Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 январ дар чаҳорчӯби барномаи чорабиниҳои сафари давлатӣ ба ҶМЧ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқ Чжао Лэсзи мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот сатҳи баландтарини муносибатҳои Ӯзбекистону Чин таъкид гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари кунунӣ ба густариши шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ такони нави тавоно хоҳад бахшид.
Дар тӯли солҳои охир ҳаҷми муомилоти мол ду баробар, шумораи корхонаҳои муштарак се баробар афзуд.
Ҳамкориҳои байниминтақавӣ густариш ёфт, ки аз натиҷаҳои пурсамари нахустин форуми байниминтақавии Ӯзбекистону Чин, ки 22 январ дар шаҳри Урумчӣ баргузор шуд, шаҳодат медиҳад.
Таҷрибаи Чин дар мубориза ба муқобили қашшоқӣ фаъолона ҷорӣ карда мешавад.
Ба таъсиси марказҳои муштараки омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои техникӣ, омӯзиши таҷрибаи Чин дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва суғурта ва расонидани кумаки суроғавӣ ба аҳолӣ ҳавасмандӣ изҳор гардид.
Зарурати густариши муколамаи байнипарлумонӣ ва фаъолгардонии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии "Ӯзбекистону Чин" таъкид шуд.
Ба масъалаҳои назорати парлумонии самарабахш барои татбиқи амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд.
Аз рӯи масъалаҳои мустаҳкам намудани алоқаҳои маданию гуманитарӣ мубодилаи афкор барпо гардид.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Ӯзбекистон соли гузашта, ҳамчунин чорабиниҳое, ки дар шаҳри Пекин дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор мешаванд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.