НАВОӢ – ШОИРИ ДУ ХАЛҚ

Дар асрҳои XV-XVI дар Осиёи Марказӣ ва Хуросон ҳаёти илмию фарҳангӣ ва адабӣ пеш рафт.

Дар ин давра шаҳрҳои Самарқанд ва Ҳирот аз марказҳои илму адаб ва фарҳанги давраи мазкур муаррифӣ шудаанд. Дар рушду нумӯи адабиёти бадеии ин давра мавқеи ҳарду шаҳр босазо аст. Алалхусус, мактаби адабии Ҳирот, ки сарвари он Абдураҳмони Ҷомӣ буд, дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҷойгоҳи худро дорад.
Дар ин давра адибони ҷавон ба Ҳирот барои таҳсил меомаданд ва аз имтиҳони адибони бузург – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мегузаштанд.
Бояд таъкид кард, ки дар мактаби адабии Ҷомию Навоӣ анъанаи зуллисонайнӣ авҷ гирифт. Бисёр шоирон ба ду забон – тоҷикию ӯзбекӣ шеър мегуфтанд, ки сарвари онҳо Алишер Навоӣ буд. 
Алишер Навоӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ таҳсил карда, забонҳои арабӣ ва тоҷикиро хеле хуб медонист. Азбаски ӯ ба ду забон шеър мегуфт, ҳамзамононаш унвони зуллисонайнро дода буданд. Навоӣ бо маслиҳати пиру устодаш Ҷомӣ, баробари дар адабиёти туркӣ-ӯзбекӣ навоварӣ кардан, анъанаи бузурги хамсанависиро идома дод. То замони Навоӣ ба забони туркӣ-ӯзбекӣ офаридани асарҳои калонҳаҷми фалсафӣ, ахлоқӣ, ишқӣ ва монанди инҳоро имконнопазир мешумориданд.  Навоӣ бошад, бори аввал нодуруст будани ин натиҷагириро исбот кард ва дар пайравии Низомию Амир Хусрав ва Ҷомӣ “Хамса”-и худро офарид. Дар ин хусус худи Навоӣ мефармояд:
Ман, ки дар ин роҳ ниҳодам қадам,
Ҳаст умедам, чу бигирам қалам.
Роҳбарӣ карда Низомӣ маро,
Ёр шавад Хусраву Ҷомӣ маро.
Аз намунаҳои ашъори тоҷикии ӯ бармеояд, ки хусусияти назми адабиёти тоҷикро хеле хуб медонист, барои ҳамин як қисми асарҳояшро бо ин забон офарид. 
Яке аз асарҳои соф бо забони тоҷикӣ навиштаи  Навоӣ “Тӯҳфат-ул-афкор” мебошад, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа хеле баланд буда, дар ҷавоби “Луҷҷат-ул-асрор”-и Ҷомӣ  ва “Дарёи аброр”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ навишта шудааст.
Амир Хусрави Деҳлавӣ:
Кӯси шаҳ холию бонги ғулғулаш 
дарди сар аст,
Ҳар кӣ қонеъ шуд ба хушку тар, 
шаҳи баҳру бар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ:
Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи кайвон 
бартар аст,
Рахна дорад, к-он ба девори ҳисори 
дин дар аст.
Алишер Навоӣ:
Оташин лаъле, ки тоҷи хисравонро 
зевар аст,
Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан 
дар сар аст...
Хоҷа дил дар ваҷҳу сар афканда 
пеш аз фикри худ,
Садр аз баҳри тамаъ биншаста чашме 
бар дар аст...
Воизу томеъ гадои нон бувад 
фарқаш кам аст,
К-ин ба зери минбар омад, 
он фарози минбар аст.
Тухми расвоӣ диҳад бар донаи 
тасбеҳи зарқ,
Оре, оре, дона ҷинси хешро 
боровар аст. 
Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин қасидаи Навоӣ баҳои бисёр баланд медиҳад. Навоӣ дар ин асараш фикру мулоҳизаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва панду ахлоқии худро баён кардааст. Аз нуқтаи назари Навоӣ хоҷа – марди фақир, оддӣ ва меҳнаткаш буда, аз пайи зиндагии худ мебошад, вале садр – соҳибмансабу танпарвар, ҳамеша чашмаш ба дар аст, ки аз касе чизе тамаъ дорад. 
Афкору андешаи Алишер Навоӣ имрӯз низ қимати худро гум накардаанд. Шоир баъзе воизонро дар қатори тамаъкорон мегузорад. Аммо фарқ дар он аст, ки воизон болои минбару дигарон поёни минбаранд. 
Ҳамин тавр, дар қасидаи мазкур Навоӣ афкори сиёсию иҷтимоӣ ва панду ахлоқии хешро баён карда, ба Амир Хусраву Абдураҳмони Ҷомӣ ҷавоби муносиб гуфта тавонистааст. 
Таъкид кардем, ки Ҷомӣ дар баробари дӯст, пиру устоди Навоӣ буд. Маҳз бо ташвиқу тарғиби ӯ Навоӣ асарҳои бузургашро бо забони туркӣ-ӯзбекӣ иншо кард. Навоӣ аз аввалин шахсонест, ки асарҳои устодаш Ҷомиро ба забони туркӣ-ӯзбекӣ тарҷума карда, тозагии каломи лутфомези ӯро нигоҳ доштааст.
Дӯстии Ҷомию Навоӣ тимсоли дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад, ки онҳо солҳои сол бо садоқат умр ба сар бурда, роҳату машаққат, талхиву ширинии зиндагиро қисмат кардаанд, касбу ҳунарро якҷоя рушду камол бахшидаанд. 
Ҷомӣ дар “Юсуф ва Зулайхо” дар бораи Навоӣ фармудааст:
Муборак бар шаҳу аркони давлат,
Ғазанфарҳайбатони шерсавлат...
Вале дар коргоҳи одамият,
Ҷуз ӯ кам ёфт роҳи маҳрамият. 
Дар “Лайлӣ ва Маҷнун” дар ҳаққи Навоӣ мегӯяд:
Ёре, ки кунад ба ёр пайванд,
Нахли амалаш шавад барӯманд...
Коре набувад ба ҷойи ин кор,
Ёрони ҷаҳон фидои ин ёр.
Дар “Хирадномаи Искандарӣ” овардааст:
Ба туркизабон нақше омад аҷаб,
Ки ҷодудамонро бувад мӯҳри лаб...
Ту додӣ дигарбора ин обрӯй,
Кашидӣ ба ҷавлонгаҳи гуфтугӯй...
Навоӣ дар “Ҳайрат-ул-аброр” дар сифати Ҷомӣ фармудааст:
...Меҳри ӯ офоқро гар нур шуд,
Зарра аз ин меҳри ӯ машҳур шуд.
Дар “Лайлӣ ва Маҷнун” дар васфи Ҷомӣ ба чунин абёт вомехӯрем:
Ӯро лақабе чу мавҷаи нур,
Бо нури вуҷуд кунад ҷаҳон пур.
Номист ба номи Абдураҳмон,
Овоза вале ба Ҷомиаш дон...
Дар “Сабъаи сайёр” дар бораи Ҷомӣ гуфтааст:
Баҳравар аз он вилоди одам аст,
Зилли иршоди тамоми олам аст.
Баҳра ҳам аҳли ҳушу ҷоме барад,
Ҳам Навоӣ баҳра аз Ҷомӣ барад.
Дар “Садди Искандарӣ”-и Навоӣ дар васфи Ҷомӣ омадааст:
Чун аз он сармоя коме мерасад,
Бодае аз васли Ҷомӣ мерасад.
Хешро бо Ҷомӣ созад ҷуръакаш,
Ҳарф ронад сархушу девонаваш.
Навоӣ пас аз вафоти Ҷомӣ бисёр андӯҳгин мешавад ва марсияҳои зиёд менависад. Илова бар ин, Навоӣ дар муддати кӯтоҳ асари “Хамсат-ул-мутаҳаййирин”-ро иншо карда, ба хотираи устодаш мебахшад. 
Сатре чанд аз марсияи Навоӣ бар вафоти Ҷомӣ:
Эй ҳарими ҳарами қурби илоҳӣ ҷоят,
Тарафи ҷаннати фирдавс куҷо 
парвоят.
Тӯтиёни ҳарами қудс ба дил муштоқат,
Булбулони чамани унс ба ҷон шайдоят.
Нуҳ фалак чархзанон омада бар 
атрофат,
Буда гӯё ба сари ҳар як аз он 
савдоят...

Санҷар ҲИСОМОВ, 
омӯзгори мактаби миёнаи таълимоти ҳамагонии рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: