ҚАДАМҲОИ НАВБАТИИ МАҚСАДНОКИ «ПЕШВОЁНИ АДОЛАТИ ГЕНДЕРӢ»

Чунон ки маълум аст, дар назди Сенат ҷамоаи «Пешвоёни адолати гендерӣ» таъсис ёфтааст.

Аз таъсиси ин ҷамоа вақти зиёд нагузаштааст, вале онҳо дар самти баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, баробарии гендерӣ ва оила лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ кардаанд.
Аз ҷумла, узви ин ҷамоа Илҳомҷон Роҷибоев дар «Барномаи таълими забони куриёии соли 2022», ки аз ҷониби Донишгоҳи «Soonchunhyang»-и Куриё ва Мактаби шоҳ Сеҷонг 1  дар Тошканд ташкил шуда буд, фаъолона иштирок намуда, бо шаҳодатнома ва туҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардид. 
Узви дигари команда Акмалҷон Давронов дар байни маҳаллаҳои вилояти Андиҷон мусобиқаи футболбозӣ ташкил намуд. Ҳамин тавр, зиёда аз ҳазор нафар ҷавонон фурсати истироҳати худро пурсамар гузаронданд.
Инчунин, Маҳлиё Беккамова, ки аз вилояти Сурхондарё ба ҳайати даста интихоб шудааст, фаъолияти худро дар ислоҳоти густурдаи кишварамон ва маҳорати роҳбарии худро дар чорабиниҳои гуногун нишон медиҳад.
Дар чорабиниҳое, ки таҳти шиори «Ислоҳоти конститутсионӣ бо нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, барои аксари ҳамсолонаш намунаи ибрат буд.
Муборакхон Ҷӯрабоева, узви ин даста аз Фарғона, фаъолияти худро дар ислоҳоти ба дастгирии занон нигарондашуда ба роҳ мондааст. Моҳи июли соли равон бо ташаббуси ӯ дар шаҳри Қӯқанд «Форуми духтарони пешво» баргузор гардид. Дар ин форум ба баланд бардоштани донишу малакаи ҷавондухтарони пешво эътибор дода шуд.
Дар баробари ин дигар аъзоёни ҷамоа низ дар ҳудудҳои худ фаъолона меҳнат мекунанд. Шумо метавонед навгониҳои самти мазкурро аз сомонаи расмии Сенат мушоҳида кунед. 

Хидмати иттилооти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: