Президент фаъолияти ҳунармандонро дастгирӣ намуд

  • Президент фаъолияти ҳунармандонро дастгирӣ намуд

Президент Шавкат Мирзиёев ба корхонаи оилавии «Уста Юсуфжон наққош»-и ноҳияи Фурқати вилояти Фарғона ташриф овард.

Сардори корхона Муҳаммадалӣ Юнусов давомдиҳандаи сазовори анъанаҳои мактаби миллии кандакорӣ мебошад. Ҳунарҳои ӯ бисёр мақбараҳо ва маҷмӯъҳои нави мамлакати моро зинат додаанд. Вай ба унвони Устои халқии Ӯзбекистон сазовор шудааст.  

Дар эҷодиёти Муҳаммадалӣ Юнусов сабкҳои «паргорӣ», «шарафа», «муқарнас» ва «ислимӣ» бартарӣ доранд. Сутунҳои кандакорӣ, стул, табақ, сандуқҳо ва дигар маснуоти усто ҳамеша серталаб  аст.

Устод шогирдони зиёде дорад. Аз ин рӯ, ширкат васеъ, бинои нав сохта мешавад.

— Сипосгузорам, ки мероси ниёгонамонро ҳифз намуда, ба насли наврас мерасонед ва ҷавононро бо ҷойи кор таъмин мекунед, — гуфт Президент. — Бояд ин навъҳои ҳунарро боз ҳам тарғиб кард. Дар онҳо ҳам фарҳанг, ҳам маърифат ва ҳам иқтисодиёт ифода ёфтаанд.

Сарвари давлат дар паҳлӯи ин корхонаи оилавӣ бунёди мактаберо муҳим арзёбӣ кард, ки дар он дар баробари ҳунарҳои мардумӣ риёзиёт, геометрия, физика ва химия амиқ таълим дода мешавад. Супориш дода шуд, ки дар Тошканд, Самарқанд, Хева ва Бухоро чунин марказҳои кандакории чӯб ташкил карда шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: