САЙФИ ФАРҒОНӢ – ПОДШОҲИ МУЛКИ СУХАН

Муаллифи ин каломи шево «султони мулки сухан» Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ, яке аз шоирони тавонманд ва чеҳраҳои мунаввари адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор меравад, ки нимаи аввали асри XIII, дар водии Фарғонаи таърихӣ дидаи басират ба олами ҳастӣ боз намудааст.

Ишқ султон кард бар мулки суханронӣ маро,
З-он кунанд арбоби маънӣ бандафармонӣ маро.

Муаллифи ин каломи шево «султони мулки сухан» Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ, яке аз шоирони тавонманд ва чеҳраҳои мунаввари адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор меравад, ки нимаи аввали асри XIII, дар водии Фарғонаи таърихӣ дидаи басират ба олами ҳастӣ боз намудааст. Ӯ низ чун дигар бузургони дар роҳи илму тариқат азиятдида, аз омӯхтани илмҳои замонааш оғоз карда, дунёро бо чашми дил нигоҳ кард. Сайф илмҳои арӯз, қофия, фалсафа ва санъатҳои бадеиро азбар намуд, ки шаҳди шакари ашъораш далели дар ин росто мумтоз буданашро исбот менамоянд. Шоир бо номҳои Сайф ва Сайфи Фарғонӣ эҷод кардааст. Замоне, ки муғулҳо ба Мовароуннаҳр панҷаи ваҳшат заданӣ мешаванд, шоир Фарғонаро бо дидаи пурнам паси сар намуда, ба Эрон рӯ меорад ва муддате сокини шаҳри Табрез мешавад. Сайф маҳз дар ин ҷо аз шаҳомати шеъри оламгири Шайх Саъдӣ ва салобати шоирии ин ғазалсарои маъруф огоҳ мешавад. Дигар ашъори намакини ин пири пандсаро вуҷуди ӯро тасхир карда буд. Аз ин рӯ, ҳаваси дидор ва зиёрати Саъдӣ ӯро ба Шероз меорад ва бо ӯ пайванди дӯстиву бародарии ногусастаниро ба роҳ мемонад:
«Ту кишваргири офоқию шеъри ту туро лашкар,
Чунин лашкар туро зебад ба ҳар кишвар 
фиристодан»
мегӯяд Сайф дар васфи Саъдии Шеърозӣ.
Девони Сайфро шарқшиноси турк Аҳмад Оташ пайдо намуд. Баъдан, соли 1962 девони Сайфи Фарғониро Забеҳулло Сафо мураттаб гардонда, ба табъ расонд. Девоне, ки аз тарафи Сафо тартиб дода шудааст, аз се ҷилд иборат мебошад. Нусхаи аслии девон хеле нодир буда, танҳо дар Туркия маҳфуз аст. 
Бар асари нобасомониҳои ғафлатбор шоир ва вазир Шамсиддини Ҷувайнии Соҳибдевон, ки Сайф бо ӯ низ риштаи дӯстиву бародарӣ дошт, ба ҷурми хиёнат кушта мешавад ва Сайфи нав ба муроди суҳбати эшон расида, бо дарду фиғон мегӯяд:
Дар ин тафаккурам, эй ҷон, ки гар фироқ афтад,
Маро висоли ту дигар кай иттифоқ афтад?
Баъд аз ин ҳодиса, Сайф ҳиҷрат карда, зиндагиро дар шаҳри Оқсаройи туркони усмонӣ ихтиёр менамояд. Шоир аз бедодгариҳои замона изҳори нигаронӣ менамояд:
Дар аҷабам, то худ он замон чӣ замон буд,
К-омадани ман ба сӯйи мулки ҷаҳон буд.
Сайф тақрибан соли 1348 дар шаҳри Оқсаройи ин кишвар чашм аз олам пӯшид. Лек дар маъхазҳо соли вафоту таваллуди шоир, чун миқдори ашъораш  гуногун оварда шудааст.
Донишманди шинохтаи Эрон Муҳамадризои Табрезии Шерозӣ дар китоби «Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ – қаҳрамони арсаи суханварӣ», (Теҳрон, 1475-и ҳиҷрӣ), чунин менигорад: «Солҳои пеш гавҳари пурмояе дар ганҷинаи шеъри ирфонии дарӣ аз дафинаи қурун ва аъсор берун кашида шуд, ки дурахшаш хиракунандаву бориқаи гирандаи он муддате соҳибназарони адабӣ ва иҷтимоиро ҳайратзада кард. Ин гавҳари тобандаву рахшон нусхаи хаттии девони шеъри Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ – шоир ва орифи нимаи дуюми қарни ҳафтум ва нимаи аввали қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ буд. Ӯ пас аз гузашти ҳафт қарн ба ҳиммат, поймардӣ ва кӯшиши шодравон дуктур Аҳмади Оташ – устоди фақиди забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Истанбул, аз миёни ҳазорон китоби хаттии мунташирнашуда аз дили китобхонаи донишгоҳи мазкур ҷилвагар шуд. Нусхаи аксии он тавассути муҳаққиқи дақиқ ва фарҳангшиноси гаронмояи зиндаёд устод Муҷтабии Минуӣ ба Эрон оварда шуд ва баъд дар меҳрмоҳи соли якҳазору сесаду чиҳилу яки шамсӣ бар асари мусоеъ ва кӯшишҳои устод Забеҳуллоҳи Сафо дар се муҷаллад ва интишороти Донишгоҳи Теҳрон бо тавзеҳе иҷмолӣ ба чоп расид...» 
Адабиётшиносони тоҷик Ансор Афсаҳов ва Усмон Каримов, маҷмӯаи «Сайфи Фарғонӣ. Девон» (Душанбе, «Дониш», 1978) таҳия намудаанд. Дар ин китоб 26 қасида, 2 қитъа, 10 рубоӣ ва 197 ғазал фароҳам оварда шудааст. Дар пешгуфтори китоб мураттибон дар қатори таҳқиқот ва андешаҳои хеш ҳамчунин доир ба чанд носаҳеҳии девони мураттабнамудаи Забеҳулло Сафо иттилоъ додаанд. Аз адибони ӯзбек Б. Аҳмадов роҷеъ ба осору рӯзгори Сайфи Фарғонӣ пажӯҳишҳо кардааст. Бо вуҷуди баъзе маълумотҳоро нодуруст овардан, муҳаққиқон Б.Аҳмадовро яке аз аввалин нафароне мешуморанд, ки рӯ ба осори Сайфи Фарғонӣ овардааст.
Девони Сайфи Фарғонӣ аз 582 ғазал, 117 қасоид, 23 рубоӣ ва 7 қитъа оро ёфта, тақрибан аз 10500 байт иборат мебошад, ки ҳар кадоме дар навбати худ як дастагуле аз боғи пурлатофати адабиётанд. Ашъораш дорои мазомини баланд буда, гӯё ҳама растагориҳои рӯҳу қалбаш, орзую ормонаш, муҳаббати бемаҳдудаш бо ҳам омезиш ёфта, шеъри олиро бунёд намудаанд.
Роҷеъ ба аҳвол ва осори Сайфи Фарғонӣ дар энсиклопедияи «Адабиёт ва санъати тоҷик» (соли 1974) чунин маълумот дода шудааст:
«Сайфуддин Муҳаммад шоири форсу тоҷик дар охири асри XIII ва ибтидои асри XIV зистааст. Ҳамзамон ва дӯсти Саъдии Шерозӣ. Дар зодгоҳаш таҳсил кардааст. Шоир ватанашро дӯст медошт, аз он дил кандан намехост. Аммо аз таъқиби муғулҳо ночор ватанро тарк гуфта, ба Табрез рафт ва солҳои 1262-84 онҷо умр ба сар бурд. Дар Табрез аз Саъдӣ хабар ёфт ва чанд номаи манзуме ба унвони ӯ фиристод, ки чаҳортояш то замони мо расидааст. Ин номаҳо гувоҳи эҳтирому эътиқоди Сайфи Фарғонӣ ба Саъдии Шерозӣ мебошанд. Аҳволи Сайфи Фарғонӣ дар Табрез вазнин шуд ва ӯ ба шаҳри Оқсаройи Рум рафт ва то охири умраш онҷо зист. Аз Сайфи Фарғонӣ девоне боқӣ монд, ки 573 ғазал, 160 қасида, 4 қитъа ва 23 рубоӣ дорад. Шоир дар ғазал ба Саноӣ, Аттор, Хоқонӣ ва махсусан ба Саъдӣ пайравӣ кардааст. Қариб 90 ғазали шоир дар пайравӣ ё ҷавоби ғазалҳои Саъдӣ гуфта шудаанд...»
Шоир дар қасидаи «Офтоб», ки яке аз чор унсури ҳаёт мебошад, бо маҳорату қудрат ва андешаи бикр маънӣ меорояд. Қасида саропо саршор аз панду ҳикмат ва ақоиди фалсафию ирфонист.
Гашта зи шавқи рӯйи ту бар домани фалак,
Ҳар шаб ба дасти субҳ гиребон дар офтоб.
Аз равзан ар-раҳаш набувад дар сарои ту,
Худро дарафканад зи шикофи дар офтоб.
Шоир манзараҳои руъёӣ, ҳақиқати зиндагӣ ва нозукиҳои ҳолати офтобро бисёр нозукбинона ба риштаи тасвир кашидааст. Вақте мисраи »Худро дарафканад зи шикофи дар офтоб»-ро мехонем, бегумон ин ҳолатро тасаввур менамоем, зеро ин (аз равзана ё шикофи дар ворид шудани офтоб) як ҳолатест барои ҳама ошно. Дар назари аввал хеле сода, аммо тарзи баёну тасвир шоирона!
Гуфтам: «Даме ба лутф маро дар канор гир,
Эй наварӯси ҳусн, туро зевар офтоб».
Фарёд зад замин, ки: «Ту кай осмон шудӣ,
То дар канор маҳ будат, дар бар офтоб».
Агар, назар ба сохт ва танини шеър андозем, шабеҳи бархе аз мисраъҳои шоири ориф Мавлавии Балхии Румӣ аст, ки Сайф дар шеъраш бо шӯру исёни мавлавиёна нидо мекунад. Шеър аз лиҳози мазмун баланд буда, дорои бадеияти дилписанд аст. Истифодаи санъати бадеӣ, бавижа, ташбеҳҳои шоирона ашъори Сайфро дилпазир гардонидаанд. Шоир байтро хати эъҷоз бахшидааст. Ӯ чи тавр аз ҷамоли ёр (шояд манзураш Илоҳӣ бошад, ё инсон) шармгинона ранг бадал кардани Офтобро тасвир намудааст. Табиист, ки Офтоб ҳангоми ғуруб ранги сурх ё норинҷиро мегирад. Лекин инро ба шарм кардан аз ҷамоли ёр нисбат додани сухангустар аҷиб аст.
Сайф:
Аз шарми рӯйи туст, ки ҳар шом мешавад,
Дар равзаи фалак чу гули аҳмар офтоб.
Дар байти дигар шоираи рангинхаёл Робияи Балхӣ низ ғуруб кардани офтобро ниҳоят зебо ифода кардааст. »Домани пурхун» гуфтани шоира низ ҳамон Офтобро «чу гули аҳмар» нигоштани Сайф аст.
Робия:
Шафақро лолагун дидам, намози шом дар гардун,
Магар хуршедро куштаст, дорад домани пурхун?
Дар қасидаи зерин вожаи зебои офтоб 101 маротиба истифода шудааст, ки ҳама ҷобаҷову мутаносиб ба назар мерасад. Калимаҳое чун хуршед, ховар, маҳтоб, фалак, шуо, абр, асфар (зард, шабеҳи моҳтоб), аҳмар (ранги сурх), осмон, моҳ, зевар, озар, чанбар, анвар, ойина, чароғ ва ғайраҳо дар шеър  хеле моҳиронаву соҳирона корбаст шудаанд. Ҳангоми пажӯҳиш ва омӯзиши ашъори Сайф мушоҳида кардем, ки анқариб дар кулли қасидаҳояш вожаи «офтоб» «рӯшаноӣ» мекунад. Гӯиё хонанда бо қироати ашъор як гармии гуворое эҳсос мекунад, ки саропои девони адибро фаро гирифтааст:
Ба назди ақли ту хуршеди равшанат, ки нест
Касе ба қомати болои ту, магар соя.
***
Чу соя бар мани бенур афканӣ, гӯяд,
Ки офтоб фиканда-ст соя бар соя.
***
Макун тавозӯъ ба ошиқони худ зинҳор,
Аё, зи турраи ту офтоб дар соя.
***
Сокин раво мадор тани сояхусбро,
Ҷунбиш чу зарра дар талаби офтоб кун.
***
В-агар зи лаъли ту хуршед баргирад,
Зи акси партави ӯ гавҳаре шавад дар санг.
***
Эй хиҷил аз рӯйи хубат офтоб,
Рӯзи ман бе ту шаби бемоҳтоб.
Офтоб аз дидани рухсори ту,
Ончунон хира, ки чашм аз офтоб.
***
Чу офтоби рухат шуъла зад зи бурҷи ҷамол,
Фиканд соя бар ин дил ҳумои андеша.
Ҳамин минвол, вожаи офтоб дар саросари ашъори шоир ҷилвагарӣ мекунад.
Муҳаққиқи осори Сайф — Муҳаммадризо ба ашъори ӯ мафтун шуда, баҳои арзанда медиҳад: «Ба ҳар ҳол, табъу интишори ин девони нафис чунин коми ташнаи шефтагони ирфонии мусбат огоҳона ва тарафдорони шеъру адабро сероб сохта, ки шодмонии зиёдулвасфи он ва низ зуҳури ин шоири гаронқадру дарёи хурӯшон ва мавоҳи суханаш дар арсаи шеъри ирфонӣ кудуратро аз дили дӯстдорони адаб зудуд».
Дар китоби донишманди номвар иртибот ва таҳаввулоти маъноию ҳунарӣ, вобастагии шеъри Рӯдакӣ, Амъақии Бухороӣ, Анварии Абевардӣ, Хоқонии Шервонӣ, Аттори Нишопурӣ, Камолиддини Исмоил, Саъдии Шерозӣ бо Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Вақте ки қасидаи «Ай нигори садафсинаи гуҳардандон» (иборат аз 32 байт)-ро мехонем, бемуҳобо, ба ёд қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Пири Рӯдак – устоди шоирони ҷаҳон Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ меояд. Ҳарду қасида монандии зоҳирӣ надошта бошанд ҳам, аз лиҳози мазмун ягонагӣ дида мешавад.
Рӯдакӣ:
Маро бисуду фурӯ рехт ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло-бал, чароғи тобон буд.
Сапеду симзада буду дуру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Сайф:
Аё нигори садафсинаи гуҳардандон,
Ақиқро зада лаъли ту санг бар дандон.
Нуҳуфта дор рухи хешро зи ҳар дида,
Нигоҳ дор лаби хешро зи ҳар дандон.
Ҳисоби шеър чу сиву ду шуд, қалам бишкан,
К-аз ин на камтар бояд, на бештар дандон.
Забон-т арчи дароз аст, қисса кӯтаҳ кун,
Бирав, бипӯш ба хомӯшӣ аз назар дандон.
Сайф ба шеъри марғуби Рӯдакӣ шефта гардида, ба қасидаи машҳури ӯ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» назира баст, ки «аз олитарин, зеботарин мазомини ирфонӣ» иборат мебошад. Қасидаи Сайф аз 50 байт фароҳам омада, низ дар вазни қасидаи Маликушшуаро мебошад.
Рӯдакӣ:
Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Сайф:
Номи ту чун парниён ояд ҳаме,
Оби ҳайвон дар даҳон ояд ҳаме.
Дар тани мурда чӣ кор ояд ҳаме,
Дар дил аз ёди ту он ояд ҳаме.
Шеъри ман оташ ба ман дар зад чу шамъ,
Сӯхтӣ, з-оташ гумон ояд ҳаме.
Мавзӯи инъикоси истилои муғул дар ғазалиёти Сайф яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. 
Сайф барои васфи ёрро сароидан як байти ғазалро ба чандин қасида баробар мекунад.
Сайф, ар ғазал сарояд дар васфи сурати ту,
Як байти ӯ ба маънӣ чандин қасида бошад.
Фасли ғазалҳо назми дилангезеро дар бар гирифтааст. Ба ғазалиёти шоир назари амиқ андозем, ба баҳри андешаҳояш ғӯтавар мешавем. Воқеан, доманаи фикри бикри ӯ хеле фарох аст. Ғазалиёти шоир аз зиндадилии тӯтии шакарбори табъаш гувоҳӣ медиҳад. Дар ғазалиёти устоди калом Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ суханҳои латифу дилангез хеле зиёданд. Суханвар дар интихоби ибораҳои мувофиқ ҳунари касбии худро нишон медиҳад: ӯ ибораҳоеро мавриди истифода қарор додааст, ки хушоянду рӯҳнавозанд: ширини шӯрангез, субҳи бегаҳхез, бемори бепарҳез, лаъли шаккаррез ва ғайра. Бунмоя ва ҷавҳари назми Сайф аз ҳамингуна вожаҳои шеърофар далолат медиҳанд.
Чанд пора аз ғазалҳои Сайф, ки маъноҳои ирфониву фалсафиву ишқӣ доранд:
Талхии ғамат хӯрдам, бошад суханам ширин,
Эй дӯст, надонистам, к-ин най шакаре дорад.
***
Чу парда аз рухи чун офтоб бардорӣ,
Зи шарми рӯйи ту нур аз қамар фурӯ резад.
***
Замин аз рӯйи ӯ пурнуру бо хуршеди рухсораш
Фароғат дорам аз моҳе, ки ҷояш осмон бошад.
Ҳадиси ӯ касе гӯяд, ки доим чун қалам ӯро
Забон андар даҳон набвад, даҳон андар забон 
бошад.
***
Дӯш дар маҷлиси мо буд зи рӯйи дилбар
Табақе пур зи гулу пиставу бодому шакар.
***
Чи дилбарӣ ту, ки нозода Марями ҳуснат,
Ҳазор Исии гӯё дар остин дорад.
***
Андар он рӯ, ки зи қурси маҳу ҳур афзун аст,
Намаке ҳаст, ки кам нест зи бисёр шакар.
Шеъри ман банда, махон, то ба лабонат нарасад,
Борҳо гуфтамат, аз об нигаҳ дор шакар.
Шоир дар сароидани ғазал худро пайрави Саъдӣ мешуморад. Танҳо дар ғазалҳояш зиёда аз 30 маротиба номи Саъдиро зикр намудааст ва ба ғазалҳои ӯ ҷавобия навиштааст. Дар ғазалҳои ишқияш низ дар тасвир ва таърифу тавсифи маъшуқа ба ғазалҳои ишқии Саъдии Шерозӣ пайравӣ намудааст:
Сайфи Фарғонӣ, бирав, тасдиқи Саъдӣ кун, ки гуфт:
«Ман бад-ин хубиву зебоӣ надидам рӯйро».
Банда гар нек асту гар бад дар сухан, неку сутуд,
Назди некӯён ҷазо бад нест некугӯйро.
Сайфи Фарғонӣ дар сароидани рубоӣ низ маҳорати калон дорад. Дар рубоиҳои шоир мавзӯъҳои ишқӣ, тасаввуфӣ ва ғайра дида мешавад. Шоир дар як рубоияш ҳусну ҷамоли маъшуқаро чунин таърифу тавсиф намудааст:
Ҳар бӯса, к-аз он тангдаҳон мехоҳӣ,
Умрест, ки аз маъдани ҷон мехоҳӣ.
Дар зулмати хатти ӯ нигар зери лабаш,
Аз оби ҳаёт агар нишон мехоҳӣ.
           ***
Дил дар талаби ту хастагиҳо дорад,
Кораш зи ғами ту бастагиҳо дорад.
Ҳарчанд ки пушти лашкари ҳастиам ӯст,
З-он рӯй басе шикастагиҳо дорад.
Омӯзиши эҷодиёти Сайф нишон медиҳад, ки адабиёти ин давр аз ҷиҳати шакл, услубу сабки баён давоми  адабиёти асрҳои гузашта аст. Шоирони ин давра, аз ҷумла худи Сайф дар назм беҳтарин анъанаҳои гузаштагонро давом дода, онро бо ифодаҳои наву тоза ғанитар намудаанд.
Эҷодиёти вай аз ҷиҳати мазмун, ғоя ҳоло ҳам аҳамияти калони тарбиявӣ-эстетикӣ дорад. Тадқиқи эҷодиёти ӯ як саҳифаи торики адабиётамонро равшан хоҳад кард.
Шеъри ман об аст аз ҷони равон,
З-ӯ бихур, з-он пеш, к-аз вай бигзарӣ.
Машраби Хизр аст чун айнулҳаёт,
Ҷаҳд кун то об аз ин машраб х-варӣ.
Сайфи Фарғонӣ суханҳо гуфту рафт,
Шеър аз вай монду сеҳр аз Сомирӣ.

Гулпарӣ ШАРИФОВА,
номзади илмҳои филологӣ, устоди
Донишкадаи омӯзгории Панҷакент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: