ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ САМАРҚАНД ДАР КАНАДА

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Montreal International Tourism and Travel Show -2023 дар шаҳри Монреали Канада ба кор шурӯъ кард.

Ҳайати вилояти Самарқанд дар ҷараёни сафар ба Канада бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақа ва таъмини ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ маҳсулот ва хидматрасонии сайёҳии худро дар он муаррифӣ мекунанд.

Аъзои ҳайат бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ ва намояндагони муассисаҳои сайёҳии хориҷӣ вохӯриҳо анҷом доданд. Аз ҷумла, дар доираи чорабинӣ тақдимоти «Самарқанд – дарвозаи сайёҳии Ӯзбекистони Нав» гузаронида шуда, дар он оид ба салоҳияти сайёҳии Самарқанд, имкониятҳои аэропорти байналмилалӣ, корҳое, ки бобати омодасозии кадрҳо дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ мегарданд, объектҳои инфрасохтори вилоят ва ғайра маълумот дода шуд.
Ғайр аз ин, ҳайати намояндагон бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва идораҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ масъалаи ташкили саёҳатҳои муштараки сайёҳиро баррасӣ намуданд. 
Ёдоварӣ мекунем, ки 33-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «SITV-2023» яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар қитъаи Амрико мебошад. Дар  намоишгоҳ қариб 50 000 намояндаи соҳаи сайёҳии беш аз 100 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: