӣ Намоишгоҳи байналмилалии саноати «Иннопром: Осиёи Марказӣ – 2023» дар ин ҷо бомуваффақият баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҳайати пурқуввати Русия, ки намояндагони бисёре аз минтақаҳои Русияро дарбар мегирифтанд, низ ширкат карданд. Аз минтақаи мо намояндагони доираҳои корчаллони беш аз 50 ширкат иштирок намуданд. 
Боиси хушнудист, ки яке аз нуқтаҳои асосие, ки Президент Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар ин намоиш ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, рушди ҳамкориҳои кишварҳо, ба хусус кишварҳои наздик ва ҳамсоя мебошанд. Бешубҳа, рушди коммуникатсияҳои роҳи оҳан ва долонҳои логистикӣ дар густариши ҳамкориҳои байни кишварҳо бартариҳои ҷиддӣ медиҳанд. Омилҳои асосие, ки корхонаҳо имрӯз ба онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, логистика, молия ва захираҳои инсонӣ мебошанд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин ба масъалаҳои экология, иқтисодиёти «сабз», энергетикаи муқобил, сатҳи нави инноватсия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. 
Шарики идоракунандаи ширкати консалтингии молиявии «SevenCapitalPartners» Питер Маргетс (Бритониёи Кабир):
– Бешубҳа, дар давоми солҳои охир дар иқтисодиёти Ӯзбекистон дигаргуниҳои таъсирбахш ба амал омаданд. Тавре  сарвари давлат дар суханронии худ дар ифтитоҳи форуми сармоягузорӣ қайд намуд, низоми мусоиди фиксалӣ ба вуҷуд омада, савдои хориҷӣ низ озод карда, низоми ҳокимияти иҷроия ислоҳ гардида, бюрократизм коҳиш ёфта, низоми ягонаи кор бо сармоягузорон ва ғайра ҷорӣ карда шудааст.
Ӯзбекистон имрӯз сиёсати кушоди иқтисодӣ пеш мебарад, оид ба рушд ва амиқсозии муносибатҳои мутақобилан судманд бо ҷомеаи байналмилалӣ фаъолона корҳо амалӣ менамояд. Боварӣ дорам, ки дар шароити муосир, ки тамоми кишварҳо ба ноустувории бозорҳои ҷаҳонӣ ва баҳсҳои печидаи сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, барои зудтар барқарор кардани иқтисод бо таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии онҳо роҳҳои ҳаллӣ муассири амалӣ зарур аст. 
Дар ин замина, ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев, ки дар чорабинии  имрӯза садо доданд, ба андешаи ман саривақтӣ буда, аҳамияти тамоми рӯзномаи иқтисодии ҷаҳонро инъикос мекунанд. 

АИ «Дунё».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: