ТАГИ САБР – ТИЛЛО

Гулнисо бо шунидани бонги хурӯс бедор шуд.

Аллакай чашми рӯз кафида, аз тирезаи хурдакаки ҳуҷрааш равшанӣ медаромад. 
Саросема аз ҷояш хест, мӯйҳояшро ба тартиб дароварда, сарбандашро маҳкам баст. Ба берун баромад. Ҳавои тозаи баҳор ба кас ҳаловат мебахшид. Дар оби ҷӯйчаи назди ҳавлиаш дасту рӯй шусту чун ҳаррӯза ба гирумони рӯзгораш андармон шуд. Дарвоқеъ, имрӯз ҳамсояаш холаи Саёҳат духтарашро, ки ба қарибӣ ба шавҳар дода буд, талабон мекунад. Бо дасти холӣ рафтан айб. Қатлама мепазад – охир ҳамсояи девордармиён. Ҳайратангез аст, ки баъзе занҳо ба тӯю маъракаҳо бо ду дасти холӣ мераванд. Ҳамин ду қатлама ё фатиру чалпакбарӣ ба рӯзи шодии касе чӣ гаронӣ дорад? Зеби дасторхон. Охир момоёнамон ин корро мекарданд... 
Гулнисо бо чунин андешаҳо вориди ошхона шуд. Суфраашро аз болои халтаи орд гирифта, ба фарши ошхона густурд. Аз халта чор-панҷ коса ордро гирифта элак кард. Хамирро бо намакоб ҷӯлонда, болояшро бо дасторхон печонда монд. Вақте дастонашро мешуст, суханҳои модари раҳматиаш ба ёдаш омад: «Баъди ҷӯлидани хамир, албатта дастонатро дар коса шӯй, оби онро ба сатили молҳо ё ба бехи дарахт андоз. Баъзе занони бесаришта оби хамиролудро ба рӯйи ҳавлӣ мепартоянд, ки ин убол аст». Модараш сариштакор буд, ҳатто обшӯйи дегу табақашро низ ба гову бузаш медод. 
Дар ёд дорад, модари меҳнатқаринаш ҳар замон ба ӯ панд медод: «Духтарҷонам, ҳеҷ аз меҳнат рӯ матоб. Мушкилиҳои зиндагиро мисли кӯҳ бо сабру таҳаммул пушти сар гузар. Момоят маро насиҳат мекард, ки «Таги сабр тиллост».
Гулнисо садои гиряи кӯдакашро шунида, ба хона даромад. Сари духтарчаашро, ки аз гаҳвора овезон шуда буд, рост карда, дуруст карда, ба даҳонаш пистонакашро дод, ки макида хобаш барад. Сипас бистари болои бачаҳояшро, ки сар ба ҳар тараф монда хобида буданд, дуруст карду ба берун баромад. Сатилро гирифта барои говдӯшӣ ба молхона даромад. Худоба шукр, ширу ҷурғот, равғану қаймоқ аз дасторхонаш канда не. Говҳоро ҷӯшиду ширро аз ширполак гузаронда ба дег андохт. То пухтани шир ҳамаро  бедор кард:
– Азиз, Салим, Саврон зуд бошед, ба мактаб дер мемонед. Ку, Наргиза, духтарам, зуд дастурӯятро шӯй, ҳавлиро об зада рӯб. Қатлама мепазем, хамираш тайёр шуд. Дарси ту баъди пешин-ку? 
Гулнисо ба рӯйи суфа дасторхон паҳн кард. Ба косаҳо камакак намак, равған ва шир андохта, нон пора кард. Ҳама сари дасторхон нишаста, наҳорӣ мекарданд, ки тақ-тақи дарвоза баланд шуд:
– Хез бачам, дарвозаро кушо, аз каллаи саҳар кӣ будааст?   
Салим дарвозаро кушод. 
– Очаат дар хона? –  ҷавоби писаракро мунтазир нашуда апаи Назокат ба ҳавлӣ даромад. Ва баъди салому алейк лаб ба сухан кушод:
– Гулнисо, оё хабар дорӣ, имрӯз дар хонаи ҳамсоя талабон. Ман хабарчӣ, баро-а, камтар суҳбат мекунем. Кору ташвиши рӯзгор охир надорад.
– Мегузарам, апаҷон, мегузарам, – ҷавоб дод Гулнисо. 
Гулнисо баъди ба мактаб рафтани фарзандон, дасторхонро ғун дошту дари хонаи кории шавҳарашро кушода ба дарун назар афканд. Болои миз маҷаллаю рӯзнома, китобҳо, дафтарҳои хонандагон меистод. Шавҳараш либосҳояшро дар курсӣ бетартиб, болои ҳам гузошта буд. Дар рӯйи гилем коғазпораҳо меистод. Ӯ китобу дафтарҳоро ба тартиб дароварда, либосҳоро ба ҷевони либосҳо овехт. Шавҳараш омӯзгор аст. Ӯ ҳар доим ба Гулнисо гӯшрас мекунад, ки зани муаллим бояд дар рафтору гуфтор, либоспӯшӣ, тарбияи фарзанд, рӯзгордорӣ  ба дигарон намуна шавад. Мардум «зани муаллим», «писари муаллим», «духтари муаллим» мегӯянд...
«Аз субҳи содиқ ҷунбуҷӯл дорам, аммо корам тамом намешавад. Ҳамин Салиму Саврон агар духтар мебуданд, кайҳо дасти маро мегирифтанд. Духтарбача дигар хел, дастёр мешавад. Ношукрӣ нашавад, Худо хоҳад ҳамааш ба воя расанд, корам сабук мешавад» аз дил гузаронд Гулнисо. 
– Гулнисо, Гулнисо-у-у! – аз таги дарвоза садо дод дугонааш Ашургул.
«Э, Худо, ба ҳавлӣ надарояд хуб мешуд, аз гапҳои беҳудаи ӯ дилгир шудаам. Ба ҳар чиз эрод гирифта, камбудӣ меҷӯяд», аз дил гузаронд Гулнисо ва ба пешвози Ашургул баромад. Аммо дугонааш аллакай вориди ҳавлӣ шуда буд. 
– Вай, вай, ҳар доим ҳавлиат титу парешон, норӯфта. Худатро нигоҳ кун, ба фикрам ягон даҳ рӯз сар нашустаӣ, сару либосат ҳам рангпарида. 
Гулнисо ба рӯйи ҳавлӣ назар андохт. Дугонааш рост мегуфт, ҳама ҷо бесаранҷом, либосҳои хонагии бачаҳояш, ки иваз карда ба мактаб рафта буданд, дар замин мехобид. Як гӯшаи пардаи тирезаи айвон канда шуда овезон меистод, пойафзори сарипоии бачаҳояш болои ҳам. Аз ин бетартибӣ  Гулнисо каме шарм дошт. 
– Чӣ кор кунам, дугонаҷон, ҳамааш писарбача, мактабхон. Танҳо худам ба ҳамаи корҳо дастам намерасад.
– Зани сариштакор неӣ гӯям хафа мешавӣ, деги сари оташдонатро бин, зангӣ барин сип-сиёҳ. Ба фикрам моҳҳои дароз регшӯй накардаӣ. Ҳар доим мегӯям, камтар таваллуд кун, ҷонат ба худат лозим. Бачаи пур-балои ҷон. Даҳто дошта бошӣ ҳам, яктояш нигоҳ мекунад. Худо нишон надиҳад, касал-пасал шуда мурда монӣ, ҳеч кас намесӯзад. Шавҳарат зан мегирад. Як гап ҳаст-ку, мардак рӯзи таъзияи занаш ду чашмаш ба занҳои бегона мешудааст. Бачаҳоят хонаю дар карда баромада мераванд, – булбул барин месароид Ашургул. 
– Дугона, ин хел ният накун, аз забонат шамол барад. «Хонаи бачадор бозор, хонаи бебача мазор» гуфтаанд. Аз боло гузар, чой тайёр. 
– Дуто шуд, бас кун гуфтам, сето шуд, бас кун гуфтам. Мана ҳоло шашто шудааст. Боз дилакат кашоли ҳафтумаш будагист? Ба ҷонат чӣ зарур ин қадар зойидан? Мана, маро бин, дуто ёфтаму бас кардам. Вақте додош ғиринг-ғиринг кард, духтурро гапзанон кардам, то ба шавҳарам фаҳмонад, ки дигар зойидан мумкин нест. Чӣ, бисёраш ҳайкалатро аз санги мармар мегузорад? Бо инҳо овора шуда, на ба тӯй меравӣ, на ба бӯй. Ҳаловат надорӣ аз дасти инҳо. На серӣ мехӯрию на серӣ мепӯшӣ. Инсон ба дунё як бор меояд, – насиҳаташро идома медод Ашургул. 
Гулнисо ба сару либоси қиматбаҳои хушдӯхт, гӯшвораву ангуштарии тиллоии дугонааш нигоҳ карда аз дил гузаронд: «Рост мегӯяд, умри одамизод кӯтоҳ, дар ин умри кӯтоҳ агар нахураду напӯшад, шодию хурсандӣ накунад, ба маъракаҳо ҳамроҳ нашавад, ин ҳаёт чӣ лозим? Ба дугонаам ҳавасам меояд. Худаш шоҳу табъаш вазир. Ҳар рӯз дар сафар, дар меҳмонӣ. Мӯди охиринро мепӯшад...»
– Майлаш. Ман рафтам, – Ашургул туфлии амирикоиашро «ғарч-ғурч» кунон аз дарвоза баромад. 
Хории Гулнисо омад. «Мана, синнаш ба чил расидаасту ҳузуру ҳаловат чист, намедонад. Дугонааш ҳар рӯз дар меҳмонӣ, хонаву дараш доимо тозаю озода, духтару писарашро лӯхтак барин мепӯшонад».
Дасту дилаш ба кор нарафт. Дар рӯйи суфа каме ғарқи дарёи андеша нишасту ногаҳон хамираш ба ёдаш расид. Қатламаҳоро пухт, дутояшро ба дасторхон печонда, духтарчаашро ба бағал гирифта ба хонаи ҳамсоя гузашт. Ин ҳангом аллакай ошро мекашиданд. Бо соҳибони тӯй пурсупос кард, «муборак шавад» гуфт ва ба хонае, ки ҳамсояҳо нишаста буданд, даромад. Ашургул аз боло нишаста як хона занро механдонд, ҷилави суҳбат дар дасти вай буд. Гулнисоро дида аз паҳлуяш ҷой дод. Аммо Гулнисо аз пойгаҳ ҷой гирифт. 
– Қатламаатро пухтӣ? Ё боз бо бачаҳоят овора шуда вақт наёфтӣ? – ғайричашмдошт пурсид Ашургул. Занҳо ҳама хандиданд. 
– Пухтам, пухтам, – сохтакорона табассум кард Гулнисо. Худро дар он давра ноҳинҷор ҳис кард ва баъди чанд дақиқа бо баҳонаи он ки бачаҳояш аз мактаб бармегарданд, кӯдакашро ба бағал гирифту он ҷоро тарк кард...
Рост гуфтаанд, одамизод ба бурду бохти ҳаёт, норасоӣ ва даву този рӯзгор, тарбияи фарзандон сабр мекардааст. Гулнисо рӯзи вафоти падарашро ба хотир овард. Ба вай хабар дер расид, дурии роҳ нагузошт, ки саривақт рафта расад. Дидори охирини падараш ба Гулнисо насиб накард. Ба ғайр аз доду фиғон аз дасташ ҳеч чиз наомад...
Солҳо гузаштанд. Ба гуфтаи дугонааш «зани бесаришта» бошад ҳам, фарзандонашро ба воя расонд. Онҳо дастёр шуданд, хонданд, соҳиби касбу кор шуданд. 
Ба қарибӣ писари хурдиашро хонадор карду Ашургулро хабар кард, аммо дугонаи тӯйгардаш  ба тӯй наомад. Азодор будааст, чанде пеш шавҳарашро ба хок супурда будаанд. Ба замми ин, писари ягонаю нозпарвардаи майзадааш бо ҷӯраҳояш гапаш гурехта, якеро корд задааст. Ва ҳоло дар ҳабс будааст. Зарбаҳои тақдир Ашургулро бистарӣ гардондаанд. 
Рӯзе Гулнисо ба хонаи дугонааш беморбинӣ рафт. Садои Гулнисоро шунида Ашургул чашмонашро кушод:
– Дугонаҷон, ин ту, кадом шамол парронд? Аҳволат хуб аст? – аз ҷояш нимхез шуд Ашургул. 
– Нороҳат нашав, дугона, нахез, – Гулнисо хам шуда дугонаашро ба оғӯш гирифт. Ҷисми лоғар, чашмони фурӯрафтаи ӯро дида дили Гулнисо ба ҳоли ӯ сӯхт. Тирезаҳоро кушод, бистару болини беморро ба тартиб даровард. «Бечора, дугонаам, болину бистар ва ҷойи хобаш чиркин шудаанд. Келинҳоямро мефиристонам, то хонаю дар, ҳавлиро рӯбанд, ҷомашӯйӣ кунанд...», – худ ба худ андешид Гулнисо. Ӯ дасторхон паҳн кард, табақи ош ва ду дона нони гармро, ки келинҳояш пухта буданд, ба рӯйи он гузошт. 
– Дугона, гир, дар гармогармияш хӯр. Арӯсон пазандаю сариштакор. Ман акнун дастамро ба оби хунук ҳам намезанам.
Баъди таомро бо иштиҳо хӯрдан Ашургул дил кафонд:
– Дугона, ба ту ҳавасам меояд. Фарзандони боодобу меҳнаткашат дар атрофат парвона. Писари ягонаам маро обу адо кард. Оқибати нозпарвар калон кардан хуб набудааст. Шавҳари духтарам ҳам намегузорад, ки зуд-зуд омада хабар гирад. Аҳволамро бин, 80 сола кампир барин шуда мондам. 
– Ғам нахӯр дугона, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Худо хоҳад писарат меояд, дилу хотират ҷамъ мешаванд, – дилбардорӣ кард Гулнисо.
Ашургул оби дидаашро, ки рухсораи пурожангашро мешуст, оҳиста пок кард. Зери чашм ба дастони бақувват, чеҳраи зебо, куртаи одии гулдор ва рӯймоли ҳошиядори дугонааш нигариста пичиррос зад:
– Дугона, ба ту ҳавасам меояд...

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: